ВидеоИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

КОРХОНАИ СЕМЕНТИ ДУШАНБЕ ТО ОХИРИ СОЛИ 2023 БАСТА МЕШАВАД

Хабаргузории расмии “Ховар” рӯзи 18 июли соли 2023 хабар дод, ки  дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, ки фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта шавад. “Ховар” гуфт, ҳадафи аз ин тасмим, пеш аз ҳама, софу беғубор нигоҳ доштани фазои экологии пойтахт, шаҳри Душанбест.

“Зеро корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст. Гузашта аз ин тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад”, – гуфта мешавад дар шарҳи “Ховар”.

Дар гузориш ҳамчунин зикр шудааст, ки агар дар гузашта корхонаи сементи Душанбе бузургтарин ва ҳатто ягона чунин корхона дар ҷумҳурӣ буд, дар солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳо якчанд корхонаи азими истеҳсоли семент, аз қабили «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент», «Тоҷ–Чайна» ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

“Ҳаҷми иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мазкур калон буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо сементи истеҳсоли худӣ таъмин намуда, содироти маҳсулотро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

“Ховар” ҳамчунин таъкид кардааст, ки “дар шароити имрӯза масъалаи ҳифзи муҳити зист, беҳбуди вазъи экологӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити атроф, аз партовҳои ифлоскунанда тоза нигоҳ доштани фазо, пешгирии харобшавии табиат ва таъмини амнияти экологӣ аҳамияти муҳим дошта, зери таваҷҷуҳи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад”.

Корхонаи сементи Душанбе, ки дар даромадгоҳи шимолии пойтахти Тоҷикистон бунёд шуда буд, ба маҳзи дар саргаҳи вазиши бодҳо аз самти шимол, аз ҷумла аз дараи Варзоб ва кӯҳу теппаҳои атрофи он қарор доштанаш ба хусус дар фасли гармо ҳавои шаҳрро пайваста олуда мекард. Масъалаи аз инҷо кӯчондани корхона ҳанӯз дар солҳои 80 матраҳ шуда буд, вале ба сабаби набудани корхонаи дигари истеҳсоли семент нақшаи кӯчондани ин корхона  дар тӯли чандин даҳсола дар рӯи қоғаз монд.

Акнун бо бунёди чанд корхонаи ҳатто бузургтари истеҳсоли семент дар кишвар корхонаи сементи Душанбе дигар он нақши монополӣ ва аҳамияти қаблиашро дар бозор аз даст додааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар маҳалли корхонаи сементи Душанбе, қарор аст, як силсила биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шаванд. Бо дарназардошти маҳалли ҷойгиршавиаш, бовар меравад, ки манзилҳо дар ин биноҳо серхаридор хоҳанд шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button