ВидеоКоррупсияТоҷикистон

МАНБАЪ: ДИЛШОДИ КРАСАВЧИКРО АЗ ФУРУДГОҲ МАСКАВ РОСТ БА УКРАИНА БУРДАНД

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 14 июли соли 2023 хабар дод, ки Дилшод Саидмуродов (муллақаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”), саркардаи гуруҳи рабояндагони муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, ба эҳтимоли ғолиб, ҳоло дар қаламрави сарзаминҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи Украина қарор дорад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, субҳи 25 июни соли 2025, ки Дилшод Саидмуродов аз Душанбе ба Маскав парвоз кард, ӯро дар фурудгоҳи пойтахти Русия ҳамсабақони донишгоҳиаш пешвоз гирифта, ба Украина, ба қароргоҳи яке аз пойгоҳҳои ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” фиристодаанд. Дилшод Саидмуродов соли 2006 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербургро хатм карда, як муддат дар пулиси Русия кор кардааст.

“Раҳбари “Вагнер” Евгений Пригожин бо “буққагӣ” ва писанд накардани мақомоти Русия ном баровардааст ва ҳеҷ гоҳ одамонашро, ки аксаран аз ҳисоби дузду раҳзану маҳбусони собиқ ҷамъ овардааст, ба мақомот намесупорад. Гузашта аз ин, дар сарзаминҳои ишғолшудаи Украина ниҳодҳое, чун пулис, дуруст кор ҳам намекунанд. Ин метавонад дар роҳи боздошт ва истирдоди Дилшод Саидмуродов, ҳатто дар сурати ба ин кор майл нишон додани мақомоти Русия, мушкил пеш биорад. Ба болои ин, дар сурати ниҳоӣ шудани сарнавишти ЧВК “Вагнер” Саидмуродовро метавонанд ба ягон ниҳоди дигар гузаронанд ваё ба ягон пойгоҳи пойгоҳи дигари “Вагнер”, барои мисол, ба Беларус ё ба ягон кишвари Африқо ё Ховари Миёна интиқол диҳанд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Мушкили дигар, ба ақидаи ӯ, шаҳрвандии Русияро доштани Дилшод Саидмуродов аст.

“Ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон дар саффи мақомот кор кардан бо шаҳрвандии кишварҳои дигарро манъ мекунад, Саидмуродов бо шаҳрвандии Русия чандин сол дар чандин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор кард. Русия бар асоси қонунҳояш, шаҳрвандони худро ба кишвари дигар истирдод намекунад. Албатта, метавонанд мисли Иззат Амон аввал шаҳрвандиашро бекор кунанд ва сипас ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷаш кунанд. Вале барои ин, мақомоти Русия бояд аввал ӯро аз дасти ЧВК “Вагнер” бигиранд, ки кори осоне нест”, – афзуд ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи макони будубоши Дилшод Саидмуродов ба ҷуз инки ӯ билофосила баъди куштану ба дарё партофтани ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ба Русия фирор кардааст, маълумоти дигаре надодаанд.

Аммо қаблан манобеи “Бомдод” хабар дода буданд, ки Саидмуродов ва чанде дигар  аз шарикони аз Тоҷикистон фироркардаи ӯ, дар Русия ё Украина дар яке аз пойгоҳҳо ё базаҳои ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” паноҳ бурдаанд.

 Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод,  изи “Дилшоди Красавчик” ва шариконашро бояд дар базаҳои  ЧВК “Вагнер” ҷустуҷӯ кунанд. Ин дар ҳолест ки ЧВК як гуруҳи пурнуфуз ва худсарест, ки дар сафҳои худ ҳазорон маҳбуси собиқро муттаҳид ва мусаллаҳ кардааст, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба афроди “Вагнер” ва пойгоҳҳои он амалан дастрасӣ надоранд.

