ВидеоДин ва боварҳоИлму фанноварӣРӯйдодҳои Бадахшон

ДОНИШГОҲИ ОҒОХОНРО ДАР ХОРУҒ НИЗ ДАВЛАТӢ МЕКУНАНД?

Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон рӯзи 16 июли соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон зоҳиран нақшаи давлатӣ кардани  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғро кашидаанд ва ба ин мақсад, бино ба иттилои ӯ, аз ҷониби додситонӣ дар мавриди сертификати замини марбут ба ин донишгоҳ дар маҳаллаи Даштаки шаҳри Хоруғ аризаи даъвоӣ ворид шуда, ки дар он иддао мешавад, ки гӯё дар вақташ ин мактаби олии марбут ба Фонди Оғохон ин заминро ғайриқонунӣ ба даст овардааст.

Муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ёдовар шудааст, ки ин донишгоҳ бо санади байнидавлатӣ миёна ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Фонди Оқохон таъсис шуда аз ҷониби парлумонҳои ин се кишвар ба тасвиб расида буд. Ба иттилои ӯ, сохторҳои марбут ба Оғохон то ба имрӯз ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ беш аз 100 миллион доллар маблағгузорӣ  кардаанд ва тибқи нақша, ҳаҷми сармоягузориҳо ба ин мактаби олӣ бояд то ба 600 миллион доллар расонда шавад.

Мақомот то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки рӯзи 12 июл дархости додситонии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавриди беэътибор донистани сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Миёна ва ба ҳукумати шаҳри Хоруғ баргардондани ин заминро баррасӣ мекунад. Дар бораи натиҷаҳои ин баррасӣ ва чӣ қароре қабул карданаш пиромуни замини Донишгоҳи Оғохон то кунун Додгоҳи олии иқтисодӣ ягон иттилоъ надодааст.

Фонди Оғохон, ки аввал дар шаҳри Норини Қирғизистон ва сипас дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ду филиали Донишгоҳи Осиёи Марказиро сохт, ҳанӯз дар поёни солҳои 90 ба мақсади сохтани бинои донишгоҳ чанд хонаро дар маҳаллаи Даштаки Хоруғ аз сокинон харида буд.

Ду сокини шаҳри Хоруғ бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки охири солҳои 90-ум Шабакаи Оқохон замину хонаҳои онҳоро дар маҳаллаи Даштак бо нархи 70-75 ҳазор доллар харид. Ба гуфтаи ин сокинон, онҳо аз ин маблағ қонеъ буданд ва ҳеҷ шикояте надоштанд.

“Ду ҳафта қабл намояндаҳои мақомоти интизомӣ ва додситонӣ моро даъват намуда гуфтаанд, ки хариду фурӯши замини манзилҳои шумо бо ташкилоти Оқохон нодуруст анҷом шудааст ва метавонед дубора шикоят кунед”, – гуфтаанд  ин сокинон. Яке аз онҳо гуфтааст, ки мақомот аз ӯ мехостанд, то бигӯяд, ки пули барояш пардохткардаи фонди Оғохон кам буд.

Донишгоҳи Осиёи Миёна соли 2000 дар асоси шартномаи байналмилалие, ки Оғохон, раҳбари исмоилиҳои дунё, бо ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон имзо кард, таъсис ёфт. Кампуси аввалини ин донишгоҳ соли 2016 дар шаҳри Норини Қирғизистон қомат афрохт ва кампуси дуюми он соли 2017 дар Хоруғ дари худро ба рӯи донишҷӯён кушод. Сохтмони кампуси сеюми донишгоҳи Оғохон дар шаҳри Текелии вилояти Жетисӯ (собиқ вилояти Алма-Ато)-и Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.

Баъди саркӯби хунини эътирозҳо дар Бадахшон сохторҳои Оғохон дар ин вилоят таҳти фишор қарор гирифтаанд.

Қаблан мақомот иҷозатномаи фаъолияти лисейи Оғохон дар шаҳри Хоруғро бозхонда, онро ба лисейи барои хонандагони боистеъдод табдил додаанд. Ҳамин тавр, мақомот лагерҳо ё урдугоҳҳои тобистона дар ҳудуди вилояти Бадахшонро, ки тақрибан 30 сол боз аз ҳисоби Фонди Оғохон маблағгузорӣ мешуданд, бастанд. Ҳамчунин дар Хоруғ чанд боғчаву кӯдакистоне, ки Хадамоти маорифи Оғохон маблағгузорӣ мекард, давлатӣ карда шуданд. Мақомот ҳамчунин меҳмонхонаи “Serena”  дар Хоруғ ва биноҳои марбут ба Аввалин Бонки молиявии хурд ва MSDSP (Барномаи пуштибонӣ аз рушди кӯҳистон)-ро мусодира карданд ва бино ба иттилои Pamir Daily News, додситонии вилоят ба додгоҳ дар мавриди давлатӣ кардани Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ дархости расмӣ ирсол кардааст.

Шоҳзода Карим Оғохони IV, ки 85 сол дорад, аз соли 1957, инак 66 сол боз раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аксари сокинон ва зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Оғохон ҳамчунин тавассути сохторҳои худ чандин бунёди бузурги кумакҳои хайрия, ниҳодҳои таълимиву омӯзишӣ ва тиҷоратҳои зиёдеро раҳбарӣ мекунад. Сохторҳои Оғохон дар Тоҷикистон аз ҷумла тиҷоратҳои бузурге, чун ширкати мобили ТСЕЛЛ, Аввалин Бонки молиявии хурд (Первый микро-финансовый банк, нирӯгоҳи “Помир-1” (якҷо бо Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ, як сохтори Бонки ҷаҳонӣ) ва меҳмонхонаҳои “Серена“ дар Душанбе ва Хоруғро идора мекунанд ё мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button