Номаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

САФОРАТИ РУСИЯ: МАСКАВ ДАР ПАЙИ БАРРАСИИ НОМЗАДҲОИ ДИГАР БА МАҚОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ

Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 14 июли соли 2023 изҳр дошт, ки Маскав дар пайи баррасии номзадҳои дигар ба мақоми президенти Тоҷикистон нест. Сафорат аз ягон нашрияи мушаххас ном набурд, вале гуфт, ахиран “дар яке аз пойгоҳҳои интернетии ҷумҳурӣ” хабаре нашр шуд, ки дар Маскав гӯё дар пайи баррасии номзадҳо ба ҷои Эмомалӣ Раҳмон шудаанд.

“Русия ҳамеша ба рӯҳияи иттиҳод ва мушорикати стратегӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба асли ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавриди дахолат накардан ба умури дохилии кишварҳои хориҷӣ пойбанду содиқ аст”, – гуфта мешавад дар изҳороти сафорати Русия дар Душанбе, ки расонаҳои Русия, аз ҷумла хабаргузориҳои ТАСС  ва Спутник нашр кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷанги Русия ба зидди Украина пойбандии Маскав ба асли дахолат накардан дар умури кишварҳои дигарро ҷиддан зери суол қарор додааст.

Дар изҳороти сафорати Русия таъкид шудааст, ки “мавҷи матлабҳои фейкӣ (қалбакӣ) ба зидди Русия, ки ҳадафашон беобрӯ кардани равобити роҳуфтодаи созандаи кишвари мо бо иттифоқчиёну ҳамфикронаш аст, то ба Осиё Марказӣ ҳам расидааст”.

Дар сафорати Русия чунин мешуморанд, ки “чунин матолибро бархе расонаҳои алоҳидаи бевҷидон, ки аксаран аз Вошингтон ва дигар кишварҳои нодӯсти Ғарб “маош” мегиранд, бо хушӣ рӯи даст гирифта, паҳн мекунанд”.

Сафорат боз ҳам аз ягон расонаи мушаххас ном набурда, танҳо изҳори умед кардааст, ки чунин матлабҳоро дар Тоҷикистон “танҳо бо як лабханди тамасхуромез” қабул мекунанд.

Сафорати Русия тафсилоти дигар надодааст ва сабаби нашри як изҳороти вижа дар чунин мавзӯи барои доираҳои ҳокими Тоҷикистон ҳассос рӯшан нест. Ҳарчанд, агар ин мавзӯъ дар Душанбе  “танҳо бо як лабханди тамасхуромез” қабул мешуд, гумон буд, ки сафорати Русия пиромуни он изҳороти алоҳида нашр кунад.

Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ ба синни 71 мерасад, аз соли 1992, инак беш аз 30 сол боз бар ин ҷумҳурии собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекунад. Бори охир ӯ соли 2020 интихоботи президентӣ доир карда, замони раёсати худро то соли 2027, ки алакай ба синни 75 хоҳад расид, тамдид кард.

Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша таҳти ҳимояти Кремл қарор дошт, вале дар вақтҳои охир гузоришҳо дар бораи танишҳо байни Маскаву Душанбе пиромуни бархе масоили муҳим, аз ҷумла пайвастани Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки Маскав сахт тақозо дорад, ва мавқеи Душанбе нисбат ба ҷанги Русия ба зидди Украина, зиёд шудааст. Ба ақидаи бархе нозирон, Кремл умедвори пазироӣ ва ҳатто пуштибонии ошкортари Душанбе аз он чист, ки Украина ҷанги густарда бо ҳадафи ишғоли қаламрави ин кишвар меномад, вале дар Русия онро ҳамчунон сарсахтона “амалиёти ҳарбии махсус” унвон мекунанд.

Сафорати Русия дар Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Сокини ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуяд:

    Албатта, Москва дар пайи баррассии номзадҳои дигар нест, чунки аз эмомалӣ дида содиқтар ва осон***тар шахси дигаре пас аз 30-соли истиқлол пайдо карда наметавонад. Аммо, ба ин ҳам мутмаъин бояд бошем, ки ҳар касе, ки дар Тоҷикистон сари қудрат биояд, “қибла”-и сиёсияш Кремл хоҳад буд. Дар Арманистону Қирғизистон ҳокимон тез-тез иваз мешаванд, вале садоқат ба Маскав ҷузъи “савганд”-ашон аст! Вагарна, чаро аввалин сафари хориҷии Шавкат Мирзиёев баъд аз президенти Ӯзбекистон шуданаш ба Маскав бошад? Ё Сардор Бердӣ-Муҳаммадов? Ё Қосимҷон Тоқаев (Қосим-ҷомарт Тақаев)? Иллоҳо Украина, ки ба зоҳир мазлум аст, бар Россияи золим ғолибаш кун, омин!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button