ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ШАСТИ ЗИНДАГИИ СИЁВУШ, РОМАНТИКТАРИН ШОИРИ ТОҶИК

Боварнокарданист, вале Сиёвуш Ҷунайдӣ (Маҳмадалӣ Ҷалилов), шоири тоҷики навгӯву романтик ва қалбан ҳамешаҷавон ба синни мубораки 60 расид. Маҳфиле расмӣ ва ботантана ба шарафи ҷашни ин Шоир, ки шеъраш дар зиндагиаш ба хазинаи тиллоии адабиёти ғании форсу тоҷик пайвастааст, ороста нашуд, касе нӯшбоде дар ҳаққаш нагуфт. Ҷашни Сиёвуш мисли беш аз ними умри ӯ, ки ҳама дар ғурбат тай шуд, низ дар мулки мусофират, бидуни ҳамҳамаю дамдама ва хоксорона гузашт. Вале мутмаинам, ки сари суфраи ҷашни Сиёвуш ҳатто як нафар ҳам омада бошад, ин ҷашн ҳатман хеле зебову нотакрор ва романтику мондагор гузаштааст. Мисли шеъри ӯ,  ки ҳама хеле зебову нотакрор ва романтику мондагор аст!

Сиёвуш 20 июли соли 1963 дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Қӯрғонтеппа, ки баъдҳо ба Коммунистӣ, сипас ба Бохтар ва ахиран ба Кӯшониён табдили ном кард, ба дунё омадааст. Соли 1985 риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда ва дар шаҳри Ғӯрғонтеппа як муддат дар Маркази вилоятии омӯзиши фарҳанги мардум  ва сипас ба ҳайси ёвари коргардони таҳиягари театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардааст.

Аввалин шеърҳои ӯ дар миёнаҳои солҳои 80 дар нашрияҳои даврӣ ба чоп расиданд ва соли 1989 чанд шеъри ӯ дар маҷаллаи муътабари адабии “Садои Шарқ” ба нашр расиданд, ки як шеъри пурғӯлғӯлааш “Мотсарт. Симфонияи зиндагӣ” буд:

Дидам, ки марг нест,

Дидам, ки марг нест.

В-оне ки марг ном-ш ниҳоданд, зиндагист!

Соли 1990 театри Қӯрғонтеппа драмаи Сиёвушро бо номи “Фариштаҳо” ба саҳна гузошт ва ҳамон сол нахустин китоби ашъори ӯ бо номи “Чашмаи савоб” ба чоп расида, соли 1991 Сиёвушро ба узвияти Иттиҳодияи нависандагони СССР пазируфтанд.

Дар дил ҳазору як нақшаву орзуву ормон дошт, ки соле баъд, дар ҳоле ки ҳанӯз 30 сол ҳам надошт, ватанаш Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафт. Яке аз нуқтаҳои аз ҳама доғи ин ҷанг ноҳияи зодгоҳи ӯ Бохтар буд ва шаҳри Қӯрғонтеппа, ки онҷо кору эҷод мекард.

Сиёвуш мисли даҳҳо ҳазор аз ҳамватанон ба хотири наҷот аз оташи ҷанг ҷилои Ватан кард ва дигар аз соли 1993, инак 30 соли тамом дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба сар мебарад.

Шоири бузурги мо Мӯъмин Қаноат дар як суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо Сиёвушро яке аз маҳсустарин қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ном бурда буд: “Аз аҳли адаб аз миёни носирон Баҳманёру Муҳаммадзамон сахт ҳайф шуданд ва аз шоирони мо Сиёвуш. Ману Лоиқ ва Гулрухсору Бозор ба ҳар сурат, алакай чанорҳои решадор будем.Албатта, муддате аз нумӯъ мондем, вале нахушкидем. Аммо инҳо (Баҳманёру Муҳаммадзамону Сиёвуш) ҳама навниҳол буданд, ки аз ҷои табиияшон бо реша канданд ва дар биёбоне беоб партофтанд. Ҷанг бахусус ба қалби хеле нозуку пурэҳсоси Сиёвуш зарбаҳои ҷонкоҳ зад. Ҳар боре ки Бишкек меравам ва Сиёвушро мебинам, дилам барояш об мешавад…”

Сиёвуш баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ ҳам дар Қирғизистон монд ва ба фарқ аз Рустами Ваҳҳоб, ки чандин сол бо ӯ дар Бишкек буд, ба Ватан барнагашт…

Зодрӯз муборак, Шоири Романтики мо!

ҒАЗАЛЕ ШАНГУЛ

Ҳала! Эй шангули мастон! Ҳама ҳастанд ҳанӯз?

Ҳама дар Чамбули Мастон? Ҳама мастанд ҳанӯз?

Боварам нест… Худоро, ту паёме бифирист,

В-арна ин деву шаётин бифиристанд ҳанӯз.

