ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

“ПАМИР ДЕЙЛИ НЮС” ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН “СОМОНИ ИФРОТӢ” ЭЪЛОН ШУД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19 июли соли 2023 хабар дод, ки  Додгоҳи олии ҷумҳурӣ бо қарори худ пойгоҳи хабарии “Памир дейли нюс”  ё “Памир нюс”-ро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияти онро дар кишвар манъ кардааст.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023 аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, ташкилоти “Памир дейли нюс”   (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Ин ниҳод афзудааст, ки дар пайи судури ҳукми Додгоҳи олӣ, фаъолияти сомонаҳои интернетии “Памир дейли нюс”  дар ҳудуди Тоҷикистон баста шуданд.  Ин ба маъноест, ки Хадамоти алоқа тавассути ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба сомонаҳои “Памир дейли нюс” –ро аз ин ба баъд масдуд мекунад.

Додситонии кул ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандон расонд, ки аз ин баъд ҳар навъ ҳамкорӣ бо ин расона ва роҳбарону кормандонаш ғайриқонунӣ шумурда шуда, “анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”.  

“Памир дейли нюс” асосан таҳаввулоти марбут ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекард ва бахусус дар инъикоси эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 хеле фаъол буд. Саҳифаи он дар Фейсбук 28 ҳазор обуначӣ дошт.

“Памир дейли нюс” билофосила дар пайи нашри иттилоияи Додситонии кул  ифротӣ эълон шуданаш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонpo “тасмиме комилан мунтазира” ва ҳадафи онро “буридани роҳи иртиботи сокинони Бадахшон” бо ин расона ва гирифтани пеши роҳи ирсоли хабарҳо аз вилоят номид. Идораи нашрия аммо гуфтааст, ки бо вуҷуди манъи расмии фаъолияташ ҳамчунон ба кори худ идома хоҳад дод.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир барои саркӯби озодии матбуот таҳти танқидҳои афзояндаи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Дар як соли охир боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудани тақрибан 10 журналисту блогери тоҷик нигарониҳоро дар бораи вазъи риққатбори озодии матбуот ва озодии баён дар Тоҷикистон хеле бештар кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button