ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ИСТЕЪФОИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ МОЛДОВА ДАР ПАЙИ ДУ АФСАРРО КУШТАНИ РУСТАМ АШӮРОВ

Вазири корҳои дохилии Молдова Анна Ревенко рӯзи 14 июли соли 2023 истеъфо дод. Истеъфои ӯ дар пайи тирпарронии шоми 30 июн дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти Молдова аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров баъди роҳ дода нашуданаш ба ин кишвар силоҳи афсари марзбони Молдова Сергей Мунтянуро аз дасташ кашида гирифт ва ӯву ходими амнияти фурудгоҳ подполковники мустаъфӣ Игор Чофуро кушт. Анна Ревенко аз соли 2021 роҳбарии ВКД Молдоваро бар уҳда дошт. Ӯ ҳанӯз истеъфои худро шарҳ надодааст,

Сарвазири Молдова Дорин Речан рӯзи 14 июл эълон кард, ки “се вазир аризаи истеъфо навиштаанд –  вазири корҳои дохилӣ Анна Ревенко, вазири маориф Анатолий Топалэ ва вазири зербино ё инфраструктура Лилия Дабижа”.  Речан гуфт, рӯзи душанбе, 17 июл номзадҳои нав ба раҳбарии ин се вазоратро ба президенти Молдова Майя Санду  пешниҳод хоҳад кард.

Речан қаблан гуфта буд, ки рӯзи 14 июл дар ҷаласаи ҳукумат мавзӯи тирпарронӣ дар фурудгоҳ баррасӣ шуда, бар асоси натиҷаҳои ин нишаст “тасмимҳои мураккаб, вале лозим, аз ҷумла тасмимҳои кадрӣ гирифта хоҳанд шуд”.

Оппозитсияи Молдова қабл ҳукумати кунунии ин кишварро ба наандешидани чораҳои лозим барои таъмини амният дар фурудгоҳ айбдор карда буд. Аз ҷумла вазири собиқи корҳои дохилӣ Виктор Катан ҳукуматро айбдор кард, ки мехоҳад доманаи ҷанҷоли тирпарронӣ дар фурудгоҳро хурд нишон диҳад. Ӯ ин ҳодисаро натиҷаи ихтисори башиддати шумори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба кор гирифтани афсарони ҷавон ва бетаҷриба номид.

Вале сарвазир Дорин Речан ахиран бори дигар ба амалкардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни ҳодисаи тирпарронӣ дар фурудгоҳ баҳои баланд дод ва гуфт, пулиси марзбонӣ ба таври ҳирфаӣ рафтор карда, тирандоз Рустам Ашӯровро муҳосира кард ва имкон надод, ки касеро гаравгон бигирад.

Ҷасади ди Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро, ки шоми 30 июн ду афсари Молдоваро дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти ин кишвар кушт ва худ шоми 3 июл бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон дод, рӯзи 9 июл аз Молдова ба Тоҷикистон оварда шуд. Мақомоти Молдова ҷасади ӯро ба як хешовандаш, ки махсус барои овардани ҷасади ӯ ба Молдова рафта буд, додаанд.

Рустам Ашӯров дар Тоҷикистон ба даст доштан дар яке аз пурсарусадотарин ҷиноятҳои солҳои охир: рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев айбдор мешуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, Дилшод Саидмуродов (муллақаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”) гуруҳи муташаккилонаи ҷиноиро иборат аз беш аз 10 нафар ташкил дода, ҳанӯз моҳи марти соли 2022 нақшаи дуздидани Исматуллоевро кашидаанд. Бино ба гуфтаи тафтишот, шоми 23 июн, тақрибан соати 20:10 4 узви ин гуруҳ: худи Дилшод Саидмуродов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Акбар Ахмедов Исматуллоевро аз назди хонааш дар маркази Душанбе рабуда, ба мошини “Ҳюндай Соната”, рангаш сиёҳ бор кардаанд ва ба як хона дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурда, то соати сеи шаби 24 июн, яъне тӯли қариб 7 соат шиканҷа додаанд. Мутаассифона, Исматуллоев ба ин шиканҷаҳо бо истифода аз мушту лагат, автофен, электрошокер ва таҷҳизоти дигар тоб наоварда, ҷон додааст ва мурдаи ӯро бурда, ҳамроҳи мошини “Ҳюндай Соната” дар километри 130юми шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Рустам Ашӯров дар охирин суҳбати худ бо модараш, ки аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован занг зада буд, эътироф кард, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва мурдаашро ӯ бурда, ба дарё партофт.

Додситонӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса 5 нафар дастгир шудаанд, вале чоргонаи асосӣ аз кишвар фирор кардаанд. Аз ҷумла Саидмуродов ва Ахмедов рӯзи 24 июн ба Русия ва Шоҳрух Хӯҷаев ҳамон рӯз ба Туркия фирор кардаанд. Рустам Ашӯров рӯзи 25 июн ба Туркия ва рӯзи 30 июн аз Истанбул ба Молдова парвоз кардааст, то сипас дар ягон кишвари узви Иттиҳоди Аврупо пинҳон шавад, вале ӯро ба қаламрави Молдова роҳ надодаанд ва вақте мехостанд, ки ӯро ба Туркия бозпас фиристанд,  ӯ пистолети афсари марзбони Молдоваро кашида гирифта, ин афсар ва як корманди хадамоти амнияти фурудгоҳи Молдоваро куштааст. Худи Ашӯров дар ҷараёни амалиёти боздошташ 10 тир хӯрда, шоми 3 июл дар бемористон ҷон дод.

Дар бораи шахсияти Рустам Ашӯров маълумоти зиёде то кунун нашр нашудааст. Мақомоти Молдова гуфтанд, ки ӯ қаблан 7 сол дар ВКД Тоҷикистон хидмат кардааст, вале барои рафтори ношоиста аз саффи мақомот ронда ва барои ғоратгарӣ ва куштор маҳкум ба зиндон ҳам шуда буд.

Ҳафтаномаи “СССР”, чопи Душанбе тавонистааст дар бораи шахсияти Рустам Ашӯров маълумоти муфассалтареро ба даст оварда, нашр кунад:

ТАРҶУМАИ ҲОЛИ РУСТАМ АШӮРОВ

Ашӯров Рустам Каримович, санаи таваллуд: 25.03.1980, зодаи ш.Душанбе, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, н.Шоҳмансур, к.С.Айнӣ, бинои 42, блоки 4, ҳуҷраи … (қаблан то санаи 30.12.2019 дар қайди кӯчаи Ҷ.Расулов, хонаи 5 қарор дошт), миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии ҳуқуқшиносӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, бекор, қаблан бо моддаи 249, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳзанӣ) суд шудааст.

Номбурда соли 1998 МТМУ №6 –и н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2003-2004 дар қисми ҳарбии №3502 РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намудааст.

Соли 2010 баъди адои хизмати ҳарбӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дохил шуда, то соли 2012 дар вазифаи эксперт – криминалисти ШВКД – 2 дар н.Синои ш.Душанбе кору фаъолият намуда, соҳиби рутбаи лейтенанти калони милитсия гаштааст.

Соли 2012 барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 249 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, яъне роҳзанӣ бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гашта, соли 2019 ба озодӣ баромадааст ва бо шаҳрванд А.Ф. оила барпо намуда, дар зиндагонии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд гардида, дар суроғаи ш.Душанбе, н.Шоҳмансур, к.С.Айнӣ, бинои 42, блоки 4, ҳуҷраи … истиқомат мекарданд.

Эзоҳ: Чунин ба назар мерасад, ки ду фарзанди дигари вай аз зани якумаш аст, чун дар умум 4 фарзанд доштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button