Ту паёме нафиристодиву омад дигаре,

Гуфт: “Он ҷо ба азои ту нишастанд ҳанӯз!”

Гуфт: “Ту мурдиву аз ёди касон маҳв шудӣ!

Ҳама овоза чунин будаву ҳастанд ҳанӯз!”

Ҳала! Эй Чамбули Мастон! Ҳала, эй шангули маст

!Боварам нест! Магар масти аластанд ҳанӯз?

Ман ба ёрони худам бовару ишқам сари ҷост,

Ман сари ҷостам! Онҳо, ки наҷастанд ҳанӯз?

Мушкил он нест, ки аз ёди касон маҳв шудам,

Мушкил он аст, ки дар ёди ман астанд ҳанӯз.

Сабзаву гул ҳама пажмурду дарахтон боқист,

Бехабарҳои чаман! Рахт набастанд ҳанӯз?!

Дӯш дар маҳфили мо аз ғами худ гуфт яке,

Чи майе буд, ки ёрон ҳама мастанд ҳанӯз?!

Сару дил аз ману он санги маломат зи шумо,

Чи хуморест, ки мардум нашикастанд ҳанӯз.

Аҷаб аз синаи бози ману тири ёрон

Андар ин синаи хаста набихастанд ҳанӯз.

Дари масҷид, ки бубастанд, Худоё, аҷаб аст,

Ту писандидиву ин маърака ҳастанд ҳанӯз!

Он яке пурсид аз ман. Зи ки ман пурсам боз

Магар он ҷо дари майхона набастанд ҳанӯз?

Чун парастем Туро?! Эй, ки Худойӣ! Лекин

Ки ба ҷоят ҳама инҳо бинишастанд ҳанӯз?!

Ба дилу дидаву дидор надиданд Туро,

Худпарастанд ҳанӯз! Худпарастанд ҳанӯз!

Мушкил он нест, ки аз ёди касон маҳв шудам,

Мушкил он аст, ки дар ёди ман астанд ҳанӯз.

Ба баландит қасам! Эй, ки Худоиву Баланд!

Ҳама пастем ҳанӯз! Ҳама пастанд ҳанӯз!

НА ҒИЗОЛУ НЕ ҒАЗАНФАР

Ба шумор дар наёяд ғаму ғуссае, ки дорам,

Ки ба як нузули мужгон ду ҳазор қатра борам.

Ба ҳазор қатраи ғам бичакад дил аз нигоҳам,

Ту ба он гумонӣ шояд, ки ситора мешуморам.

Ту сабук чу бод магзар зи сари дарахти пирам,

Чу ба пайкарам бупечӣ ба қадат шукуфа борам.

Чи тавозунест мавзун, ки Худо нигоҳ-ш дорад-

Ту сабур ҳамчу сангиву чу мавҷ беқарорам.

Камаке чу санг биншин, ба виқору сабру тамкин

Ки сари гарони худро сари синаат гузорам.

Камаке ба ман сухан гӯ зи ҷаҳону ҳар чи дар ӯ

Ки ба муддати замоне хабаре аз он надорам.

Хабаре аз он надорам, назаре ба ин набинам

Ба Яке супурдаам дил, ки ба ону ин чи корам?!

Ба Яке супурдаам дил, ки варойи ину он аст,

Ман варойи ину онҳо чӣ кунам, Варо надорам.

Зи ду олам ар гурезам, ба ҳамон Яке асирам

Ба ҳамон Яке, ки аз рӯзи азал Варо шикорам.

На ғизолу не ғазанфар на мусалмону на кофар,

Чи кунам? Чи чора созам? Ба чунин диле, ки дорам?

Зи нигаҳ ситора борӣ! Чи балойе! Чи балойест!

Ту маро нигаҳ надорӣ! Ман куҷоям, ин чи ҷойест.

Чу хамӯш бинӣ моро, нахӯрӣ фиреб эй дӯст,

Ки дар ин сукут бинҳуфта садойи бе садойист!

Ту ба тарфи мо гузоре, ки бифаҳмӣ аз гузаштан,

Ту ба чашми мо нигоҳе, ки бидонӣ моҷаро чист!

Чу дили булурии мо ба шикастан ошно шуд

Дигар аз ғами шикастан чу қадаҳ зи бода холист.

На бимонӣ, на наёӣ, ки ба н-омадан-т нозам,

На гурезӣ на гузорӣ, ки гурезам. Ин чи расмест!?

Ин чи расме? Ин чи расме, ки на Ислом на Куфр аст

Ин чи ҳоле?! Ин чи ҳоле, ки на васлу не ҷудойист!

Ба кадом пойи чолок зи дасти ту гурезам?

Ки на Марг метавонад зи туам раҳонд, не Зист!

Ва туро ба хок бо худ бибарам. Чу бе ту мирам

Ки дилам ҳама пур аз туст! Дастам арчи холист.

Ман Сиёвашам. Худоро! Ҳама оташам. Худоро!

