ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

2 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЛХӢ ВА ШАҲРИТӮС ВА ДУЗДИИ ЧОРВО ДАР ХОВАЛИНГУ ФАЙЗОБОД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19.07.2023

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

78

Шаби 16-уми июли соли 2023, тахминан соати 22:40-дақиқа, Раҳимов Садриддин Муллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳолати мастӣ бо дучархаи тамғаи “Скутер”, ки писараш Раҳимов Айман, соли таваллудаш 2016 ҳамроҳаш буд, аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи дучарха набаромада, ба трактори тамғаи “Т-40”, таҳти идораи Мусоев Ғайратшо, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Скутер” Раҳимов С. бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
17-уми июли соли 2023, тахминан соати 15:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Олимов Рамазон Низомиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Шаҳритӯс ба самти ҷамоати деҳоти Т.Садриддинови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, дар канори чапи роҳ автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, ронанда Олимов Р. ва мусофири дохили он Ёрматов Бахтиёр Низомиддинович, соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани ҷиноятҳои дуздии чорво

054

Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг аризаи зани 39-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2023, тахминан соати 19:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди оғилхонаи муваққатиаш 3 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки 3-юми июли соли 2023, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар дохили боғи фарҳанги кӯчаи И.Сомонии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи ”Редми” ва 1 ҳазору 500 сомониашро тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми июли соли 2023, тахминан соати 05:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чорогоҳи хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар деҳаи Бобои Валии ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ҳамин ноҳия 1 сар аспашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини ноҳияи Файзобод содир намудаст.
Ҳамин тариқ, номбурда 17-уми июли соли 2023, тахминан соати 05:00, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чорогоҳи хоҷагии мазкур 1 сар аспи марди 65-солаи сокини ноҳияи Файзободро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button