ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО +18: ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ФАРХОР

Субҳи барвақти 19 июли соли 2023 бар асари як садама дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон ду нафар: як ҷавон ва як духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Фархор хабар доданд, ки мошини тамғаи “Опел Астра Ҷӣ” дар Гулшан ба сутуни барқ бархӯрдааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, ронандаи “Опел” ҷароҳат бардоштааст, вале зинда аст.

Канали Парвиз ТВ аз ҷои ҳодиса видеои кӯтоҳеро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки бар асари ба сутун бархӯрдани мошини рангаш нуқрагун мошин пачақ ва сутун ду пора шудааст. Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки ҷасадҳои як ҷавону як духтар дар паҳлуи сутуни афтида ва мошини садамадида дар рӯи замин хобидаанд ва одамон аз мошинҳои раҳгузар пойин шуда, оқибатҳои ин садамаро бо телефонҳои худ ба навор мегиранд.

Аммо яке аз шоҳидон ба мошини раҳгузаре, ки дар дохилаш кӯдакон буданд, иҷозат намедиҳад, ки манъ кунад. “Рав аз ин ҷо, наист, метарсонӣ кӯдаконро”, – мегӯяд ӯ хитоб ба ронанда.

Дар посух ба суоли раҳгузаре яке аз шоҳидон мегӯяд, ки ронандаи мошин ҳаминҷост ва зинда аст.

Тафсилоти дигари садама ҳанӯз дастрас нест. Мақомот ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ду моҳи ахири май ва июни соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 80 нафар ба ҳалокат расида, дар чанд рӯзи гузашта аз аввали моҳи июл дар бораи кушта шудани ҳудуди 30 нафар дар садамаҳо хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Таваҷҷуҳ! Онҳое ки дилу асаби суст доранд, ин сабтро тамошо накунанд!

ВИДЕОИ САДАМАИ ФАРХОРРО БО НОХУН ЗАДАН РӮИ ИН ХАТ ТАМОШО КУНЕД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button