Ту ба отшам наяфган, ки ҳамин баром кофист.

Хама оташам, Худоро! Дилу саркашам Худоро!

Чу хамӯш бинӣ моро ту дар ин Сарочаи зист,

Нахурӣ фиреб, эй Дӯст, ки боядам нишастан,

Чу дар ин диёр якбор ҳазор фитна бархест!

АР ИН ВАҲШАТСАРО ЭЙ ДӮСТ

(Эҳдо ба дӯст ва бародарам баройи Боҷон Шафеъ)

Биёяд боварат, ё на ман аз ин ҷо наям, эй дӯст

Намедонам киям оварда бар ин хокдони дун,

Ҳамеша саҳми ман ин аст чун хуршеди танҳогард

Расидан то шаби танҳоиву хуфтан миёни хун.

Дар ин зулматсаро, эй Дӯст дилгирам!

На Саҳройе, ки сар бар доманаш бигзораму гирям,

На Дарёе, ки худро маст дар оғӯшаш андозам.

На як Шайхе, ки аз худ бигзарам бо Хатти иршодаш,

На як Шӯхе, ки бо ӯ бедилу девона дил бозам.

Дар ин ғурбатсаро, эй дуст танҳоям!

Ва аммо ту! Бигӯ охир, ки охир аз куҷойӣ ту

Чихел астӣ? Читӯр астӣ? Царангӣ ту?! Саройи ту?!

Ман аз ин ҷо наям! Аммо ту охир аз куҷо ҳастӣ

Ту оё Ошнойӣ? Ношиносӣ? Бехудойӣ? Бо Худойи ту?!

Дар ин ғурбатсаро, эй дуст танҳоям!

Шаб обистан бувад, аммо кӣ медонад, кӣ медонад,

Ки ин Золи Сияҳпистон дигар фардо чӣ мезояд?!

Ҷахон дар интизори талху мағшуше гирифтор аст

Ғуборе рӯйи раҳ бархостаст…

Аммо…

Кӣ меояд?

Дар ин ваҳшатсаро, эй дӯст…

ҒАЗАЛИ ШАБИ ЯЛДО

Ялдо. Наё имшаб дигар. Ялдо наё, эй ёр!

Ялдотарин Ялдо бувад ҳар шаб маро, эй ёр!

Ялдо! Магӯ, аз ранҷи торикӣ. Магӯ, дигар

Ҷонам чи торик аст бе нури Худо, эй ёр!

Ялдо! Ба ҷони ту қасам! Ҷонам, ки ҷонам нест,

Ман мурдаам. З-ин пештар. Садсолаҳо. Эй ёр!

Ториктар аз умри ман шояд ҳамон гӯр аст,

Гӯре, ки ҳар шаб бинамаш дар хобҳо, эй ёр!

Ялдо наё! Ялдо, бирав! Ялдо! Бимон бо ман

Бо ман магӯ “Рафтан куҷо!? Мондан куҷо!?”. Эй ёр!

Имшаб намехоҳам туро! Имшаб намехоҳам!

Инак маро бигзору бигзар аз бало, эй ёр!

Бигзору бигзар! Рав ба он ҷойе, ки хоҳандат

Моро ҳавола бар Худо! Моро раҳо! Эй ёр!

Моро раҳо кун дар бади ин ҳодиса танҳо

Худро раҳо кун аз шар(р)и ин моҷаро, эй ёр!

Дасти ману домони ту, Ялдо! Маро магзор,

Магзору магзар, аз Куҷо то Нокуҷо, эй ёр!

Андар гиребони худам, ки мерасад дастам

Кӯтаҳ шуд ар аз домани сабзи Худо, эй ёр!

Сар монаму гирям ба рӯйи домани ин барф

Ин барф, барфи тоза бар деринсаро, эй ёр!

Ин барф! Барфи тоза бар ин кӯҳнагӯри ишқ

Меборадам бар сар чу пайғоми қазо, эй ёр!

Сар монаму мирам ба рӯйи мадфани имшаб

Ялдо! Биё имшаб, биё! Ялдо биё, эй ёр!

ГУЛРУХСОР

Эй зи ҳама набудаҳо, будаи бебақои ман,

Эй зи ҳама нарафтаҳо, рафтаи бебаҳои ман,

Шиҳа намекашад дигар Рахши дилам барои ту,

Шӯъла намедамад дигар аз нафаси ҳавои ман.

Барқ намезанад маро аз шарари нигоҳи ту,

Раъд наметапад дигар дар садафи садои ман.

Нағма будам, захма будам, навҳа будам бароиту,

Нур будӣ, сур будӣ, сура будӣ барои ман.

Ишқи ту буд баҳри ман он чӣ надошт ҳич кас,

Ишқи ту ҳаст, войи ман, ҷоизаву ҷазои ман.

Аз ҳама буда ҳеч монд, ҳарзаи ларзапеч монд,

Нози набуда будан аст гиряи хандаҳои ман.

