Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАР МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН ЧОР СОКИНИ ВОРУХ ҶАРОҲАТ БАРДОШТААНД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як баёния, ки субҳи 25 июли соли 2023 нашр шуд, тасдиқ кард, ки нимаи дуюми рӯзи 24 июл, соати 17:30 дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух додааст.  Марзбонони тоҷик сокинони Қирғизистонро дар ин муноқиша айбдор карданд.

Бино ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, корвони иборат аз 8 мошини сокинони ҷамоати деҳоти Ворух барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат дошт. Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи Оқсой қатори мошинҳо шаҳрванди ҷумҳурии Қирғизистон, сокини ҷамоати Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG-ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои корвони тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад. Сипас аз мошин берун шуда, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад. Дар натиҷа, қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, ки баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ба муноқиша хотима дода шуд.

Дар хабар дар бораи масдуд шудани роҳи Ворух чизе гуфта нашудааст, вале сокинон гуфта буданд, ки ҳарбиён ва сокинони Қирғизистон баъди ин муноқишаи ахир ягона роҳ ба тарафи ҷамоати Ворухро барои чанд соат бастанд.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон муътадил аст ва комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд.

Қаблан Хадамоти марзбонии Қирғизистон сокинони деҳаҳои Воруху Хоҷаи Аълои Тоҷикистонро дар сар задани муноқишаи рӯзи 23 июл айбдор карда буд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button