ВидеоДин ва боварҳо

ПАРВАНДАИ ФИРДАВСОВ ВА ҲАСАНОВ БАРОИ МАРДУМФИРЕБӢ БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон (РМЗҶМ, УБОП) рӯзи 19 июли соли 2023 дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки “зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РМЗҶМ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Фирдавсов Фирдавс Қиёмиддинович, соли таваллудаш 2004, бо ҳамроҳии Ҳасанов Наврӯз Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Душанбе, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, бо ваъдаи фиристонидани онҳо ба зиёрати Ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2023 аз ҷабрдидагон маблағҳои гуногунро тасарруф намудаанд”.

Вобаста ба ин ҳолати қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Аз хабар бармеояд, ки Фирдавс Фирдавсов дастгир шудааст, вале Наврӯз Ҳасанов фирор кардааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ин нафарон ҷабр дидаанд, ё дар бораи ҷойи буду боши Ҳасанов Наврӯз Ҳасанбоевич ягон маълумот доранд, хоҳиш  шудааст, ки тариқи телефонҳои (+992) 901-50 00 51, (+992) 939 92 76 16 ва (+992 37) 221 01 49 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст. Худи Фирдавсов ва Ҳасанов ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба Ҳаҷҷи фарзӣ мераванд. Вале азбаски шумораи хоҳишмандони сафар хеле зиёдтар аз квотаи ҷудокардаи Арабистони Саудист ва нархи сафар низ баланд: тақрибан 5400 доллар аст, ин бозори қаллобонро гарм кардааст ва онҳо бо ваъдаи ба Ҳаҷ фиристодан шаҳрвандонро фиреб дода, маблағҳои бузурги онҳоро тасарруф мекунанд.

Вақтҳои охир ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани чандин мавриди қаллобӣ бо ваъдаи сафари Ҳаҷ хабар дод.

Аз ҷумла рӯзи 15 июл маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки марди 30-солаи сокини ноҳияи Фархор аввалҳои моҳи январи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки падару модари ӯро ба Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Номбурда, ҳамин тавр, такроран бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2023 ба боварии марди 67-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта, низ ваъда додааст, ки ӯро ба Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Дар натиҷа, ба номбургон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Рӯзи 30 июн маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки марди 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан 12-уми июни соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ бо ваъдаи сафар намудан ба ҳаҷи фарзӣ маблағи 133 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин 4 марти соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки як марди 73-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи октябри соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии як сокини шаҳри Гулистон ва ду сокини ноҳияи Ғафуров даромада, бо ваъдаи ба сафари Ҳаҷ зиёрати хонаи Каъба ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ду нафари аввал 8-ҳазордолларӣ ва аз сеюмӣ 4 ҳазор доллари Амрико  гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст ва онҳоро ба Ҳаҷ нафиристодааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

260
261
262
263

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button