Ёди маро намоз кун, умри маро дароз кун,

Мурдани ишқ саҳл нест, сода мабин азои ман.

Дидани ту барои ман дидани шамс буд, лек,

Дида набинамат дигар «Шамси ману худои ман!»

ЛАНТАРОНӢ

Ояе аз Қурон ва тарҷумааш ин аст,

“Ту маро нахоҳӣ дид!”

…Рӯзе суроғи ишқ мерафтам дар он ҷангал

Ҷангал, ки мепечиду мабелъид рӯҳамро,

Ман мепарешидам дар он зулматгаҳи золим,

Нури Аҳуро – орзуи пуршукӯҳамро.

Дар он сиёҳӣ, дар шаби торики рӯҳи худ

Мехондам оёти сапеду сабзи Қуръонро

То дар дили сарду сиёҳи хеш бишносам

Он Бовари бар ишқро. Он Нури имонро.

То нури Яздонрову торикии Шайтонро,

Дарёбам андар ин дили сарду сиёҳи хеш.

То дар паноҳи боли испеди Ту бисопорам

Ин ҷони саргардону бе пушту паноҳи хеш.

Рафтам зи Ту то он Туро дар хеш дарёбам

Рафтам ба сӯйи орзуям. Сӯйи он Бунбаст!

Раҳгум задам. Дар ҷангали торики чашмонат

Дар соярӯшанҳои роҳе саркашу сармаст!

Он орзу! Яъне, ки дидан андарон хилват

Он Ҳусни Мутлақро! Ҷамоли Ҷовидониро,

Бо гиря бар домони Тӯри Маърифат хуфтан,

Бишнидану мурдан каломи «Лантаронӣ!»-ро!

Парвоз карданд аз фарози шохаҳойи сабз

Он селаи мурғони ваҳшӣ он парешонҳо

Андешаҳойи саркаши ҳузну ҷунуни ман,

Он дар сари ман. Бар сари ман. Он парафшонҳо.

Парвонаҳойи ҷангалӣ… Сурху сапеду сабз…

Ҷангал ба рӯйи ҳасрати ман баргҳо мерехт.

Андешаи дунёи ҳичу маънии пӯчаш

Бар рӯйи ҳастияам халойи маргҳо мерехт…

ЛӮЛӢ ВА АСПИ ДУЗДӢ

(ғазал)

Ҷоно! Манат фарор зи фармон надоштам!

Ҷуз сӯзи Ту шарор ба шарён надоштам!

Лӯливаше будам, ки дар ин шаҳрҳойи ишқ

Ҷуз бӯйи ишқи дашт ба домон надоштам!

Бо асби дуздӣ омадам инак ба пеши Ту

Бар ман бубахш, ман сару сомон надоштам!

Дар кӯчаҳои шаҳри Ту велгард боди ёд

Ғайр аз таронаҳойи парешон надоштам!

Бо асби дуздӣ дав зада рафтам ба пеши ту

Ғайр аз худам рақиб ба майдон надоштам!

Бетарбият будам, ки дар он базми чашми Ту

Паймонаҳо шикаставу паймон надоштам!

Ман аз фишори шавқи Ту доман даридаам,

Бо ман нагӯ, ки поси гиребон надоштам!

Ошиқ будам, ки мавҷи ҷунун аз сарам гузашт,

Дар баҳр ғарқ тарс зи тӯфон надоштам.

Назри қабули луфи Ту дар боргоҳи авф

Ҷуз ашки сарбазери пушаймон надоштам.

Аз инзиво ҳавои Туам бурд бар бурун

Варна ҳавои сайри гулистон надоштам.

Дар ғурбати азими дилам, дар азиматам

Ҷуз ёди Ту, азиз, дар анбон надоштам.

Танҳо мусофире, ки дар он ғурбати абад

Мерафтаму хиёл ба поён надоштам.

Поёни он сафар. Сафари талхи пурхатар

Амнияти мусофирати ҷон надоштам.

Мавъуд сарзамин Ту аз ман набуду нест,

Бар ваъдаву ваъиди Ту имон надоштам.

Он ваъдаву ваъиди Туро медиҳам Туро

Дигар магӯ, магӯ сари паймон надоштам!

Дил доштам баҳойи ту. Нашнохтӣ. Дареғ

Ҷон хостӣ! Вале чи кунам, он надоштам.

Меҳан шиъор хосту дар шеъри ман надид

Дар базми давр бодаи арзон надоштам!

ҚАФАС НАОВАРДӢ?!

(ғазал)

Наомадӣ. Дили ман бозпас наовардӣ.

Ба мурда бе дилу бе ту, ҳавас наовардӣ.

Ба мурда бе дилу бе ту дар ин кавири ғариб

Садойи хандаи худро ҷарас наовардӣ.

