ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУҲОҶИРИ ТОҶИК ФИРӮЗ САЛИМОВ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД. АЗ Ӯ 4 ФАРЗАНД ЯТИМ МОНД (ВИДЕО)

Шаҳрванди Тоҷикистон Фирӯз Салимов, ки моҳи октябри соли 2022 зану 4 кӯдакашро дар  шаҳри Екатеринбург танҳо монда, ихтиёран ба ҷанги зидди Украина рафта буд, кушта шудааст. Дар ин бораи рӯзи 14 июли соли 2023 нашрияи маҳаллии УРА.РУ хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, Фирӯз Салимовро дар ватанаш, Тоҷикистон ба хок месупоранд.

Ҳамсаффони ӯ ба УРА.РУ хабар додаанд, ки “Фирӯз бо ҳамяроқонаш зери тирборон қарор гирифтанд. Фирӯз чанд нафар аз майдони ҷанг баровард, вале худаш таркид ва ҷон бохт. Ӯро дар Тоҷикистон дафн мекунанд”.

Тафсилоти дигари кай ва дар куҷои Украина кушта шудани Фирӯз Салимов дар даст нест.

Ҳамин расонаи УРА.РУ моҳи октябри соли 2022 хабар дода буд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Фирӯз Салимов, ки зодаи Душанбесту 10 соли охир дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар сохтмон кор мекард, зану 4 кӯдакашро дар  Екатеринбург монда, худаш ихтиёран ба ҷанги Украина меравад. Фирӯз Салимов он вақт ба УРА.РУ гуфта буд, “барои ҳимояти Русия аз душман ба ҷанг меравад”.

 “Барои ман ин масъалаи номус аст. Мард бояд Ватан, падару модар ва зану фарзандонашро аз душман ҳимоят кунад. Ба ҳамин хотир ман худро ҳамчун ихтиёрӣ номнавис кардам. Имрӯз ҳамаи сокинони Русия бояд муттаҳид шуда, аз Владимир Путин пуштибонӣ кунанд. Чунки мо имрӯз  таърихро барои наслҳои оянда менависем. Мисли бобоёни мо, ки соли 1945 таърихро барои мо навишта буданд”, — бо чунин суханони баланд изҳори назар карда буд Фирӯз Салимов.

Фирӯз Салимов ба нуқтаи ҷамъоварии сарбозони қарордодӣ борхалтааш дар даст омада буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳамсараш барои ӯ ҳамчун тӯшаи роҳ дар танӯр нони тоҷикӣ пухтааст.  “Ман тайёр шуда омадам. Борхалтаам бо ман аст ва омодаам, ки ҳамин ҳоло ба маҳалли амалиёт биравам. Ҳамсарам бароям чанд нони тоҷикӣ пухтааст. Ва боз ҳар хел шириниҳо гузоштааст дар борхалта”, — нақл карда буд Фирӯз Салимов.

Ӯ ҳамчунин хабар дода буд, ки ӯро ба баталйони десанти ҳавоӣ қабул кардаанд. Фирӯз қаблан дар артиши Тоҷикистон хидмат карда, рутбаи сержант дошт.

Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки тасмимаш аҳли хонаводаро зиқу хавотир кард, вале онҳо аз ӯ пуштибонӣ мекунанд: “Наздиконам, ба хусус ҳамсарам, дар ташвиш афтодаанд, вале ҳамсарам маро дастгирӣ мекунад. Албатта, вазнин аст вақте ки кӯдаконро дар хона гузошта меравед. Вале ман боварӣ дорам, ки фарзандони ман, бахусус се писарам, бо ман ифтихор хоҳанд кард”.

Хонаводаи Фирӯз Салимов ҳанӯз хабари марги ӯро шарҳ надодаанд.

Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла овард. То имрӯз садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон барои иштирок дар ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона “амалиёти махсуси ҳарбӣ” меноманд ва барои ҷанг номидани он ҷазо муқаррар кардаанд, сафарбар шуданд.

Дар байни сафарбаршудагон ҳам он тоҷиконе ҳастанд, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ҳам шаҳрвандони худи Тоҷикистон, ки бо умеди зудтару осонтар ба даст овардани шаҳрвандӣ барои рафтан ба ҷанг  розӣ шудаанд, ва ҳам даҳҳо маҳбуси тоҷике, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекарданд ва ваъда гирифтанд, ки баъди чанд моҳи иштирок дар ҷанги зидди Украина афв ва озод хоҳанд шуд.

То имрӯз, ба ҳисоби расонаҳои ББС ва “Медиазона”, дар ҷанги зидди Украина аз тарафи Русия аз 47 ҳазор то 55 ҳазор афсару аскар кушта шудаанд. Дар байни онҳо даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла тақрибан 30 маҳбуси тоҷик низ ҳаст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button