ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

РАМАЗОН ҚОДИРОВ РЕЙДИ ОМОН ДАР МАСҶИДРО “БЕАДАБӢ” ВА “ҲАМЛАИ РОҲЗАНОНА” НОМИД, МУФТИЁТ БА ДОДСИТОНӢ ШИКОЯТ БУРД (ВИДЕО)

Рейдҳои афзояндаи ОМОН ба масҷидҳои мусалмонон дар атрофи Маскав ба мавҷи вокунишҳои шадидан манфӣ дар байни мусалмонон рӯбарӯ шудааст. Рӯзи 7 июли соли 2023 нирхӯҳои ОМОН вақти намози ҷумъа ба масҷиди шаҳраки Котелникии вилояти Маскавҳамла оварда, бо кафшҳои чиркини худ болои қолинҳои масҷид баромаданд. Ин қолинҳо ҳамчун ҷойнамоз истифода мешаванд ва бояд пок бошанд. Беадабона болои қолинҳо пой мондани нирӯҳои ОМОН ва рафтори таҳқиромези онҳо нисбат ба намозгузорон мавҷи интиқодҳоро ба бор овард ва онҳо муфтиёт, ё идораи мусулмонони вилояти Маскав ҳам шадидан маҳкум кард.

Рӯзи 14 июл боз ҳам дар вақти намози ҷумъа нирӯҳои ОМОН бо ҳамон тарзу усул ба масҷиди шаҳри Дзержинский, ки дар низ дар канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Маскав, дар паҳлуи Котелники, дар наздикии дарёи Маскав ҷойгир шудааст, фурӯ рехтанд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки нирӯҳои ОМОН дар ин масҷид низ бо кафшҳои чиркини худ болои қолинҳо баромада, намозгузоронро таҳқиру латтукӯб мекунанд.  Он ҳам танҳо барои он ки намозгузорон аз афроди ОМОН хостанд, аввал кафшҳои худро бикашанд ва баъд ба масҷид дароянд. Яке аз афсарони ОМОН бо лаҳни таҳқиромез хитоб ба намозгузорон гуфт, “онҷое ки шумо поятонро мешӯед, барои шустани дасту рӯ пешбинӣ шудааст, на барои шустушӯи по”.

Дар пайи рейди ахири ОМОН ба масҷиди шаҳри Дзержинский, роҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия Рамазон Қодиров бо як лаҳни тунд рафтори пулисро ба боди интиқод кашид ва “беадабӣ”, “ҳамлаи раҳзанона” ва “иғво дар ақибгоҳ” номид.


“Ман рафтори ғайрикасбӣ ва пархошҷӯёнаи кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳамчун иғво дар ақибгоҳ бо мақсади хароб кардани пойдевори сулҳу оштии байни миллатҳо меномам”, — навиштааст Рамазон Қодиров дар Telegram.
“Бидуни шакку шубҳа, чунин рафтори беадабона ва бидуни эҳтиром нисбат ба намозгузорон ҳангоми ибодатро ягон кас наметавонад ҳамчун як амри маъмул қабул кунад. Агар касе қонунҳои муҳоҷиратро вайрон карда бошад, марҳамат, дақиқ, мушаххас ва ба таври касбӣ таъқибаш кунед. Чунин аъмол бидуни риояи муқаррарот бештар ба ҳамлаи роҳзананона монанд аст ва бояд ҷазо дода шавад”, — афзудааст дар муроҷиаташ Рамазон Қодиров.

Ӯ гуфт, ба вакили Думаи давлатӣ аз Чеченистон Адам Делимхонов дастур додааст, то ин масъаларо баррасӣ кунад ва Делимхонов алакай бо волии вилояти Маскав Андрей Воробёв рейди ҷанҷолбарангези ОМОН дар масҷидҳои Котелники ва Дзержинскийро дар миён гузоштааст.

Муфтиёт, ё идораи мусулмонони вилояти Маскав гуфт, рӯзи 15 июл, алакай як рӯз баъди ҳамлаи ОМОН ба масҷиди Дзержинский ба Додситонии кулли Русия шикоят бурда, хостори аз лиҳози таҳқири эътиқодии дини мусалмонон таҳқиқ кардани рафтори ОМОН шудааст.

Сухангӯи муфтиёти вилояти Маскав Станислав Токарев ба канали “Подъём” гуфт, Додситонии кул то ҳол ба ин шикояти онҳо посух надодаастю.

 “Нирӯҳои қудратӣ ба ибодатгоҳ ҳамла оварда, кӯшиш кардаанд, ки монеи баргузории намози ҷумъа, як намози барои мусулмонон фарзӣ шаванд. Онҳо бо кафшҳои худ қолинҳои масҷидро зери по кардаанд, ки тибқи қавонини Ислом, комилан мамнӯъ аст, ҳамчунин бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон нисбат ба намозгузорон бадрафторӣ карданд”, — гуфтаанд дар муфтиёт ба хабарнигори “Подъём”. Ба ақидаи муфтиёт, рафтори ОМОН дар Котелники ва Дзержинский “қонунҳои конститутсионии мусулмононро поймол карда, дар ҷомиаи гуногунмиллату гуногундини Русия ташаннуҷ эҷод мекунад”.

Раҳбарии ҷумҳурии низ мусулмоннишини Доғистони Русия Сергей Меликов изҳори умед кард, ки ба рафтори кормандони ниҳодҳои қудратӣ баҳои лозим дода хоҳад шуд.

 “Аз таҷрибаи худ медонам, ки хидмат хидмат аст, вале дар ҳеҷ сурат набояд эҳсосоти мазҳабии дигаронро таҳқир кунед! То куҷо тасмими дар рӯзи мубораки ҷумъа дар масҷид доир кардани рейд тавҷеҳ дошт ва чаро ин афрод худро идора карда наметавонистанд? Магар инҳо намефаҳманд, ки бо чунин рафтори худ ба обрӯи сохторе, ки дар он хидмат мекунанд, соя меафкананд?” — навиштааст Меликов.

Росгвардия, ки умури ОМОН низ дар дасти ҳамин ниҳод аст, чунин вокуниши тунд ва дахолати роҳбарони ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия, ба хусус раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро, ки ба Кремл ва аз ҷумла ба президенти Русия Владимир Путин нуфузу таъсир дорад,  интизор надоштанд ва ба сурати фаврӣ тавассути вакили “худӣ”-ашон дар Думаи давлатӣ Александр Хинштейн эълон карданд, ки гӯё рейди ахир дар масҷиди шаҳри Дзержинский  кори ОМОН набуд.

 “Кормандони ОМОН ва дигар воҳидҳои Росгвардия ба рейди дирӯза дар масҷиди шаҳри Дзержинский вилояти Маскав ягон робита надоранд. Росгвардия ба ин чорабиниҳо ҷалб нашуда буд”, – навишт Хинштейн дар Телеграмаш рӯзи 15 июл, билофосила баъди нашри вокунишҳои шадидан манфии Қодиров, Меликов ва муфтиёти вилояти Маскав.

Аммо аксар инро ҳамчун кӯшиши Росгвардия ва ОМОН барои фирор аз ҷавобгарӣ мешуморанд.

“Агар ин силоҳбадастон бо навиштаи ОМОН дар пушти ҳар кадомаш аз ОМОН набуданд, пас ин маски-шоуи иғвобарангезро дар канори пойтахти Русия кӣ ташкил кард? Наход инҳо диверсантҳо аз Украина буданд, ки либоси ОМОНро пӯшида, ин корро карданд?” – бо киноя менависанд дар шарҳҳои худ мусалмонони бахашмомадаи сокини Русия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button