Ба рӯйи хок, ба моҳӣ. Нафас-нафас мезад

Чу мавҷ сар назадӣ. Як нафас наовардӣ.

Ба осмон, ба паранда. Ба он қафасбардӯш

Ту ҳамнаво нашудӣ. Ҳамқафас наовардӣ.

Зипас фарори ту аз ман, фарор кард ҳама

Зибас наомадӣ. Оре. Зибас наовардӣ.

Ту будиву Ман буд. Ту рафтиву Ман нест.

Сипас бирафтиву он ҳам сипас наовардӣ.

Чи ношинос дар ин роҳи ношинос будӣ

Нигоҳи вопасе кардиву пас наовардӣ.

Ҳар он касеву касӣ буд, бо ту бирафт

Ҷаҳоне ин ҳама нокас. Ту кас наовардӣ?

Манам ки муртакиби сад ҳазор гуноҳ шудам

Ту бозчӯ нашудӣ. Бозрас наовардӣ

Манам ба боргаҳи зулми ту фитода ба хок

Ту додагар нашудӣ. Додрас наовардӣ.

Ту, эй рабуда маро аз ман! Ин ҳалолат бод!

Чаро имони маро бурдӣ?! Пас наовардӣ!

Чаро гузоштӣ бесоҳиб ин Замону Макон

Чаро Худойро ба Замин бозпас наовардӣ?!

Паранда мурд ба зиндон. Нафас-нафас мезад

Наомадиву варо ҳамнафас наовардӣ.

Паранда пеш зи мурдан ҳамора зам-зама дошт

Қафас наовардӣ?! Қафас наовардӣ?!

