ВидеоҲодиса

ҚАТЪИ ИНТИҚОЛИ ДОЛЛАРУ ЕВРО БА ТОҶИКИСТОН АЗ ТАРИҚИ “ЮНИСТРИМ”

Дафтари назорати ҳисобҳои хориҷии вазорати молияи Амрико рӯзи 20 июли соли 2023 ба зидди боз 5 бонки Русия таҳримот ҷорӣ кард. Дар байни онҳо бонки “Юнистрим” низ ҳаст. “Юнистрим” бештар бо шабакаи интиқоли пулаш маъруф аст ва дар пайи эълони таҳримоти Амрико, интиқоли асъори муҳими хориҷӣ, аз ҷумла доллару евро аз тариқи “Юнистрим” ба кишварҳои зиёд, аз ҷумла ба Тоҷикистон номумкин шудааст.

Дар сall-сентри “Юнистрим” ба нашрияи русии “Известия” тасдиқ кардаанд, ки алакай аз 21 июл интиқоли пул тавассути “Юнистрим” ба дастикам 5 кишвар: Гурҷистон, Туркия, Юнон, Қибрис (Кипр) ва Исроил номумкин шуда,  дар Тоҷикистону Ӯзбекистон пулҳои аз тариқи ин шабака фиристодашударо дигар бо доллару евро намедиҳанд.

Дар “Юнистрим” гуфтанд, ки дар кишварҳои дигар ҳанӯз мушкил надоранд. Вале ахиран аз Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистон дар бораи ҷиддан маҳдуд шудани интиқоли пул аз тариқи “Юнистрим” хабарҳо ба даст расиданд ва тавре ба назар мерасад, ин шабака дар кишварҳои дигари асосӣ дар бозори пулфиристӣ аз Русия низ дучори мушкил шудааст.

 “Юнистрим” дар баробари “Золотая корона” ва “Contact” дар ҷумлаи се ширкати бузургтарин дар бозори пулфиристӣ аз Русия қарор дошт ва баъди онки Бонки миллии Тоҷикистон ба “Золотая корона” барои идомаи интиқоли пул ба Тоҷикистон иҷозат надод, маҳз “Юнистрим” мавқеи пештози ин ширкати мардудшударо дар бозори пулфиристӣ аз Русия  ба Тоҷикистон, ки ҳаҷмаш дар сол аз ду то се миллиард долларро ташкил медиҳад, ба дасти худ дароварда буд.

Ва аммо акнун бархе бонкҳои Тоҷикистон низ ба далели таҳримҳои Амрико алакай интиқоли пул бо доллару евроро аз тариқи шабакаи “Юнистрим” манъ кардаанд. Чунин тасмим гирифтанашонро ба Аsia Рlus  дар “Спитаменбонк”, “Бонки Арванд”, “Бонки якуми молиявии хурд” ва ташкилоти хурди қарзии “Ҳумо” тасдиқ кардаанд. Ин бонкҳо гуфтаанд, интиқоли пул бо рубли русиро аз тариқи “Юнистрим” бидуни ягон мамониат қабул карда истодаанд.

Бонкҳои дигар ҳанӯз тасмими худро дар мавриди “Юнистрим” расман эълон накардаанд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон гуфтаанд, ки иҷозатномаи “Юнистрим” барои интиқоли пул ба ин ҷумҳурӣ то 27 феврали соли 2017 амал мекунад ва Бонки миллӣ ба ягон бонк ҷиҳати маҳдуд кардани амалиётҳо бо “Юнистрим” ягон машварат ё дастур надодааст, балки ҳар бонк дар масъалаи бо кадом асъор қабул кардану додани пулҳои интиқолӣ худаш мастақилона қарор қабул мекунад. Ва аммо дар Бонки миллӣ ҳам гуфтаанд, ки интиқоли пул бо рубли русӣ аз тариқи “Юнистрим” дар бонкҳои Тоҷикистон бидуни ягон мамониат ё мушкил анҷом дода мешавад. Қарори маълум, беш аз 90% аз ҷамъи умумии интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бо рубл сурат мегирад.

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ва кишварҳои дигар пулҳои коркардаи худро асосан тавассути бонкҳо ва шабакаҳои пулфиристӣ, аз ҷумла аз тариқи “Юнистрим” мефиристанд. Соли гузашта аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар пул интиқол дода шуд. Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button