ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ИНТИҚОДИ ТУНДИ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ АЗ ҚАРОРИ БАСТАНИ “PAMIR DAILY NEWS”

Kумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 20 июли соли 2023 дар як баёнияи вижа қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди манъи фаъолияти сомонаи мустақили хабарии Pamir Daily News ва “ташкилоти ифротӣ” унвон кардани онро маҳкум кард.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои марбут ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Кумитаи ҳимоят аз журналистон гуфт: Қарори мақомоти Тоҷикистон дар мавриди манъи фаъолияти Pamir Daily News ва тамғаи “ифротӣ” задан ба он як қадами мунтазираи таассуфбор дар идомаи роҳи ҷиноят талақӣ кардани ҳар навъ инъикоси масоили марбут ба поймол кардани ҳуқуқи инсон аз ҷониби ҳукумат аст. Мақомот бояд ин қарорро бекор ва кӯшишҳои пайваста барои гирифтани пеши роҳи нашри гузоришҳо дар бораи ақалияти помириро бас кунанд”.

Pamir Daily News асосан таҳаввулоти марбут ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекард ва бахусус дар инъикоси эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 хеле фаъол буд. Саҳифаи он дар Фейсбук 28 ҳазор обуначӣ дошт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин нашрияро бар асоси дархости Додситонии кул ҳанӯз 14 июни соли 2023 манъ кардааст, вале Додситонии кул дар ин бора тоза 19 июл хабар дод.

Додситонӣ гуфт, Додгоҳи олӣ аризаи даъвогии ин ниҳодро “ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ кардааст”.

Бар асоси қарори додгоҳ, сомонаҳои Pamir Daily News дар Тоҷикистон масдуд шуда, шаҳрвандонро барои ҳамкорӣ бо он метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашонанд.

Кумитаи ҳимоят аз журналистон гуфт, нашрияи мустақили Pamir Daily News, ки кормандонаш ба далелҳои амниятӣ бидуни зикри ном фаъолият доштанд, яке аз расонаҳои ангуштшуморе буд, ки дар бораи таъқиби сокинони Бадахшон бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳои моҳи майи соли 2022 гузориш медод.

Pamir Daily News билофосила дар пайи нашри иттилоияи Додситонии кул  ифротӣ эълон шуданаш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонpo “тасмиме комилан мунтазира” ва ҳадафи онро “буридани роҳи иртиботи сокинони Бадахшон” бо ин расона ва гирифтани пеши роҳи ирсоли хабарҳо аз вилоят номид. Идораи нашрия аммо гуфт, ки бо вуҷуди манъи расмии фаъолияташ ҳамчунон ба кори худ идома хоҳад дод. Рӯзе баъд идораи Pamir Daily News эълон кард, ки ба далоили амниятӣ ва ба хотири зери хатар нагузоштани хонандагону ҳамкоронаш дар дохили Тоҷикистон номи нашрияро иваз мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир барои саркӯби озодии матбуот таҳти танқидҳои афзояндаи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Дар як соли охир боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудани тақрибан 10 журналисту блогери тоҷик нигарониҳоро дар бораи вазъи риққатбори озодии матбуот ва озодии баён дар Тоҷикистон хеле бештар кардааст.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз силоҳ ва нирӯҳои вижа саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо ва баъди он беш аз 30 нафар кушта ва тақрибан 200 нафар аз зодагони Бадахшон дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Бино ба хабарҳо, ба дастикам 8 нафари онҳо  ҳукми ҳабси умрбод додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button