Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ СОКИНОН ДАР МАРЗИ ИСФАРА БО БОДКАНД

Шоми 24 июли соли 2023 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон боз як муноқиша рух додааст. Дар пайи як занозанӣ дар марз сокинони деҳаи қирғизнишини Кӯктош роҳи Ворух – Хоҷаи Аълоро бастаанд. Ин  ягона роҳест, ки ҷамоати дар даруни қаламрави Қирғизистон дар муҳосира мондаи Ворухро бо Исфара ва Тоҷикистон мепайвандад.

Ҷониби Тоҷикистон – на шаҳрдории Исфара ва на Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ –  то ҳол ин қазияро ягон шарҳ надодаанд, вале Хадамоти марзбонии умитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шоми 24 июл бо нашри як иттилоия хабар дод, ки пеши роҳи мошини шаҳрвандони қирғизро бастани шаҳрвандони Тоҷикистон сабаби муноқиша шудааст.

Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, сокинони деҳаи қирғизнишини Оқсой Д.Ж. ва Д.А. бо мошини худ аз роҳи Оқсой – Кӯктош ҳаракат доштанд. Ҳамзамон бо онҳо як корвони иборат аз 8 мошини шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо ҳамин роҳ аз самти ҷамоати Ворух ба тарафи Хоҷаи Аъло раҳсипор будаанд. Марзбонони қирғиз иддао доранд, ки гӯё дар мавзеи Дача шаҳрвандони тоҷик бо мошинҳои худ пеши роҳи шаҳрвандони қирғизро гирифтанӣ шудаанд ва дар ин замина байни онҳо муноқиша рух додааст.

Ҷониби Қирғизистон меафзояд, ки аз ин ҳодиса хабар ёфта, корманди милисаи қирғиз ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст, вале сокинони Хоҷаи Аъло ба ӯ ҳамла карда заданӣ шудаанд ва як оинаи қафонамои мошинашро зада шикастаанд. Ин милисаи қирғиз ба ҳар сурат тавонистааст ба мошинаш нишаста, аз онҷо фирор кунад.

Дар пайи ин ҳодиса музокироти намояндагони масъулони қитъаҳои Исфара ва Бодканд дар ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст.  Марзбонони Қирғизистон аз сокинон хостаанд, ки ба воҳима дода нашаванд ва дурустии ҳар хабареро, ки ба гӯшашон мерасад,  аз мақомти расмии давлатӣ бипурсанд.

Дар ҷои ҳодиса чорабиниҳо барои оддӣ сохтани вазъ идома дорад.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button