ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АЗ ТАЪҚИБИ БДА МЕГУРЕХТ? ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР, АЗ ҶУМЛА СЕ КӮДАК ДАР ЯК САДАМА ДАР ЁВОНСӮ

Рӯзи 22 июли соли 2023 даор ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бар асари ба дарёи Ёвонсӯ чаппа шудани як мошини мусофирбар 6 нафар, аз ҷумла се кӯдак ҷон додаанд.

Ахиран сокинон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ин мошинро аз зери об берун овардаанд. Ҳакималӣ Боймуҳаммадзода, сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ҷомӣ рӯзи 24-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ҷасади чор нафар бо мошин пайдо шуд ва ҷасади ду нафари дигарро ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд.

Ҳамзамон таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад.

Як сокини ноҳияи А. Ҷомӣ бидуни зикри номаш ба Озодӣ гуфтааст, мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва шояд ҳангоми фирор бо суръати баланд  ҳаракат карда, ба садама дучор шудааст.

Дар вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи садамаҳои пурқурбонӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд.

Рӯзи 2 июли соли ҷорӣ бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар пурхатар дониста мешаванд. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам як нафар дар садама ҷон медиҳад.

Дар моҳҳои маю июни соли равон аз Тоҷикистон дар бораи ҳалокати дастикам 80 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳои дигар дар садамаҳо хабарҳо ба даст расида буд. Аз аввали моҳи июл алакай наздики 50 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button