Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОН ДИГАРБОРА ЗЕРИ ХОКБОРИШ Ё “БОДИ АФҒОНӢ” МЕМОНАД

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 25 июли соли 2023 ҳушдор дод, ки рӯзҳои 25-28 июли соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Зарфшон ва Вахш баландшавии сатҳи об пешбинӣ шуда, инчунин рӯзҳои 25-27 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) фурӯ рехтани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Ҳамин тавр, рӯзҳои 28-29 июл дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТҶ, ш.Душанбе ва баъзе ноҳияҳои ВМКБ бо сабаби омилҳои метеорологӣ – чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) аз эҳтимол дур нест. Ин ба маъноест, ки рӯзҳои 28-29 июл манотиқи марказ, ҷануб ва шарқи Тоҷикистонро ба эҳтимоли ғолиб дигарбора хокбориш ё “боди афғонӣ” зер мекунад.

Хокбориш ба саломатии бархе аз одамон таъсири манфӣ дорад. Ҳавои пур аз чангу ғубор ба пиронсолону кӯдакон, беморони дилу рагҳо таъсири номатлуб дошта,  ба хусус барои бемороне, ки аллергия доранд, ҳамчунин ба гирифторони бемориҳои роҳи нафас, бавижа барои онҳое ки астма доранд, хатарнок аст.

Ба ин тоифаи сокинон табибон тавсия медиҳанд, ки дар чунин боду ҳаво ба кӯча камтар бароянд, дару тирезаҳои хонаҳои худро маҳкам бипӯшаенд ва ҳавои хонаву ҷои кори худро намнок нигоҳ бидоранд. Дар сурати ба кадом зарурате ҳатман ба кӯча баромадан, ба сокинони осебпазир пӯшидани ниқоб тавсия дода мешавад. Табибон маслиҳат медиҳанд, ки ниқобро тар кунанд.

Дар сурати пеш омадани зарурат ба ёрии тиббӣ шаҳрвандон метавонанд ба хадамоти ёрии таъҷилӣ бо рақами 103 занг зананд. Ин рақам барои ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон амал мекунад ва зангаш ройгон аст.

Шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе метавонанд ҳамчунин ба ин рақамҳо занг зананд:

Мошини ёрии таъҷилии бемористони «Истиқлол» – 2341116 / 2341119

Шӯъбаи ёрии таъҷилии дармонгоҳи Ибни Сино – (44) 6400102 / (44) 6400103

Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилӣ – 2213586 / 2213331 / 2273441.

Дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда ба ин рақамҳо занг занед:

ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73; 225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05; 2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60; 2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57; 2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72; 5-15-55.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button