ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДУ ТИРИ ТАСОДУФӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАМАРО БА ТАШВИШ ОВАРД

Рӯзи 23 июли соли 2023 дар посгоҳи “Плотина” дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дигарбора садои тир баланд шуда, боиси нигаронии сокинону мақомот дар ҳарду тарафи марз шуд. Хушбахтона, маълум шуд, ки нигарониҳо дар  бораи муноқишаи нави марзӣ асос надоранд ва ду тирро як марзбони тоҷик ҳини холӣ кардани силоҳаш тасодуфан шиллик кардааст.

Аммо ин ҳодиса то чӣ андоза осебпазиру ҳассос боқӣ мондани вазъ дар марзи начандон ороми байни Тоҷикистону Қирғизистонро намоиш медиҳад, ки ҳатто як тири тасодуфӣ  дар ин марз низ метавонад мояи нигарониҳои ҷиддӣ дар ду тараф шавад.

Ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодааст, вале раёсати иттиллоот ва робитаҳои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 24 июл дар як баёнияи вижа изҳор дошт, ки видеои рӯзи 23 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бораи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон асос надорад.

Бино ба иттилои ҷониби Қирғизистон, рӯзи 23 июл аз посгоҳи “Плотина”, ки ба Сарраёсати қӯшунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон марбут аст, ду садои тир баланд шудааст. Посгоҳи “Плотина” дар марзи Исфараи Тоҷикистон бо ноҳияи Бодканди вилояти ҳамноми Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Ҷониби Қирғизистон гуфт, “билофосила худи ҳамин рӯзи 23 июл мулоқоти намояндагони марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон доир шуд ва ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки як сарбози қӯшунҳои марзбонии ин кишвар ҳангоми холӣ кардани силоҳаш тасодуфан ду тир шиллик кардааст. Касе осеб надидааст”.

Ду ҷониб дар ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба ташкили ҳифозати қитъаҳои мушкили марз ва зарурати кор бо сокинони деҳоти наздимарзӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани хабарҳои фейк ё бардурӯғро, ки метавонанд ба ҳолатҳои низоъбарангез биоранд, баррасӣ кардаанд.

“Билофосила баъди ин мулоқот, сардори дидбонгоҳи марзбонии Қирғизистон бо як шаҳрванди ин кишвар, ки дар бораи тирпаронии тасодуфӣ видео гирифта буд, суҳбат карда, ба ӯ воқеияти ҳолро фаҳмонд, Вале бо вуҷуди ин, ин шаҳрванд видеояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард”, – гуфта мешавад дар шарҳи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ин ниҳод вазъ дар марз бо Тоҷикистонро ба ҳолати рӯзи 24 июли соли 2023 орому собит арзёбӣ карда, аз шаҳрвандони алоҳида хостааст, ки ахбори бардурӯғро паҳн накунанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button