ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

ВИДЕО: ДАР ТОШКАНД СОКИНОН ЗАНОНИ ФОҲИШАРО АЗ КӮЧАҲОИ ХУД РОНДАНД

Шаби 18 июли соли 2023 издиҳоми сокинони кӯчаи Заргарлик (Заргарҳо), воқеъ дарқ қаламрави ноҳияҳои Чиланзор ва Ӯчтеппаи шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон гирди ҳам омада, “шабпаракҳо”, яъне занони танфурӯш аз ин ҷон ронданд. Занони фоҳиша чанд вақт боз ду нуқта дар ин маҳаллаи шаҳри Тошканд – канори роҳи маҳаллаи Қатортал ва чорроҳаи “Шуҳрат”-ро ба нуқтаи худ барои ҷустуҷӯи муштариён табдил дода буданд.

Сокинон мегуфтанд, аз беамалии кормандони милитсия ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҷон омада, худашон ба кӯча рехтанд, то адаби фоҳишаҳоро бидиҳанд.

Дар видеоҳое, ки дар Интернет нашр шуд ва мавҷи вокунишҳоро ба бор овард, дида мешавад, ки сокинон талош доранд, то фоҳишаҳоро ба тарки маҳаллаи худ водор кунанд, онҳоро суханони бад мегӯянд, ягон мушту шаппотӣ мезананд, дашномашон медиҳанд.

Фоҳишаҳо низ берӯёна барои ҳифзи “нуқтаи савдо”-и зоҳиран пурхаридори худ истодагарӣ нишон дода, низ сокинонро дашном медиҳанд ва чанд бор дастбагиребон ҳам мешаванд. Ба гуфтаи шоҳидон, танфурӯшон ба сокинон гуфтаанд, ки савдояшон дар инҷо гарм аст ва ҷои гарми худро хунук карда, аз ин ҷо ба ягон ҷои дигар нахоҳанд рафт.

Аҷаб он буд, ки тавре дар видео дида мешуд, кормандони милитсия дар як гӯша истода, ҷараёни муноқишаи байни сокинон ва занони фоҳишаро бетарафона тамошо мекарданд.

Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд танҳо рӯзе баъд ин ҳодисаро шарҳ дод. Бино ба фарзияи милитсия, шаби 18 июли соли 2023, тақрибан соати 00:40 дар кӯчаи Заргарлик “байни чанд шаҳрванд ҷанҷол ба амал омад”.

Милитсия афзудааст, ки “кормандони шуъбаи милитсия ба ҷои ҳодиса омада, иштирокчиёни муноқишаро ором карданд ва қонуншиканҳоро ба шуъба бурданд. Дар натиҷаи ҷанҷол яке аз занҳо ба далели “ҷароҳати сабуки пӯсти пешониаш” барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардааст, вале баъди дарёфти кумак ба хонааш рафтааст”.

Милитсияи пойтахти Ӯзбекистон гуфт, дар робита ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад ва дар ҷараёни ин санҷиш бояд гунаҳкорон пайдо карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд. Аммо милитсия шарҳ надодааст, ки дар робита ба ин ҳодисаи мушаххас манзураш аз гунаҳкорон кист – фоҳишаҳо ё сокинон?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Академики Академияи Олии илмҳо гуяд:

    Проституция-самая распространенная и в тоже время запрещенная «профессия» в истории человечества…, а в некоторых странах это и есть большой бизнес!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button