ВидеоКоррупсия

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БОЗДОШТИ УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ХУҶАНД ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА ДАР ДОХИЛИ МОШИНИ “БМВ” БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”-И 25 00 ОО 02

Сармуаллими риштаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Алиҷон Набиҷонов рӯзи 6 июли соли 2023 дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар дохили мошини шахсиаш, тамғаи “БМВ”, бо рақамҳои пурдабдабаи 25 00 ОО 02 ҳангоми аз як довталаб гирифтани пора ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД”, ки шоми 19 июли соли 2023 нашр шуд, хабар дод, ки устоди Донишгоҳи Хуҷанд  дар натиҷаи амалиёти муштараки милитсия ва додситонии вилоятӣ бо далели шайъӣ ба даст афтод.

Худи дастгиршуда ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои мақомот, муайян карда шудааст, ки Набиҷонов Алиҷон Мамадҷонович, соли таваллудаш 1987, бо ваъдаи ба воситаи шахсони мансабдори соҳаи маориф, аз ҷумла масъулони мактабҳои олӣ ба риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат дохил кардан аз як довталаб аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҳамчун пора 8 ҳазор сомонӣ (беш аз 700 доллар) талаб кардааст.

Дар сабтҳои фаврӣ, ки дар гузориши телевизионӣ намоиш дода шуд, дида мешавад, ки Набиҷоновро билофосила баъди дар дохили мошинаш, тамғаи “БМВ” гирифтани пул аз он довталаб дастгир мекунанд ва ӯ дар пеши чашми кормандони мақомот пулҳои гирифтаашро аз паҳлуи курсии пеш гирифта, ба онҳо нишон медиҳад.

Устоди донишгоҳи Хуҷанд дар бозпурсии аввалин, ки дар ҷои гирифтани пора, яъне дар дохили мошинаш анҷом шуд, иқрор мекунад, ки “барои буд кардани кораш”, яъне дохил кардан ба донишгоҳ дар ҳақиқат аз довталаб 8 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Акбар Шарифӣ гуфт, Набиҷонов рӯзи 6 июл дар “шароити идорашавандаи фаврӣ” ба даст афтод. Ин ба маъноест, ки довталаб аз пеш мақомотро дар бораи аз вай пора талаб кардани ин устоди донишгоҳи Хуҷанд хабардор карда, дар ҳамоҳангӣ бо онҳо амал кардааст, то Набиҷонов бо далели шайъӣ, яъне пули ҳамчун пора гирифтааш ба даст биафтад.

Ба зидди муаллим бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷаримаи ҳангуфт ё то чанд сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Низоми маориф дар Тоҷикистон яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад. Баъди ба Маркази миллии тестӣ вогузор кардани масъулияти қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ мавридҳои гирифтани пора аз довталабон зоҳиран камтар шуд, вале то ҳол ҳар мавсими дохилшавӣ дар бораи боздошти чандин нафар барои гирифтани пора дар ивази ваъдаи ба мактабҳои олӣ дохил кардани довталабон хабарҳо нашр мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар миёни чор дарё “каммаошам” кардаӣ,
    Боз мегӯйӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош!
    Маоши яксолаи устоди донишгоҳ ҳашт ҳазор сомонӣ аст, айб аст, ки порра нагирад, маошашро баланд кунед, як кони тиллоро дар ихтиёри устодону омӯзгорон бигузоред, порра худ ба худ маҳв мешавад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button