ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ САМАРҚАНД ДАР НЮ-ЙОРК КУШТА ШУД (ВИДЕО)

Фаридун Мавлонов, писари 15-солаи муҳоҷирон аз Самарқанди Ӯзбекистон дар наздикии хонаашон дар минтақаи Бруклини шаҳри Ню-Йорки Амрико аз тири як навраси 17-сола ҷон бохтааст. Нашрияи маъруфи амрикоии “The New York Times”  хабар дод, ки ин ҳодиса нимарӯзии 17 июли соли 2023 рух додааст.

Ба иттилои пулис, ду соат пеш аз тирпаронӣ байни ду гуруҳи хонандагони мактаб муноқша рух додааст ва онҳо тавофуқ кардаанд, ки барои ҳалли масъала баъди дарс дар кӯча вохӯранд.

Вақте гуруҳи наврасоне, ки Фаридун Мавлонов низ бо  онҳо буд, ба ҷои таъйиншуда дар наздикии мактаби ба номи Франклин Рузвелт омаданд, як навраси 17-сола аз гуруҳи дуюм ногаҳон пистолетро аз ҷайбаш берун кашида, ба тарафи издиҳом 7 тир холӣ кард. Яке аз ин тирҳо ба Фаридун Мавлонов расидааст.

Ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхонаи наздиктарин бурдаанд, вале Фаридун ҳамин тавр ба ҳуш наомада, рӯзи сешанбе, 18 июл ҷон додааст.

Фирдавс Мавлонов, падари Фаридун ба “The New York Times” гуфтааст, ки онҳо 12 сол пеш аз Самарқанди Ӯзбекистон ба Амрико кӯчида буданд.  Фирдавс Мавлонов дар Бруклин сартарошӣ мекард ва писари ҷавонмаргаш Фаридун баъди дарс ба ӯ кумак мерасонд. Фаридун ҳамчунин машқи гуштини дзюдо ҳам мекардааст.

Фирдавс Мавлонов гуфт, хабари кушта шудани писарашро тавассути телефон аз ҷиянаш шунид. Ба гуфтаи ӯ, Фаридунро ду маротиба ҷарроҳӣ кардаанд, вале ӯ ба сабаби талаф додани хуни зиёд ҷон додааст.

 “Ҳама дар бораи марги писари ман шуниданд. Куштори кӯдакон бояд қатъ шавад. Ин хеле бад аст”, — гуфтааст падари ғамзада ба журналистон.

Бино ба иттилои пулис, аз соли 2020 ба ин тараф дар Ню-Йорк раванди афзоиши ҷинояткорӣ ва хушунат дар байни ҷавонону наврасон ба мушоҳида мерасад. Рӯзи 4 июл як навраси 15-сола кушта ва ду духтари хурдсоли 5- ва 12-сола ҷароҳат бардошта буданд. Дар умум то моҳи июли соли ҷорӣ аз тири силоҳ 62 ноболиғи то синни 18 кушта ё захмӣ шудаанд.

Дар Амрико даҳҳо ҳазор аз зодагони Ӯзбекистон кору зиндагӣ мекунанд. Як қисми аъзами онҳо тоҷикҳои зодаи Самарқанданд, ки асосан дар Ню-Йорк ва атрофи он муқим шудаанд.

Манбаъ: Uznews.uz

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Муаллими забони англисӣ ва арабӣ гуяд:

    Бо дарназардошти ин, ки Ню-Йорк шаҳрест, ки 24-соат бедор аст, аз таҷрибаи хусусии худ панҷ ҷанбаи манфии ин шаҳрро ба хонандагони “Бомдод” ироа мекунам:
    Якум-ҷинояти мунтаззам: дар шаҳри Ню-Йорк ба таври шабонарӯзӣ ҷиноят содир мешавад, ки дар бештари ҳолатҳо ноболиғон (teenagers) иштирокчиён ё қурбониёни ҷиноятанд;
    Дуввум-шаҳри ифлос: шумо ягон истгоҳи автобус ё метро ё дилхоҳ макони ҷамъятиро бидуни калламӯш, доғи пешоб, ахлоти саг, хӯроки таҳмонда ва қуттиҳои лабрези партов намебинед;
    Саввум-тамбашавӣ ё издиҳоми нақлиёт (traffic): агарчӣ аксари кӯчаву хиёбонҳои Ню-Йорк яксамта ҳаракат мекунанд, аммо ҳанӯз ҳам пуриздиҳомтарин шаҳри нақлиётист, то ҳадде, ки баъзе дӯстон бо шухӣ мегӯянд: дар пробка таҳорат кардм, намози асрро хондам;
    Чаҳорум-сохтмон (construction): ҳар қадам сохтмон, садои шуми мошинолоти сохтмонӣ, чангу хок, иҷрои суст ва дердавоми корҳои сохтмонӣ, кӯчаву роҳбандӣ ба хотири сохтмон ва ғайра;
    Панҷум-талбанда ва бомжи зиёд: аз ин ягон шаҳр истисно нест, аммо Ню-Йорк пештоз аст. Тақрибан аз тамоми қавму миллатҳо талбанда, бомж, дастнигар, бекору бехонамонда вохурдан мумкин аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button