ВидеоҲодиса

ДАР КРАСНОЯРСК СЕ РОҲЗАНИ ТОҶИК НИМ МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО БА ЯҒМО БУРДААНД (3 АКС)

Се зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Красноярски Русия ба манзили як ҳамватани худ ҳамла оварда, 532 ҳазор рубли ӯро ба зӯрӣ кашида гирифтаанд. Ин тоҷики бечора дар аввали моҳи декабри соли 2021 аз шаҳри Заозёрний, воқеъ дар тақрибан 140-километрии шаҳри Красноярск, ба Красноярск омада буд, то барои мағозаи амакаш молу маҳсулот бихарад.  Якеи ин роҳзанон баъди ин ҳамла ба Тоҷикистон фирор кардааст, вале аз ду нафаре, ки дастгир шуданд, ҳамагӣ 240 ҳазор рубл пайдо кардаанд. Маблағи боқимондаро онҳо тақсим ва харҷ карда, қисме аз он пулҳоро ба Тоҷикистон, ба падару модар ва зану фарзандони худ фиристодаанд. Наздикони онҳо дар Тоҷикистон фикр намекарданд, ки луқмаи ҳаром мехӯранд, онҳо мутмаин буданд, ки ин се нафар дар муҳоҷират бо меҳнати ҳалол пул мекунанд ва ба онҳо мефиристанд….

Додситонии кишвари Красноярски Русия рӯзи 18 июли соли 2023 аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва  барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Совети ин шаҳр супурдани парвандаи ҷиноятии ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Ин ду нафар, ки муваққатан дар Красноярск ба сар мебаранд, бар асоси қисми сеюми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҳамлаи роҳзанонаи гуруҳӣ ба манзили шахси дигар бар асоси маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз сашёи монанд ба силоҳ ва ба яғмо бурдани маблағи бузург: беш аз ним миллион рубл айбдор мешаванд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун аз 7 то 12 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то як миллион рубл таҳдид мекунад.

Худи дастгиршудагон ваё адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, шоми 5 декабри соли 2021 се шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Красноярск бо як баҳонаи бофта вориди манзили иҷораи як ҳамватани худ шудаанд. Ин ҷавони тоҷик, ки барои хариди молу маҳсулот ба Красноярск омада буд, бо худ 250 ҳазор рубл пули нақд ва дар корти бонкиаш 282 ҳазор рубли дигар доштааст. Роҳзанҳо бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ ва таҳдиди куштан бо корд 250 ҳазор рубли ин ҳамватани худро ба зӯрӣ кашида гирифта, бо истифода аз барномаи Сбербанк тавассути телефон 7 ҳазор рублро аз ҳисоби ӯ ба ҳисоби худ гузарондаанд. Азбакси аз тариқи барномаи Сбербанк маблағи аз ин бештарро гузаронда нашуд, онҳо ҷавони тоҷикро маҷбур кардаанд, ки 275 ҳазор рубл маблағи дар ҳисобаш боқимондаро дар ягон банкомат пули нақд карда, ба онҳо бидиҳад.

Ҷабрдида аз тарси ҷонаш ҳамроҳи роҳзанҳо то шуъбаи наздиктарини бонк рафта, ҳамаи пули боқимонда дар ҳисобашро пули нақд карда, ба роҳзанҳо додааст. Лаҳзаи ҳамроҳ бо роҳзанҳо ба бонк ворид шудани ҷабрдида ва аз банкомат пул гирифтани ӯ ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтод ва пулис маҳз бар асоси ҳамин сабтҳои видеоӣ шахсияти роҳзанҳоро муайян ва ду нафари онҳоро дастгир карданд. Ба фарқ аз шариқи сеюмашон, ки билофосила баъди он ҳамла ба Тоҷикистон фирор кард ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад, ин ду нафари дигар ё барои фирор аз Русия ҳанӯз фурсат наёфта буданд ваё мутмаин буданд, ки касе онҳоро намеёбад,

Сабтҳои видеоӣ ҳамчунин як далели асосӣ дар ин парвандаи роҳзанӣ шуд.

Дар умум роҳзанҳо аз он тоҷики ҷабрдида 532 ҳазор рублашро кашида гирифтанд, вале ҳангоми боздошт аз онҳо ҳамагӣ 240 ҳазор рубл ёфтанд. Боқимондаро онҳо ба манфиати худашон харҷ карда, қисмеро ба Ватан, барои наздикони худ фиристодаанд.

Аммо луқмаи ҳаром ҳеҷ гоҳ ба кас насиб намекунад…

АКСҲО АЗ  t.me/krpronws

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button