Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ДУХТАРЧАИ 11-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР ВОСЕЪ ВА 3 ДУЗДӢ ДАР ФАРХОРУ РАШТУ ДУШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 15.07.2023

Ҳалокати духтарчаи ноболиғ бар асари ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

63

12-уми июли соли 2023, тахминан соати 20:05, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидзода Меҳроҷ Шералӣ, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ятимова Гадойбегим Муродалиевна, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Ятимова Г. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Муайян ва ошкор шудани ҷиноятҳои дуздӣ

12

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Л.Лангариев ворид шуда, аз онҷо маҳсулоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рашт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аввалҳои моҳи июни соли 2023 бо мақсади дуздӣ, бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт як сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, 30-юми июни соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи Арбобхотуни пойтахт қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ вориди автомашинаи шахсии тамғаи «Лексус», ки ба марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз дохили он 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button