ТАМОМИ ҒАЗАЛҲО

Мехостам тамоми ғазалҳоро

В-он достону байту масалҳоро

З-ин кӯҳна дафтаре ки ҷаҳон номаш

Чун номаҳои ошиқи нокомаш

Чамъ оварам баёз кунам оре

Дар хилвати ту боз кунам боре

Дар хилвати гуноҳи нигоҳи ту

Дар он сукути хастаи оҳи ту

Дар оҳуи рамидаи чашмонат

Дар он паранда дар қафаси ҷонат

То посухи ду чашми ғазолатро

Мадҳушии ҳазорсаволатро

Хомӯшии ҳазорҷавобатро

Таъбири ваҳшатафгани хобатро

Садҳоҳазорсола саволатро

Он қилу қолу қавлу мақолатро

Ва посухи намози ғарибатро

Ва поси сабри сарду шакибатро

Дар ишқи ту гуноҳу савобамро

Дар васфи ту катибу китобамро

Садҳоҳазорсола шаробамро

Ин қатра ашк бодаи нобамро

Дар шаҳрҳойи ин ҳама девона

Дар даштҳои ин ҳама бегона

Дар манҷалоби ин ҳама ҳастиҳо

Дар инқилоби ин ҳама мастиҳо

Дар дуди бангу софии алкулҳо

Чун сӯфиёни ошиқу шангулҳо

Дар ибтидои гармии хилқатҳо

Дар он дурӯғи сарди ҳақиқатҳо

Дар ғорҳойи чилланишини ишқ

Ангорҳои марги яқини ишқ

Ангори он шаҳомати Яздонам

Пиндори он расолати Шайтонам

Печида дар ҳама рагу пайвандам

Масте шуда зи атр ва аз гандам

Ранҷидае зи хешпарастиҳом

Тарсидае зи ваҳшати мастиҳом

Мастонатар зи мастии ман дар ишқ

Бегонатар зи ишқи ватан дар ишқ

Чун тундбод аз бари ман рафта

Ва ҳарфи охаринш ба ман гуфта

Чун бӯйи гул аз ин чамани дар ту

Ин як мусофири ватани дар ту

Девонайе тамомии ҷонҳоро

Бегонанайе тамоми ҷаҳонҳоро

Гуфтам ба ӯ бирав вале инраҳтар

Ман низ меравам ба раҳе дигар

Ман меравам ба боли паранди ишқ

Бар дорҳои сарду буланди ишқ

Мансур мешавам ба сари дорат

Бо дардҳои гунг ва беморат

Фарҳод мешавам ба сари кӯҳат

Кӯҳи буланду саркаши андӯҳат

Мерезем аз муҳаббату аз кинат

Дар хобҳои хастаи ширинат

Аз теғаҳои саркаши пистонҳот

Чун нури маҳ ба рӯҳи шабистонҳот

Аз синаҳои гарму буланди ту

Ваз он тани паранда паранди ту

Чун як паранда ин ҳама ғамгинам

Меояму ба дасти ту меншинам

Дон мехурам зи хилвати дастонат

Маҷнун ҳамешавам ба шабистонат

Дар торикии рӯҳи биёбонат

Дар он намозу он қаду қоматҳо

Дар интиҳои сарди қиёматҳо

Дар он утоқҳои ғарибона

Даври учоқҳои чи бегона

Сирри таронаҳойи ғаминатро

Рози чакомаҳои пасинатро

Дар пеши чашмҳои ту мегшоям

Дар субҳи дастҳои ту менмоям

Дар ло ба лойи ҳасрати пинҳонат

Дар тӯ ба тӯйи хилвати чашмонат

Чун қатра ашк дар нигаҳат оям

Дар зери абрувонт биосоям

Эй Меҳрбон ки бонии Меҳр астӣ

Бо ман бигӯ чи ҷоду чи сеҳр астӣ

Бо ту чи сон зи Меҳр бибояд гуфт

Вон гавҳарат чигуна бибояд суфт

Бо ту чи сон ман аз Ватнам гӯям

Ман булбулам ки аз чамнам гӯям

Булбул наям ки зоғаму зоғонам

Дар даштҳойи ёди ту боғонам

Дар боғи зоғҳои ту қарқорест

Каз он маро таронаи безорист

Безорам аз таронаи ин зоғон

Зин селаи кулоғ дар ин боғон

Ман булбулест мурда ба ҳалқонам

Фардам ки дар миёнаи халқонам

Ман гавҳаре даруни дилам дорам

Дарёям аз савоҳил безорам

Ман бодаму ба кӯйи ту мегардам

Ҳар ҷо равам ба сӯйи мегардам

Инак манам ки маҷмӯъаи кинам,

Сар то ба по нафираму нафринам

Ман кини қарнҳо ба дилам боқист,

Нафрини қарнҳо ба рагам ҷорист.

Эй Меҳрбон, ки бонии Меҳр астӣ,

Оё кудом ҷоду чи сеҳр астӣ

Оё чи сон канори ту биншинам

Оё чи сон ба рӯйи ту ман бинам

Ёдам бидеҳ чи гуна ғазалҳоро

В-он достону байту масалҳоро

Ҷамъ оварам, баёз кунам оре

Баъд аз ҳазор соли дигар боре

Инак манам ки шоире шӯрида

Аз ҳар дуви ҷаҳони ту бубрида

Оям канори пойи ту биншинам

Меҳроби абрувони туро бинам

Чашмони Меҳргони туро бӯсам

Дар меҳи ту чу барги хазон пӯсам

Дастони Меҳрубони туро бӯям

Пеши ту як ҳикояти худ гӯям

Пеши туву Худои ту як оя

Аз он Китоби рӯшани пурсоя

То посухи ду чашми ғизолатро

Ва он ҳадиси қолу мақолатро

То зон ғазал зи шоире шӯрида

Як мисраъи дурусту писандида

Дар коргоҳи шеъри дарӣ оре

Баъд аз ҳазор соли дигар боре

Эй Меҳрубон!

Ба номи Ту хохад гуфт!

АРГАРД!

(суруд)

Ба поят мефишонам навҷавонӣ, навбаҳорамро! Биё! Баргард!

Ба дастат месупорам ҷони бесабру қарорамро! Биё! Баргард!

Биё! Баргард! Баргардем аз зерубами ин савти маҳзуни гитори ман

Маро ранҷондайӣ, ҷонам. Маранҷонӣ гиторамро! Биё баргард!

Ба поят мепарешам ҳам хазонам, ҳам баҳорамро,

Маро ранҷондайӣ, ҷонам. Маранҷонӣ гиторамро!

“Калиди мусиқӣ” дар дасти ман. Вомондаам дар кӯчайе бунбаст,

Яке вомонда пушти ин даре баста. Зи Худ то он Худо хаста!

Яке ворсата вобаста

Яке вобаста вораста

Ва “ до-ре-ми “ ва “сольфеджио” имшаб ба ман ёрӣ нахоҳад кард,

Ҳама дарҳойии дилҳо баста. Чашмони Худо баста.

Ба роҳат менишинам, то биёрӣ баргу борамро,

Маро ранҷондайӣ, ҷонам. Маранҷонӣ гиторамро!

Туро ман нома додам. Аз масири Чорроҳи умр,

Ба Савти Чорзарби ишқ.

Маро бишнос аз ҳусни хатам. Ин ҳафту ҳашти ишқ дар дафтар,

Чу ман меоям аз он Чордарьё. Тахтабанди ишқ. Доман хушку чашмам тар

Биё, пар мекашем аз ин ҷаҳон! Мо паршикаста, хаста, вораста

Дуто кафтар.

Ба ман ин бигзор! То рӯзи Қиёмат панҷу чорамро

Маро ҷонам, биранҷону маранҷонӣ гиторамро!

Ту мегӯйӣ ки ҳашт, аст ин, туро гӯям ки ҳафт аст ин. Маро бишнав!

Биё! Қисмат кунем. Бовар кунем ин ҳафтро дар ин Каломи ишқ.

Ман аз он сӯйи ҳар чи Ишқ. Аз он сӯи Танҳойӣ

Туро пайғом хоҳам гуфт,

Дар он шабҳо, ки мешинӣ сари дастуру дастурхони ин дунё

Ба дастони ту Ҷоми ишқ.

