АфғонистонВидеоХабарҳои кӯтоҳ

4,9 ё 5,4 БАЛЛ? БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН

Нимарӯзии 19 июли соли 2023, соати 12:26 ба вақти Душанбе ва 11:26 ба вақти Кобул, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боз як заминларзаи шадид рух додааст. Бино ба гузоришҳо, маркази ин офати табиӣ дар 23-километрии ҷанубушарқи маркази ноҳияи Фархори вилояти Тахори Афғонистон, тақрибан 70 километр дуртар аз дарёи Панҷ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯи он мегузарад, ҷойгир шуда буд.

Аммо маълумоти марказҳои зилзиланигорӣ дар бораи иқтидори ин заминларза фарқ мекунад.

Бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com, ки заминларзаҳо дар саросари дунёро ба сурати зинда пайгирӣ ва сабт мекунад, заминларза дар наздикии марзи  Афғонистон бо Тоҷикистон дар умқи 215 километр рух дода, шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер, 4,9 баллро ташкил додааст.

Аммо Маркази зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон шиддати ин заминларзаро 5,4 балл баровард карда, хабар дод, ки ин офати табиӣ дар умқи 227 километр рух дода, ҷунбидани заминро дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон низ ҳис кардаанд.

Марказҳои зилзиланигории Тоҷикистон ин заминларзаро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Дар бораи кадом хисороте бар асари ин офати табиӣ низ то ин соат гузорише ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза,  дар як моҳи охир 18 заминларза ва дар як соли охир 230 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар вилояти Бадахшон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор аст, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Намое аз Фархори Афғонистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button