ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАРХӮРДИ ДУ МОШИНИ ТАКСИ ДАР НАТИҶАИ САБҚАТ (“ОБГОН”) ВА “ПОВОРОТ” Ё ГАРДИШИ НОДУРУСТ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  ҳодисаи ба ҳам бархӯрдани ду мошини такси дар пойтахти Тоҷикистонро, ки аксҳояш дар Интернет паҳн шуда, вокунишҳои зиёдеро пиромуни чӣ гуна мошин рондани таксиронҳо ва бозӣ кардани онҳо бо ҳаёти муштариёнашон ба бор овард, шарҳ дод. Милитсия гуфт, ин садама дар натиҷаи сабқат (обгон)  ва гардиши нодуруст рух додааст.

Милитсияи Душанбе гуфт, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи ду мошини такси нашр гардида, боиси ба миён омадани вокунишҳои шаҳрвандон аз сатҳи пасти хизматрасонии «такси» гардидааст.  Милитсия бо изҳори таассуф мегӯяд, ҳарчанд ки аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия ва дигар масъулини соҳа ҷиҳати пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирбарӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои пешгирикунанда гузаронида шавад ҳам, вале ҳамоно ҳастанд баъзе аз ронандагоне, ки одитарин аломат ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар натиҷаи сабқати нодуруст ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.

Ба иттилои РВКД Душанбе, санаи 24 июли соли 2023, тахминан соати 14:20, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай Элантра», рақами қайди давлатиаш 66 60 ТТ 05, Салимов Баҳриддин, ки аз кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Нисор Муҳамммад ҳаракат мекард, зимни сабқат ва гардиши нодуруст намудан, ба мошини тамғаи «Киа-Рио» рақами қайди давлатиаш 25 24 ТТ 09, таҳти идораи шаҳрванд Ҳаққулов Фарҳод, ки аз тарафи кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Беҳзод бо роҳи асосӣ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар чароҳати ҷисмонӣ набардоштааст, аммо ҳар ду воситаи нақлиёти мусофирбар зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.  Милитсия гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button