ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ЯК ТИФЛ ДАР ХОВАЛИНГ ВА БОЗДОШТИ ЗАНИ ФОЛБИН ДАР ДЕҲАИ ХОКАКИИ ШАҲРИТӮС

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.07.2023

Ҳалокати писарбачаи 13-сола бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

016

17-уми июли соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафаров Алихон Шарипович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ховалинг-Восеъ”, воқеъ дар деҳаи Сафедшаҳраки ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Умедҷони Абдулфайззода, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Умедҷони А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 27-сола бо ҷурми дуздӣ

157

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 17-уми июли соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес Бенс», ки дар назди тарабхона беназорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-32», ки арзишаш 3 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, номбурда 17-уми июли соли 2023, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсии марди 43-солаи сокини пойтахт, тамғаи «Опел Зефира», ки беназорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-80», ки арзишаш 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ду нафар қаллоб

155

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан 1-уми феврали соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи харидорӣ намудани хонаи баландошёна аз ҳудуди шаҳри Хучанд аз ӯ 366 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи июли соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ маводи сӯзишвориро ба маблағи 120 ҳазору 149 сомонӣ гирифта, то ҳол қарзашро пардохт накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани мардумфиребии як зан дар ноҳияи Шаҳритус

61

Баъзе аз нафарон худро фолбину мушкилкушо муаррифӣ намуда, мардумфиребиро барои худ як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд.62
Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Исимова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи деҳаи Хокакии ҷамоати деҳоти Х.Холматови ҳамин ноҳия дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.
63Исимова Гулбаҳор ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Исимова Гулбаҳор барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 482. Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ

1. Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button