Манбаи “Бомдод” гуфта буд: “Аксари аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятии таҳти раҳбарии “Дилшоди Красавчик” то рабудани Шуҳрат Исматуллоев дар саффи ЧВК “Вагнер” дар Украина меҷангиданд. Рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” низ шоми 23 июни соли 2023, дар соатҳои сурат гирифт, ки молики “Вагнер Евгений Пригожин дар Русия даст ба ошӯби мусаллаҳона зада буд. Саидмуродов ҳаммаслакони худро ҳангоми дар ЧВК “Вагнер” хидмат карданаш аз байни тоҷикҳое ҷамъ оварда буд, ки барои пул кор кардан, ё гирифтани шаҳрвандии Русия ваё бо ваъдаи авфу озодӣ аз маҳбасҳои Русия ба ин ширкати ҳарбӣ пайваста буданд. Нақшаи рабудани Исматуллоевро низ онҳо ҳангоми дар саффи ЧВК “Вагнер” буданашон кашида, ба Душанбе фақат барои он омада буданд, ки ин корро анҷом дода, пулу моли ин бонкдорро ба даст биоранд ва боз ба Русия баргашта, дар пойгоҳҳои ЧВК “Вагнер” пинҳон шаванд”.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гуруҳи муташаккили ҷиноятии Дилшод Саидмуродов нақшаи рабудани Исматуллоевро ҳанӯз моҳи марти соли 2022 кашида буд. Ба иттилои додситонӣ, ин даста беш аз 10 нафарро дар бар мегирифт, ки аз ин шумор 5 нафар дастгир шуда, бақия фирор кардаанд. Аз ҷумла рӯзи 24 июн, билофосила баъди бо шиканҷа куштани Шуҳрат Исматуллоев дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Маскав ва Шоҳрух Хоҷаев ба Туркия парвоз кардаанд.

Ҳафтаномаи “СССР”  хабар дод, ки Саидмуродов аз фурудгоҳи Душанбе тавассути толори СИП ба Русия парвоз кардааст. Манобеи дигар мегӯянд, ки ӯ ҳамроҳи ҳамсари дуюмаш парвоз карда, фарзандонашро ҳамроҳи дояашон ҳанӯз як рӯз қабл, яъне пеш аз рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” ба Русия фиристода буд.

Рустам Ашӯров, нафари чоруме, ки мустақиман дар рабудани Исматуллоев аз назди хонааш даст дошт, рӯзи 25 июн ба Туркия ва рӯзи 30 июн аз онҷо бо қасди расидан то ба ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо ба Молдова фирор кард, вале дар фурудгоҳи Кишинёв ду афсари молдованро кушт ва худаш низ 10 тир хӯрда, шоми 3 июл ба ҳуш наомада, ҷон дод. Молдова ҷасади ӯро ба яке аз хешовандонаш супурд ва рӯзи 9 июл ҷасади Ашӯровро барои дафн ба Тоҷикистон оварданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷустуҷӯи ҷасади  Шуҳрат Исматуллоев дар дарёи Зарафшон ҳамчунон идома дорад. Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, дар гузашта раҳбари намояндагии ширкати пулфиристии “Вестерн Юнион” дар Тоҷикистонро бар уҳда дошта, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд.

Ӯро шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, бурданд.

Рустам Ашӯров дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва ӯ мурдаашро бурда, ба дарё партофт.

Бино ба иттилои тафтишот, ҷасади Исматуллоевро одамрабоён ҳамроҳи мошини “Ҳюндай Соната” дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Километри 130-юм дар наздикии маркази ноҳияи Айнист. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев аз ноҳияи Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷараён дорад, вале то ҳол бенатиҷа.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. “Бори каҷ ба манзил намерасад”
    Тоҷик барои тоҷик ҳеч арзише надорад, барои “вагнер” арзиш доштааст? Тоҷикистон узви ОДКБ аст, бо ин каналҳо ӯро дастрас карда метавонанд. “Вагнер” дигар майли ҷангидан надорад, талафоти зиёд, камбуди яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ, ихтилоф миёни нерӯҳои вазорати мудофиа, нерӯҳои Қодиров (Кадыровцы) ва “Вагнер” боиси ақибнишинии “вагнер” аз майдони ҷанг шудааст. Ҳамсари якуму дуюми Дилшод Саидмуродов бо фарзандону дояашон дар иҳотаи ВКД Россия аст, ҳатто агар Дилшод таслими асорати Украина шавад, боз ҳам бефоида аст, ӯро бо 10-асири украинӣ иваз мекунанд. Дилшод медонад, ки Тоҷикистон ӯро аз дилхоҳ нуқтаи СНГ дастрас карда метавонад, ягона роҳ бо паспорти нави русӣ бо иваз кардани ному насаб ба Мексика фирор кунад, аз онҷо ғайриқонунӣ вориди ИМА шавад, чуноне ки ин шабу рӯз ҳазорҳо нафар аз Россия (натанҳо аз Россия) бо ин роҳ ба Амрико мерасанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button