ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЗАНОЗАНӢ ВА ТИРПАРРОНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

Рӯзи 15 июли соли 2023 дар шаҳри Кудровои вилояти Ленингради Русия, ки дар канораҳои шарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст, байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон занозанӣ ва тирпаронӣ сурат гирифта, яке аз иштирокчиён дар ҷараёни ин муноқиша се нафари дигарро захмӣ кардааст.  Пойгоҳи хабарии маҳаллии “Петроград” хабар дод, ки дар робита ба ин занозанӣ, ки дар кӯчаи Английская рух дод, бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми якуми моддаи 105 бо иттиҳоми сӯиқасд ба одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун, ба тоҷике, ки ба тарафи се ҳамватани худ тир холӣ карда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кард, ҳамчун ҷазо то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои “Петроград”, “муайян карда шудааст, ки шоми 15 июл дар кӯчаи Английская се муҳоҷири синнашон 47-, 24- ва 23-сола бо як марди 30-солаи низ зодаи Тоҷикистон, ки алакай шаҳрвандии Русияро гирифтааст, муноқиша кардаанд. Марди 30-сола ба он се нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расондааст ва ҳарсеро дар беморхона бистарӣ кардаанд”.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дар даст нест ва дар бораи сабаби муноқиша байни зодагони Тоҷикистон дар Кудрово низ чизе гуфта нашудааст. Вазъи саломатии се муҳоҷири дар бемористон бистаришуда ва мушаххасан чӣ ҷароҳатҳое бардоштани онҳо низ маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо дар натиҷаи латтукӯб осеб дидаанд ваё дар ҷараёни тирпаронӣ?

Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Занозании аз ҳама бузург дар ин авохир 23 июни соли 2023 дар кони гази Ковиктаи ширкати “Газпром” дар ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутски Русия байни шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон бо иштироки беш аз 500 нафар рух дод. Гуфта мешуд, ки муҳоҷирони қирғизу тоҷик бар сари инки кадоми онҳо бояд аввали хӯрок бихӯрад, ба ифоқа омада натавонистаанд. Дар пайи ин занозанӣ 9 муҳоҷирро дар бемористон бистарӣ карданд.

Шаҳри Кудрово, маҳалли занозании ахир байни муҳоҷирони тоҷик  бо беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дар канораҳои шарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст. Кудров дар ҳоли ҳозир ба ҳайъати ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленинград дохил мешавад, вале қарор аст, ба наздикӣ ба ҳайъати шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ карда шавад.

Солҳои охир дар Кудрово авҷи сохтмони биноҳои баланди истиқоматӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин сохтмонҳо ҳазорон муҳоҷири корӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button