ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОРИ ПАНҶУМ АЗ КАЪБАТУЛЛОҲ ЗИЁРАТ ВА ҲАҶҶИ УМРА КАРД (24 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳадафи иштирок дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии халиҷи Форс дар Арабистони Саудӣ қарор дорад, қабл аз оғози ин нишаст  рӯзи 19 июли соли 2023 бо мақсади зиёрати Каъбатуллоҳ ва анҷоми Ҳаҷҷи умра аз шаҳри Ҷидда ба Макка сафар кард.

Хадамоти матбуоти президент бо нашри 24 акс хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат кард ва либоси хоси маросими Ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардид ва дар дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хондааст.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи заминро ба ҷо овардаанд ва пас аз тавофи хонаи Каъба Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хондааст.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш “пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд”.

Сипас, меафзояд хадамоти матбуоташ, “Эмомалӣ Раҳмон дар назди чоҳи Замзам  бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромад, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард”.

Гуфта мешавад, баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад ва маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон низ бо амалӣ намудани ин рукн, яъне кӯтоҳ кардани мӯй анҷом ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон инак бори панҷум Ҳаҷҷи умра мекунад. Ӯ қаблан дар солҳои 1997, 2001, 2005 ва 2016 дар ҷараёни боздидҳояш аз Арабистони Саудӣ маносики Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварда буд.

Хадамоти матбуоти президент менависад: “Бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шуда, бо гузоштани 2 ракъат намоз, барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол ба синни 71 мерасад, аз соли 1992, инак беш аз 30 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Созмонҳои байнмалмилалӣ ҳукумати ӯро ба саркӯби озодиҳои мардум, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ айбдор мекунанд.

Вале хадамоти матбуоташ баракс мегӯяд, “пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум кардани Қуръони Карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷикон дар ҷаҳони ислом мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд расондаанд”.

Ҳама сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии халиҷи Форс даъват шудаанд. Ин нишаст дар Ҷидда доир мешавад. Сарони Осиёи Марказӣ умедворанд, ки ин нишаст роҳро барои сармоягузории густардаи давлатҳои сарватманди халиҷ ба иқтисоди кишварҳояшон боз хоҳад кард.

Зиёрати қиблаи мусулмонон - Каъбатуллоҳ   19.07.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button