Биё як шаб ба ҳам бинем ин субҳу наҳорамро.

Маро ҷонам, биранҷону маранҷонӣ гиторамро!

Биё баргард!

Бимир! Аммо магӯ мурдам! Бирав! Аммо магӯ рафтам!

Маро ранҷонӣ!, Боке нест

Маранҷонӣ гиторамро!

ҒАЗАЛИ ТАҚДИРУ ҒУРБАТ

Эй Ишқ! Ман ҳаргиз сазоворат наям! Даст аз сарам, даст аз сарам бардор!

Даст аз дилам, даст аз дилам баргир низ, эй Ишқ! Аз ман бугзару бугзор!

Гуфтӣ, ки «Меоям!». Наё! Ғурбат, ки чизе нест! Коре нест, боре нест, ёре нест,

Дар пот мемирам, агар ойӣ! Вале ин бор не. Бори дигар, бори дигар, эй ёр.

Ох эй Ғариба! Эй Ғариби дил! Магӯ дигар ту бо ман з-ин ғами ғамҳо, ғами ғурбат,

Ғурбат на. Тақдир аст! Тазвир аст! Занҷир аст! Инҳоро раҳо кун. Бар Худо биспор!

Ин раҳ на. Занҷир аст! Занҷир аст! Занҷир аст! Занҷир аст! Занҷир аст!

Бар пойи ман печида аст ин раҳ. Ту по бар рӯйи он магзор! По бардор!

Бар пойи ман печида аст ин раҳ, чу мори афъӣ. Бар ҷону дилу рӯҳам,

Аз он ҳазар кун, по манеҳ, ин роҳи печида сиёҳ аст. Ва пур аст аз мор.

Занҷири зангор аст ин! Зангори занҷир аст ин! Оҳ эй Ғариба! Эй Ғариби Ишқ!

Инак манам як Зангӣ дар Занҷир! Ин ҳам қиссаи “Занҷир дар Зангор.”

Ғурбат, ки тақдир аст, тақдир аст, тақдир аст, тақдир аст, тақдир аст!

Тақдири ман будаст! Ман медонам, онро қиммату қадру қадар миқдор.

Тақдир ман будаст. Мебахшӣ. Раҳояш кун. Раҳо шав. Роҳи худро рав.

Ҳар ҷо равӣ паргорвор эй дӯст, ман ҳастам туро он нуқтаи атфи туро паргор!

Бинам, куҷоят мебарад ин раҳ, раҳе бе аввалу охир, раҳи тақдир, дар занҷир

Инак шабе сарду махуф! Эй раҳгузар. В-ин дӯшборат. В-ин раҳе душвор.

Бар дӯши мо уфтода аз рӯзи Азал то бар Абад ин бор. Чунаш мебарӣ, эй ҷон

Ҳар чӣ Худоёну Пайғамбарҳо, ки дар торих буд, имрӯз рӯйи китф моро бор!

Ҳар чӣ Худо, ҳар чӣ Паямбар, ҳар китоб, Аҳли Кутуб, ҳар як катиба рӯйи санги Ишқ

Бар куллабори ишқи ту ман бор кардам и ё бубар, ё бар худам бигзор.

Бинам куҷоят мебарад ин раҳ. Ту шояд мерасӣ бар Подшаҳ. Он Подшоҳи хуб

Он Подшоҳи Хуби Хубонро салом аз ман бигӯ. В-аз ӯ саломе ҳам ба ман меор.

З-ин қиссаву афсонаҳо чун бигзарӣ, аз ҳар ду ҷаҳон бигзар, Ғариба,

Боз о ба пеши ман Ғариби сарнавишту саргузаши ман! Маро ҳам бо худат меор!

Дасти сапедатро ки занҷир асту тақдир аст бар дастам бинеҳ, бар гарданам печон

Дасти сапедатро дар он шоми сиях, Шоми Ғарибон , бар сарам, бар шонаам бигзор.

БЕ ТУ

Гуфтӣ, ки «Бе ман зистанро ёд гир охир!»

Рафтиву пайвастӣ ба он шабҳойи сардаргум.

Имрӯзро чун ёди худ бигзоштӣ дар ман,

Рафтиву гум гаштӣ ба фардоҳойи номаълум.

Ҳоло дигар, чашмам ба ёди чашмҳойи ту

Он роҳҳойи рафтаатро роҳ мебинад,

Он ҳарфҳойи гуфтаатро ёд меорад,

Рӯйи туро дар шӯълайе дар моҳ мебинад.

Гуфтӣ, ки дигар хастайӣ аз ишқи ман, хаста,

Гуфтӣ, ки дигар меравӣ аз рӯзгори ман,

Чун меравӣ, аммо бигӯ, аз ин қафас берун!?

Чун меравӣ, аммо бигӯ, аз интизори ман!?

