ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН ДАР 2,5 СОЛ БАРОИ ХАРИДАНИ СИЛОҲ 1,4 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ХАРҶ КАРДААСТ

Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20 июли соли 2023 дар ҷаласаи кобинаи вазирони ин кишвар хабар дод, ки Қирғизистон тайи 2,5 соли охир, яъне дар солҳои 2021, 2022 ва нимаи аввали соли 2023, барои нав кардани силоҳҳои Қувваҳои мусаллаҳи худ 125 миллиард сом харҷ кардааст. 125 миллиард сом тибқи қурби расмии имрӯза беш аз 1 миллиарду 420 миллион долларро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса, Тошиев ёдовар шуд, ки дар тӯли солҳои 2005-2020  барои нав кардани силоҳҳои Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҳамагӣ 3-5 миллиард сом харҷ шуда буд.

“Дар соли 2021 барои харидани силоҳу техникаи ҳарбӣ 32 миллиард сом, дар соли 2022 — 53 миллиард сом ва дар нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 40 миллиард сом равона карда шудааст. Дар дуюним сол ин 125 миллиард сом мешавад. Ин навсозии хеле бузург аст”, – нақли қавл кардааст аз суханони Тошиев дар ҷаласаи ҳукумат  хабаргузории қирғизии АКИpress.

Тошиев зикр кардааст, ки дар ин авохир барои тақвияти иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон аз Туркия ҳавопаймоҳо бесарнишини тамғаҳои “Байрақдор”, “Оқсунғур”, “Оқинҷӣ” ва аз Русия маҷтамаи мушакии ЗРК “Печора” ва чархболҳои тамғаҳои Ми-8 ва Ми-17 харида, оварда шуданд.

“Мо ин ҳамаро туҳфа нагирифтаем, ҳамаи ин аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ харида шудаанд”, –  таъкид кардааст Тошиев.

Мақомоти Қирғизистон баъди муноқишаи моҳи апрели соли 2021 дар марз бо Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он талафоти онҳо нисбат ба ҷониби Тоҷикистон хеле бештар буд, ҷиддан дар фикри тақвияти иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи кишвари худ шуданд ва фаъолона ба харидани силоҳҳои муосир аз кишварҳои мухталиф пардохтанд.

Ҷониби Тоҷикистон хароҷоти ҳарбии худро эълон намекунад, вале дар пайи муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон бисёриҳо аз роҳбарони ниҳодҳои низомии кишвар интиқод карданд, ки ба фарқ аз Қирғизистон, то ҳол аз силоҳҳои кӯҳнаи бозмонда аз замони СССР истифода мебаранд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.

Дар ҷараёни муноқишаи ахир ба фарқ аз Тоҷикистон, ки ҳамчунон бо силоҳҳои кӯҳна (БТР, тӯпхонаву гранатомётҳо, автоматҳои Калашников…) меҷангид, ҷониби Қирғизистон ба сурати фаровон аз ҳавопаймоҳои бесарнишини аз Туркия харидааш истифода бурд. Як сабаби зиёд будани талафоти ҷониби Тоҷикистон низ ҳамин шуд. Аз ҷумла бар асари ҳамлаҳои дронҳо ба мактаби миёна ва масҷиди ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар санаи 18 сентябри соли 2023 дар ин ду бино 25 нафар кушта шуданд. Онҳо сокинони мулкӣ буданд, ки аз ҷанг дар ин ду бино паноҳ бурда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button