ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ОМАДАНИ СЕЛУ БОЛОРАВИИ САТҲИ ОБИ РӮДХОНАҲО ДАР РӮЗҲОИ 21 ВА 22 ИЮЛ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки рӯзҳои 21-22 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад, дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад болоравии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд. 

Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button