
Рӯзи 15 июли соли 2023 бар асари як садама дар Русия дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм ду ҷавони тоҷик ба ҳалокат расида, якеи дигар захмӣ шудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як баёния ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ кард ва хабар дод, ки “бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд”.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон, дар ин садама ҳамчунин як ҷавони дигари тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Сафорат ваъда дод, ки ба шаҳрванди осебдида низ ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва номи ҳалокшудагону ҷавони осебдида нашр нашудааст.
Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои мухталиф то 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору зист ва садамаҳову бемориҳо аз иллатҳои асосии маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд.