ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: АЗ 14 ТО 17 ИЮЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВОИ ПУРЧАНГУ ҒУБОР ШУДА, СЕЛ МЕОЯД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ дигарбора ҳушдор дод, ки рӯзҳои 14-17 июли соли 2023 дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари шиддати шамол аз самти ҷанубу ғарб (бо суръати 20-25 м/с) ва рӯзҳои 15-17 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои пурчангу ғубор дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии шимолии вилояти Суғд ва ноҳияҳои  ҷанубу шарқии ВМКБ олудагии ҳаво аз ҳисоби зарраҳои чанг ба андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) хоҳад буд.

Рӯзҳои 13-14 июл дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд.

Селроҳаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳои маҳалли худро ҳамеша  тоза нигоҳ доранд, то об роҳи бе мамониат берун рафтан дошта бошад.

Дар чунин рӯзҳо рафтан ба доманакӯҳҳову соҳили рӯдхонаҳо барои ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои доруворӣ, моҳидорӣ, шикор маслиҳат дода намешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button