ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

НАҶОТИ 2 КӮҲНАВАРД АЗ БРИТАНИЯ ВА 5 КӮҲНАВАРДИ РУС ДАР КӮҲҲОИ ШУҒНОНУ ВАНҶИ ПОМИР

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 25 июли соли 2023 ба Аsia Рlus хабар дод, ки наҷотбахшони ин кумита ду кӯҳнаварди солхӯрда аз Британияро дар кӯҳҳои ноҳияи Шуғнон пайдо карда, ҳамчунин 5 кӯҳнавард аз Русияро, ки дар кӯҳҳои Поймазори ноҳияи Ванҷ ба сабаби бемор шудани яке аз онҳо муҳтоҷи кумак шуда буданд, наҷот додаанд.

Ду шаҳрванди Британияи кабир – Майкл Алан Фоуйлери 67-сола ва Симон Эндрю Ятеси 60-сола бо мақсади фатҳи кӯллаи Патхор дар ҳудуди ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд, вале рӯзи 20 июл аз кӯҳ афтоданд ва бо телефони моҳвораӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо дархости кумак бонги изтироб ё сигнали SOS фиристоданд. Барои наҷоти онҳо 10 наҷотбахш аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон бо аспҳо ба ҷои ҳодиса раҳсипор шуданд.

 “22 июл наҷотбахшон бо занбар Майкл Алан Фоуйлерро ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон фароварданд. Гумон меравад, ки сутунмуҳраи Симон Эндрю Ятес шикаста бошад ва ба ин далел наҷотбахшон ҳамроҳи ӯ дар балоандии 4184 метр аз сатҳи баҳр дар пои қуллаи Патъхор истоданд. Ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд ва дар ҳоли ҳозир фаровардани ин кӯҳнавард идома дорад. Баъдан ин сайёҳони британиягиро бо чархбол ба Душанбе хоҳанд овард”, – хабар додааст Умеда Юсуфӣ.

Наҷоти кӯҳнаварди рус. Аксҳо аз КҲФ

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 22 июл як гуруҳи иборат аз 5 кӯҳнавард аз Русия барои фатҳи қулла ба мавзеи Поймазори ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадаанд, вале онҳо низ маҷбур шудаанд, ки барои кумак муроҷиат кунанд.

 “Ҳангоми фатҳи қулла яке аз кӯҳнавардон – Герман Яртсев  аз эҳтимоли авҷ гирифтани бемории пневмония шикоят кардааст. Дар пайи ин, роҳбари гуруҳ Яна Уляничёва барои кумак ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кард. Рӯзи 24 июл ҳамаи ин 5 кӯҳнавардро бо чархболи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оварданд. Яртсевро аз инҷо ба бемористони “Истиқлол” интиқол доданд ва ӯ ҳоло таҳти табобат қарор дорад”, – хабар додааст Умеда Юсуфӣ.

Ӯ аз ширкатҳои сайёҳӣ боисрор хостааст, ки хатҳои сайри кӯҳнавардону сайёҳон, бахусус дар кхҳистонро дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сабт кунанд. Умеда Юсуфӣ ҳамчунин аз сайёҳон хост, ки дар сурати сафар ба кӯҳистони мушкилгузар бо худ ҳатман ҳама лавозимоти даркорӣ, обу ғизо, дорувор, маякҳо ва телефонҳои моҳвораиро бигиранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 июли соли 2023 кӯҳнавард аз Беларус Дмитрий Гракович, ки мехост ба танҳоӣ қуллаи Исмоили Сомониро дар ҳудуди ноҳияи Лахш фатҳ кунад, аз як баландӣ сарозер шуда, ба сабаби шикасти се қабурғааш барои кумак муроҷиат кард. Ин кӯҳнавардро наҷотбахшон рӯзи 21 июл бо чархбол аз Лахш ба фурудгоҳи Айнӣ оварда, аз онҷо бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба шаҳри Душанбе ба бемористони “Истиқлол” интиқол доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button