ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

ДУ АМАЛИЁТИ НАҶОТИ КӮҲНАВАРДОНИ ХОРИҶӢ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 21 июли соли 2023 хабар дод, ки наҷотдиҳандагони ин ниҳод ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти шаҳрвандони хориҷӣ ба роҳ андохтанд. Як кӯҳнавард аз Беларус бар асари шикастани қабурғааш дар як кӯҳ дар минтақаи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дармондааст ва ва ду кӯҳнаварди солхӯрда аз Британия – дар роҳи фатҳи қуллаи Питхори қаторкӯҳҳои Рӯшон дар ҳудуди ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз кӯҳ сарозер шуда, осеб дидаанд. Наҷотбахшон дар Лахш кӯҳнаварди 37-сола аз Беларусро алакай пайдо кардаанд ва бояд пойин фароранд. Дар Патхор гуруҳи наҷотбахшон савори аспҳо ҳанӯз дар роҳ ба сӯи қуллаи Питхор қарор доранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаи аввал рӯзи 19 июли соли 2023 тахминан соати 11:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба Қисми навбатдории Кумита дар бораи ҳодисаи нохӯш дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш хабар расид. Гуфта мешуд, ки кӯҳгардон-шаҳрванди Белорусия Д.Л.Гракович соли таваллудаш 30 декабри 1986, сокини шаҳри Минск ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуд ва дар натиҷа осеби ҷисмонӣ дидааст. Бино ба гуфтаи манбаъ қабурғааш шикастааст. Аз ҳисоби наҷотдиҳандагони пуртаҷриба фавран як гурӯҳи имдодӣ созмон дода шуд. Онҳо бо воситаи чархболи вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба майдони “Москвин”, воқеъ дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш равон шуданд.

Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуданд ва пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳгардро пайдо карданд.

Ба муҷарради расидан аввалин ёрии тиббиро барояш расонданд. Аз сабаби он ки рӯз ҳам шаб шудаву роҳ торик шуда буд ва ин мавзеъ худ як мавъеи мушкилгузару хатарнок мебошад, интиқоли кӯҳгарди осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд. 

Ҳамчунин рӯзи 20-уми июл, соати 15:30 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг заданд ва аз ҳодисаи дуюм хабар доданд. Ду нафар гардишгарони хориҷӣ аз тариқи телефони маҳвораӣ тамос гирифтанд. Онҳо ду нафар шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудаш 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 буданд, ки бино ба гуфтаи худашон, бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале ба сабабе сарозер шудаву сахт осеб дидаанд.

Тибқи дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд. Чун расидан ба ин қулла бо василаи чархбол аслан имкон надорад, ба наҷотдиҳандагон лозим омад аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ҳоло ба нуқтаи таъиншуда наздик мешаванд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат мекунад, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд. КҲФ ба ҳеч ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки ба танҳоӣ сайри кӯҳҳо равед.

Вале агар рафту шуморо зарур омад ба танҳоӣ кӯҳ рафтед, пас ҳатман ба пайвандону хешонатон хабар диҳед, самти ҳаракат ва вақту соати ҳаракати худ, инчунин қасдатон аз ин сафарро ҳатман бигӯед. Бо худ ҳатман либоси гарм, ғизо ва телефони мобилӣ гиред. Ва дар телефонатон ҳатман бояд рақами телефонҳои хадамоти наҷот сабт шуда бошад.

Дар сурати рӯбарӯ шудан ба ҳодисае ҳатман ба мақомоти марбута, ба хешонатон хабар диҳед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Кумитаи руфти сайёҳӣ гуяд:

    Кишварҳое, ки кӯҳ надоранд, аз коҳ кӯҳ месозанд, аммо кишвари мо, ки 93% кӯҳ аст, шароити мусоиди сайёҳию кӯҳнавардӣ фароҳам нашудааст. Шароити мусоиду муносиб ва бехатару бароҳат метавонад миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлату миллат пул ворид кунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button