ВидеоЧеҳраҳо

БА ҲАМА АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ! БЛОГЕРИ МАЪРУФ ХАСБИК БА ТОҶИКИСТОН ОМАД

Блогери машҳури зодаи Доғистон Хасбулло Магомедов, маъруф бо лақаби Хасбик, ба Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора худи ӯ бо нашри як акс дар зери шаршара дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод.

 “Ба ҳама ассалому алейкум”, – кӯтой навиштааст Хасбик дар зери ин акс. Дар бораи ҳадаф ва барномаи сафари худ ба Тоҷикистон ӯ иттилое надодааст. Вале бисёре аз корбарони тоҷик Хасбикро ба Тоҷикистон “Хуш омадед!” гуфта, изҳори умед кардаанд, ки ба зудӣ видеоҳои хуби ӯро дар бораи Тоҷикистон тамошо хоҳанд кард.

Қаблан як блогери дигари маъруф аз Русия Гусейн Ранее Таджкистан посетил популярный блогер азербайджанского происхождения Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов), ки аслан озарист, низ аз Тоҷикистон боздид карда буд.  Бино ба хабарҳо, сафари Ҳacaновро бо ҳадафи таблиғи имконоти сайёҳии Тоҷикистон набераи президент Исмоили Муҳаммадзоҳир ташкил карда буд.

Хасбик бо қади ҳамагӣ 93 сантиметр ва вазни ҳамагӣ 18 кило, чанд сол пеш дар пайи нашри видеои клубника (қулфинай) хӯрданаш машҳур шуд ва баъди эълони набардаш бо Абдурозиқ, як овозхони ҷавон аз Тоҷикистон, ки вазни ӯ ҳам ҳамагӣ 18 килову қадаш зери 1 метр аст, шуҳрати байналмилалӣ ба даст овард.

Ҳоло ӯро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва соли 2022 Хасбик бо лигаи машҳури варзиши ММА UFC шартномаи панҷсола баст. Маҷаллаи “Форбс” ахиран хабар дод, ки ин блогери доғистонӣ дар як соли охир аз ҳисоби қарордодҳои имзокардааш ва реклама беш аз 2 миллион доллар даромад доштааст.

Мощи май пулиси Доғистон хабар дод, ки Хасбикро ҳамроҳи дӯстонаш барои худнамоӣ дар як тӯй дастгир кардаанд. Худи Хасбик баъдан нақл кард, ки афсарони пулис ба андозаи дастони хурди ӯ  завлона наёфтанд ва ҳангоми боздошт ҳарду дастаи ӯро дар як ҳалқаи завлона андохтанд.

https://www.instagram.com/p/Cu3a8dKKP6T/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button