ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

НИРӮҲОИ ОМОН БОЗ БО КАФШҲОИ ЧИРКИН ВОРИДИ МАСҶИД ШУДАНД. МУСУЛМОНОН ОНҲОРО МАҶБУР КАРДАНД, КИ КАФШҲОЯШОНРО БАРОВАРДА, БАЪД ДАРОЯНД (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои нави рейди нирӯҳои мусаллаҳи ОМОН дар як масҷид дар канори Маскав нашр шуд. Гуфта мешавад, ин рейд рӯзи 14 июли соли 2023, вақти намози ҷумъа дар масҷиди шаҳри Дзержинский, воқеъ дар шарқи Маскав, дар канори шаҳраки Котелники, сурат гирифтааст. Рӯзи 7 июл, боз ҳам дар вақти намози ҷумъа чунин рейди ОМОН дар масҷиди Котелники сурат гирифта буд.

Дар видео дида мешавад, ки нирӯҳои ОМОН силоҳ дар дасту каска дар сар вориди масҷид шуда, бо кафшҳои чиркини худ болои қолинҳое, ки мардум болои онҳо намоз мехонанд, беадабона қадам мезананд ва ҳар нафареро, ки ба ин беадабии онҳо эътироз мекунад, мезананд.

Вале мусалмонон ба онҳо гардан надоданд ва дар ниҳоят маҷбур карданд, ки аз масҷид бароянд, аввал кафшҳои худро аз пой бикашанд ва танҳо баъди ин ба рейди худ давом диҳанд.

Шаҳраки Котелники аз миёнаи моҳи май, инак ду моҳ боз ба майдони рейдҳои доимии ОМОН табдил ёфтааст. Ин рейдҳо дар пайи муроҷиати сокинони маҳаллаи ба президенти Русия Владимир Путин бо шикоят аз афзоиши шумори муҳоҷирон, бахусус тоҷикҳо, дар Котелники буд. Онҳо аз ҷумла хостори бастани масҷиде шуданд, ки муҳоҷирон барои адои намозҳои худ дар як гӯшаи як бинои 17-қабата  барои худ дуруст кардаанд. Сокинон мегуфтанд, дар инҷо то 1000 нафар барои намоз ҷамъ мешаванд ва онҳо барои гузоштани мошинҳои худ ҷо намеёбанд.

Чанд рӯз пеш, дар пайи рейди навбатии ОМОН, ки рӯзи 7 июл, низ вақти намози ҷумъа сурат гирифт, гуруҳе  аз намозгузорони  масҷиди Котелники низ ба Владимир Путин муроҷиат карда, хостанд, ки пеши роҳи қонуншиканӣ таҳқири мусулмонон аз сӯи ОМОНро бигирад.

Дар муроҷиати видеоии  намозгузорон гуфта мешавад, ки рӯзи ҷумъаи 7-уми июли соли 2023, ҳангоми гузоштани намози ҷумъа нирӯҳои  ОМОН вориди масҷид шуда, намозгузоронро таҳқир кардаанд.

“Кормандони ОМОН бо пойафзол вориди масҷид шуданд ва нисбати намозгузорон аз нерӯ истифода карданд. Онҷо занҳову кӯдакон низ буданд. Вақте намозгузорон, ки аксаран шаҳрвандони Русия ҳастанд, аз онҳо талаб карданд, ки сабаби чунин бархӯрдро шарҳ диҳанд, нерӯҳои интизомӣ аз сӯхторхомӯшкунак истифода карданд”, – гуфта мешуд дар навор.

Мусулмонони Котелники гуфтанд, ки чунин рафтори кормандони ОМОН ба ризоият дар ҷомиа ва сулҳу оромиши байни динҳои гуногун дар Русия зарбаи сангин мезанад.

Аммо пулис дар ҳисоботи худ таъкид кардааст, ки дар ҷараёни ин рейд дар  Котелники ҳудуди 70 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират боздошт карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Академики академияи олии илмҳо гуяд:

    Дар россия “қонуни ҷангал” амал мекунад, қонуни башар “агенти хориҷӣ” унвон гирифтааст. Муттассифона, русҳо дар фикри пайдо кардани “дӯст” нестанд, баръакс натанҳо ҳамсояҳову “шарикони стратегӣ”-и худ, балки қавму миллатҳои дохили россияро ба худ душман кардаанд. Дуъо мекунем ва умедворем, ки Украина “бародар”-и ишғолгару ғосибашро ба қисматҳо порра карда, русҳои карахтро дар элчаи мурғ ҷо мекунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button