Ин интизори ман, ва ин боди баҳори ман

Бар тирамоҳи умри ту хоҳад вазид охир!

Дар он қафас ин дасти сарди сарнавишти ман

Бар саргузашти ту хате хоҳад кашид охир!

Оҳ ин қафас! Оҳ ин Ватан! Ин сарнавиште шум

Ин саргузаште талх аз ин сарбадори Ишқ.

Ман ҳам ба дунболи ту бояд, ки ҳамерафтам

Бар шонаҳойи хастаам як куллабори Ишқ.

Аммо нарафтам. Сарзамини ҳасрати мавъуд

Андар хиёли ман дар он ҷо нест, он ҷо нест.

Ман хотиротеро аз он бигзаштаҳо дорам

Ояндаҳоро низ дар пеши ту мешморам.

Бояд, ки мерафтем. Аммо ман туро гуфтам

Ин мусиқӣ аз родиё бисӣёр ғамгин аст

Бояд, ки биншинем, қабл аз роҳ уфтодан

Ин ҷомадон бар дӯши ман бисёр сангин аст.

Ин ҷомадон! Оре ҳамин як кӯлбори ишқ

Аз он азалҳо то абадҳо бар сари дӯшам,

Ту меравӣ аз ман ба он дунёи бегона

Ман меравам аз ту ба дунёи фаромӯшам.

…Рафтиву пайвастӣ ба он дунёи бегона

Гуфтӣ, ки «Бе ман зистанро ёд гир охир!»

Бояд, ки бо ман ин намегуфтӣ, намегуфтӣ,

Бояд, ки мегуфтӣ ба ман: «Бе ман бимир охир!»

ҒАЗАЛЕ ЛӮЛИЁНА

(таҷоҳули ориф)

Биё! Дар ин чаман он рақси лӯлиёна кунем,

Фазойи хомӯши ин шаҳр пуртарона кунем.

Биё! Биё, биравем з-ин вилояти матрук

Ба Ҳафт водии ишқ интихоби хона кунем.

Зи ҳафту ҳашт биё бигзарем, ин муҳосиба чист?

Ба ҳам дугона шавем, ёди он Ягона кунем!

Биё, ки ҷӯра шавему ба ҷуръа-ҷуръаи май

Сукути ҳар ду ҷаҳонро пур аз ҷағона кунем.

Биё! Ду кафтари ваҳшӣ ба боми ғурбати сард

Нафас нафас битапем, ёди гарми лона кунем.

Ба ҳар ниҳол дар ин боғ як нафас бидамем

Дарахти пири Ватанро пур аз ҷавона кунем.

Биё анори лабони туро ба боғи биҳишт

Ба қатра-қатраи ҳар ашк дона-дона кунем.

На себ буду на гандум! Анор буд! Анор!

Биё! Биҳиштро ба лабат нақши як фасона кунем!

Зи рӯйи шохаи Заққуми дард пар чинем

Ба рӯйи шохаи Тубойи ишқ лона кунем.

Биҳиштро бифрӯшему дӯзахе бихарем

Даруни дӯзахи ишқи худ ошьёна кунем.

Агар Фириста биёяд аз он Фиристанда

Ҳазор фанду фиребу дусад баҳона кунем.

Шаҳаншаҳони ҷаҳонро ба гӯш ҳалқа занем.

Сипас ба хок нишинему ёди як Шаҳона кунем.

Ҳамон Шаҳонаи зебо, ҳамон Шаҳомати ишқ

Ва Ишқи поки туро парчами замона кунем!

Биё, ки шому наҳор оши ошиқона хурем,

Чароғи субҳдамон аз майи шабона кунем.

Биё ба фазлфурӯшон сукут бифрӯшем,

Ва нози ҳар чи таҷоҳул ба ҳар чи орифона кунем.

В-агар Фаришта биёяд, ки субҳ шуд, хезед!

Парастувон бишавем,

Тарки дому дона кунем…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Муаллифи китоби “Ватанфобия” гуяд:

    Мутаассифона, ҳуби меҳану ишқи ватан зоҳиран побарҷост, аммо ботинан пойдор нест ва аҷибаш ин аст, ки ончӣ зоҳиран побарҷост-зоҳири ватан аст: кӯҳҳо, дарраҳо, теппаҳо, кӯчаҳо, шаҳрҳо, деҳу деҳкадаҳо, дарёҳо, чеҳраҳо, обу офтоби ватан, аммо ботинан: ҷанг, фақр, муҳоҷират, коррупсия, низоми сиёсии заъиф, диктатура, худхоҳӣ, худписандӣ, ба сифр баробар будани илму мактабу маориф, сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ, фарҳанги гандидаи муошират, силсила-ҷиноятҳои хурду бузурги рӯзмарра, ояндаи кушташуда (нодурахшон) ва ғайра аз омилҳои асосии “Ватанфобия” аст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button