ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЯК ҶАВОНЗАНИ ТОҶИКРО ДАР ПЕТЕРБУРГ ЗАДА-ЗАДА КУШТААНД. МУТТАҲАМ – ЯК ТОҶИКИ ДИГАР

Дар ноҳияи Централний ё Марказии шаҳри Санкт-Петербурги Русия хешовандон аз бенишон шудани як ҷавонзани 30-сола зодаи Тоҷикистон дар ташвиш афтода, шабона ба хонаи ӯ дар кӯчаи 10-ум Советская омадаанд ва мутаассифона, ҷасади ӯро бо осори зиёди латтукӯб пайдо кардаанд. Барои куштори ин ҷавон як марди 37-солаи низ зодаи Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Бино ба гузориши нашрияи маҳаллии “Нева Тудей”,  наздикиҳои нимашаби чоршанбе, 12 июли соли 2023,  ба пулис дар бораи ёфт шудани як ҷасад дар манзиле дар кӯчаи 10-ум Советская  хабар додаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҷасади як зани 30-солаи зодаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд.

Ҷасадро бо аломатҳои зиёди латтукӯб, аз ҷумла варамҳо ва омочи хун, ба морг фиристодаанд ва ташхис бояд сабаби марги ин ҷавонзанро маълум кунад.

Хешовандони ин зан, ки дар он манзил қарор доштанд ва маҳз онҳо ба пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” занг задаанд, хабар додаанд, ки ин ҷавонзан ба зангҳо ҷавоб намедод ва онҳо маҷбур шуданд, ки дари манзили иҷораи ӯро ба зӯр кушода, дароянд. Он гуфтаанд, ки мурдаи ҷавонзанро дар рӯи кати хобаш пайдо кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушода, як  ҳамшаҳрии ин ҷавонзанро, ки 37 сол дорад, бо гумони даст доштан дар латтукӯб ва куштани ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Ба ӯ барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои мухталиф то 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору зист ва садамаҳову бемориҳо аз иллатҳои асосии маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд. Вале ҳар сол дар ин мулки ғурбат даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон бо марги маҷбурӣ тарки дунё мекунанд. Чандин нафари онҳо, мутаассифона, бо дасти ҳамватанҳои худашон кушта мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button