Хабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ДУЗДИҲО ДАР БОЗОРИ “САХОВАТ” ВА МАҒОЗАИ “ГАНҶ”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24.07.2023

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми июни соли 2023, тахминан соати 16:40-дақиқа, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ, ки пеш бо моддаи 159 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “ФОТОН”, ки дар назди бозори “Саховат” беназорат меистод, 9 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи зани 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода ворид гардидааст, ки 19 ба 20-уми июли соли 2023, тахминан соати 01:30-дақиқа, марди 34-солаи сокини пойтахт бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг», ки арзишаш 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе моҳи апрели соли 2022, бо ҳамроҳии рафиқаш “Меҳроб” ном шахс бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи «Ганҷ», ки ба марди 33-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, даромада, аз хазинаи мағозаи мазкур 12 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Барои муайян ва дастгир намудани “Меҳроб” ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот давом дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button