ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ИН ТИФЛРО КӢ МЕШИНОСАД? БА ПАДАРУ МОДАРАШ ХАБАР ДИҲЕД!

Шаби 18 июли соли 2023, тахминан соати 23, дар роҳи тарафи вазорати адлия дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе роҳгузарон духтарчаи хурдсоли раҳгумзадаеро пайдо кардаанд, ки намедонист, куҷо биравад.

 Ин кӯдак гуфтааст, ки аз Регар, яъне аз Турсунзода асту номаш Сабрина аст ва модараш Парвина ном дорад.

Маълум нест, ки ӯ чӣ гуна аз Турсунзода 70 километр роҳро тай карда, ба Душанбе омадааст.

Агар касе  ин кӯдакро мешиносад, хоҳиш мекунем, ба наздиконаш хабар диҳед!

Ин кӯдак дар шуъбаи милитсияи ноҳияи Шоҳмансур қарор дорад.

Дар бораи пайдо кардани ин духтарча дар гуруҳи фейсбукии “Модари тоҷик” корбаре бо тахаллуси Umma Atr хабар дод. Ӯ ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кардааст:

“Тақрибан соати 11 шаб буд. Мо ҳамроҳи оила аз KFC  баромадем ва сайругашт доштем. Дар кӯча духтарчаеро дидем, ки мегуфт, номаш Сабрина аст ва модараш Парвина ном дорад. Мегуфт, ки аз Регар аст. Мо ӯро дар наздикии роҳи тарафи вазорати адлия дидем. Аввал фикр кардем, ки шояд талбанда бошад. Вале дидем, ки пул наметалбад, сару либосаш ҳам озода аст, вале хоболуду гурусна ва мисли роҳгумзада роҳ меравад. Пурсидем, модарат куҷост? Гуфт, ки гум шудааст. Маълум нест, ки ӯ чӣ  гуна аз Регар то ба Душанбе омадааст?

Мо натавонистем дар дили шаб ӯро танҳо гузошта, гузашта равем. Ман худам се фарзанд дорам ва аз инки як кӯдаки хурдсол шабона танҳо дар кӯча мегардад, ба шок афтодам.

Ман хеле тарсидам барои ин кӯдак, кӯча пур аз масту аласт буд ва агар мо ба ӯ таваҷҷуҳ намекардем, Худо медонад, ки ӯ ба чӣ ҳоле меафтод?

Албатта, модараш ҳам бояд ба ӯ таваҷҷуҳи бештар нишон медод.

Мо зуд ба милитсия занг задем ва ба мо гуфтанд, ки ӯро ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Шоҳмансур биорем. Дар шуъба ба мо гуфтанд, ки қариб ҳар рӯз кӯдакон ҳамин хел гум мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button