ВидеоТоҷикистон

10 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ХИСРАВ БОБОЗОДА

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июли соли 2023 бо имзои як фармон ва чанд амру қарорҳои ҳукумат дар сохторҳои додгоҳӣ ва давлатӣ як силсила тағйирот ба амал овард.

Аз ҷумла бо як фармони президент якбора 9 нафар дар низоми додгоҳӣ ба вазифаҳои баланд таъйин шуданд, ки муҳимтаринҳояш аз мақоми раиси додгоҳи гноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод шудану билофосила раиси додгоҳи шаҳри Душанбе таъйин шудани Зикирзода Лоиқ Хурсандқул, раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ таъйин кардани Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон ва аз аз вазифаи раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ таъин шудани Раҷабзода Ҳотам Назар аст.

Рӯйхатти пурраи 10 тағйироти кадрии рӯзи 18 июл дар сохтори додгоҳӣ чунин аст:

1. Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
2. Маҳмудзода Азаматшо Сафар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
3. Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
4. Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
5. Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
6. Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
7. Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
8. Ҳабибуллозода Хайрулло аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.
9. Асрорӣ Ифтихор Қурбон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.
10. Қурбониён Баҳриддин Самариддин аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июл ҳамчунин Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосимро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда, Ваҳобзода Абдураҳмон ва Абдухалилзода Кароматулло Абдухалилро муовинони раҳбари ин марказ таъйин кард. Ваҳҳобзода то имрӯз муовини раиси Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои ҳукумати Тоҷикистон буд.

Ҳамин тавр, Носирзода Ҷаббор аз вазифаи муовини вазири кишоварзӣ озод карда шуда,  муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Назарзода Машокир Фозил муовини вазири кишоварзӣ таъйин шуданд.

Ҳамчунин бо қарори ҳукумат, генерал Бобозода Хисрав Хоркаш низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Дар бораи сабаби барканорӣ ваба кадом “кори дигар” гузаштани генерал Хисрав Бобозода иттилое ҳанӯз дар даст нест.

Генерал  Хисрав Бобозода 49 сол дорад. Ӯ 19 августи соли 1974 ба дунё омада, қаблан фармондеҳи воҳид ё отряди махсуси бригадаи 7-уми десантии артиши Тоҷикистон ва чандин сол фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон буд.

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки рӯзи 18 июл дар мувофиқа бо президент, прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Ашти вилояти Суғд, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Лахш иваз карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин

дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ барои онҳо амри ҳатмӣ шуморида, аз онҳо хостааст, ки “нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”. Ӯ ҳамчунин хостааст, ки “зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд”.

Таъиноти кадрӣ  18.07.2023

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
2. Маҳмудзода Азаматшо Сафар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
3. Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
4. Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
5. Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
6. Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
7. Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
8. Ҳабибуллозода Хайрулло аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.
9. Асрорӣ Ифтихор Қурбон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.
10. Қурбониён Баҳриддин Самариддин аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
18 июли соли 2023
№603

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
18 июли соли 2023
№АП-402

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳобзода Абдураҳмон муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
18 июли соли 2023
№АП-403

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
18 июли соли 2023
№АП-404

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 18 июли соли 2023 №319
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба
аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи
ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Бобозода Х.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Бобозода Хисрав Хоркаш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 18 июли соли 2023 №320
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Носирзода Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Носирзода Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 18 июли соли 2023 №321
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Ваҳобзода А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ваҳобзода Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 18 июли соли 2023 №322
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Носирзода Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Носирзода Ҷаббор муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 18 июли соли 2023 №323
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Назарзода М.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Машокир Фозил муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button