ВидеоНомаҳо ба президент

ҲАР ШАБ ОБРО ҚОҚ МЕКУНАНД. ДАР ИН ГАРМО АЗ БЕОБӢ БА ҶОН ОМАДАЕМ! ШИКОЯТИ СОКИНОНИ КӮЧАИ ИСПЕЧАК-2

Як гуруҳи сокинони кӯчаи Испечак-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ирсоли як видео ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” шикоят карданд, ки инак чанд ҳафта боз аз беобӣ дар ин рӯзҳои гармои тоқатфарсои тобистон ба ҷон омадаанд ва аз мақомоти масъули пойтахт хоҳиш мекунанд, ки ба мушкили сокинон ҳарчӣ зудтар расидагӣ кунанд.

“Аз Шумо хоҳиш, 1 ё 2 моҳ шуд,  ш.Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак-2 ҳар шаб аз соати 22:00 обро қоқ мекунанд. Дар ин фасли гармои тоқатфарсо аз кор меоем, об нест, ки оббозӣ кунем ваё либосҳои дар арақи бадан тарро бишӯем. Аз масьулини идораи обу корез (“Водоканал”) пурсида мешавад, ки сабаби  қоқ кардани об чист? Ва ин ҳол то кай давом мекунад?” – менависанд сокинони кӯчаи Испечак-2.
Онҳо аз масъулин хостаанд, ки ба мардум дар ин рӯзҳои гармо ҷабр накунанд ва обашонро ҳарчӣ зудтар сар диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button