ВидеоТоҷикистон

ТО ИМРӮЗ НА АЗ ИСМАТУЛЛОЕВ ДАРАКЕ ЁФТААНД ВА НА АЗ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, бо гузашти инак қариб як моҳ аз рабудан ва куштани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев мақомот то ҳол ҷасади ӯро пайдо накардаанд. Макони будубоши саркардаи одамрабоён Дилшод Саидмуродов, муллақаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик” низ то ҳол мушаххас нашудааст.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев аз маркази ноҳияи Айнӣ то марзи Ӯзбекистон қад қади соҳили дарёи Зарафшон ва ҳам қад қади дарёи Варзоб аз нақби “Истиқлол” то даруни шаҳри Душанбе идома дорад, вале то ҳол натиҷае надодааст.

Мақомот  ва наздикони бонкдори маъруф дар қад қади дарёи Зарафшон бо ваъдаи ҷоизаи бузург лӯлиён ё ҷӯгиҳои сокини Панҷакентро, ки ҳамчун ғаввосу дарёгард дар ҳавзаи Зарафшон ном баровардаанд, низ ба ҷустуҷӯи Шуҳрат Исматуллоев ҷалб кардаанд. Маъмулан аксари ҷасадҳои дар Зарафшон ғарқшударо  ҳамин лӯлиҳо пайдо мекунанд ва аз обҳои пурхурӯши ин дарё берун мекашанд.

Куҷо будани саркардаи одамрабоён “Дилшоди Красавчик” ва чанд шарики ӯ, ки низ тавонистанд аз Тоҷикистон фирор кунанд, то ба ҳол номаълум боқӣ мемонад.

Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, дар гузашта раҳбари намояндагии ширкати пулфиристии “Вестерн Юнион” дар Тоҷикистонро бар уҳда дошта, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд. Ӯро шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, бурданд.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гуруҳи муташаккили ҷиноятии Дилшод Саидмуродов нақшаи рабудани Исматуллоевро ҳанӯз моҳи марти соли 2022 кашида буд. Ба иттилои додситонӣ, ин даста беш аз 10 нафарро дар бар мегирифт, ки аз ин шумор 5 нафар дастгир шуда, бақия фирор кардаанд. Аз ҷумла рӯзи 24 июн, билофосила баъди бо шиканҷа куштани Шуҳрат Исматуллоев дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Маскав ва Шоҳрух Хоҷаев ба Туркия парвоз кардаанд.  Рӯзи 25 июн Рустам Ашӯров, нафари чоруме, ки дар рабудани Исматуллоев иштироки бевосита дошт, ба Туркия ва аз онҷо рӯзи 30 июн ба Молдова фирор кард. Вале ӯро ба Молдова роҳ надоданд ва Ашӯров аз тарси ин ки ӯро бозпас мефиристанд туфангчаи марзбони молдованро кашида гирифта, ӯ ва як подполковник аз хадамоти амнияти фурудгоҳи Кишинёвро кушт. Ашӯров сипас ҳангоми боздошташ 10 тир хӯрд ва рӯзи 3 июл дар бемористон ҷон дод.

Рустам Ашӯров дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва ӯ мурдаашро бурда, ба дарё партофт.

Гуфта мешавад Дилшод Саидмуродов рӯзи 23 июн, яъне ҳанӯз қабл аз рабудани Исматуллоев, фарзандонашро ҳамроҳи дояи онҳо ба Маскав фиристода, худаш субҳи 24 июн, билофосила баъди куштану ба дарё партофтани гаравгон, ҳамроҳи ҳамсари дуюмаш ба Маскав фирор кардааст.  Нашрияи “СССР” хабар дод, ки “Дилшоди Красавчик” аз тарифи толори СИПи фурудгоҳи Душанбе парвоз кардааст.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи “Бомдод”, ӯро дар фурудгоҳи Маскав ҳамсабақони донишгоҳиаш пешвоз гирифта, ба як пойгоҳи ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” ба сарзаминҳои ишғолшудаи Украина фиристодаанд ва эҳтимол меравад, ки “Дилшоди Красавчик” баъдан аз Украина ба ягон пойгоҳи дигари “Вагнер”, барои мисол, ба Беларус ё ягон кишвари Африқо интиқол дода шавад ё алакай шуда бошад. Чанд рӯз пеш хабар омад, ки як гуруҳи бузурги ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер” дар 60 мошин аз Русия вориди Беларус шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button