ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ВИДЕО: ЯК ГУРУҲИ ҲАРБИЁНИ РУСРО АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ УКРАИНА ФИРИСТОДААНД

Сомонаи рӯ ба Кремли Readovka.news   видеои лаҳзаи бо автобусҳо гусел кардани гуруҳи ҳарбиёни русро нашр кардааст. Нашрия мегӯяд, ки дар ин видео лаҳзаи ҳамяроқони худро ба ҷанги Украина фиристодани ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон сабт шудааст. Дар сабт дида мешавад, ки ин гуруҳи ҳарбиёнро бо ҳуштаку кафкӯбӣ гусел карда истодаанд.

Мақомоти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ва ҳавзаи марказии артиши Русия, ки ин пойгоҳ ба ҳамин ҳавза марбут аст, то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд.

Расонаҳо дар бораи ба ҷанги Украина интиқол додани як қисми нирӯҳову техникаи ҳарбӣ аз пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон расонаҳо ҳанӯз соли 2022, баробари шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина хабар дода буданд. Лозим ба зикр аст, ки мақомоти Русия то ҳол ҷанги зидди Украинаро на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ меноманд.

Расонаҳои Украина як сол пеш аз ҷумла хабар дода буданд, ки  як корвони мошинҳои ҷангии пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Донбасс ҳадафи мушакборон қарор гирифта, торумор шуд. Аз маҳалли торумори ин корвон дар баробари ҷасадҳои кушташудагон китобчаҳои ба шакли брошюра ёфт шуданд, ки махсус барои сарбозони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон чоп шуда буданд. Дар ин китобчаҳо ба сарбозони ҳадафи “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина ва тарзи рафтори онҳо дар сарзаминҳои ишғолшуда фаҳмонда мешуд.

Радиои Озодӣ  моҳи сентябри соли 2022 хабар дод, ки бино ба маълумоти дарёфтиаш, тақрибан аз 1000 ош 1500 афсару аскари пойгоҳи 201 аз Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина сафарбар шудаанд. Манобеи пойгоҳи “Бомдод” мегӯянд, ҳарбиёни пойгоҳи 201 ба Украина ба сурати ротатсия бурда шуда, ҳар 4 моҳ иваз карда мешаванд. Яъне онҳое, ки 4 моҳ дар Украина ҷангиданд, ба маҳалли истиқрори доимиашон, яъне ба Тоҷикистон оварда мешаванд ва дар иваз аз инҷо гуруҳҳои нави ҳарбиёнро ба Украина мефиристанд.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо наздики 7 ҳазор афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи ҳарбии нирӯҳои хушкигарди Русия дар хориҷи он кишвар ба ҳисоб меравад. Ин пойгоҳ соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми тирандози савора таъсис ёфт ва соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон замони будубоши пойгоҳи Русияро якбора то соли 2042 тамдид карда, аз талаби пули иҷора барои ин пойгоҳ даст кашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button