ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

БОНКИ МУФЛИСШУДА БА ШИРКАТИ ЯКРӮЗАЕ, КИ ҲАМАГӢ 500 СОМОНӢ САРМОЯ ДОШТ, 2 МИЛЛИОН ЕВРО (!!!) ҚАРЗ ДОДА БУД

Як гуруҳи амонатгузорони бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” бо гузашти 6 сол аз қатъи фаъолияти ин бонк ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, додситони кул Юсуф Раҳмон ва дигар роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хостаанд, ки барои рӯёндани пасандозҳои дар ин бонк аз даст додаи онҳо кумак кунанд.

Онҳо мегӯянд, муфаттиши парвандаи раиси “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев бо сабабҳои ба онҳо номаълум амонатгузорони ин бонкро дар ин парванда ҷабрдида эътироф накард ва манфиатҳоро онҳоро тамоман ба назар ва ба ҳисоб нагирифт.

“Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки Зиёев Ҷамшед, собиқ раиси Тоҷпромбонк, дар рафти тафтишоти Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 амволашро, ки 250 милион сомониро ташкил медиҳад, ба муфаттиши Прокуратураи Генералӣ пешниҳод намуда, дар назди амонатгузорони Тоҷпромбонк ба ӯҳдадорӣ гирифт, ки аз ҳисоби амволаш қарзи пасандозҳои амонатгузорони Тоҷпромбонкро баргардонад. Муфаттиш ба Суди ноҳияи Синои шахри Душанбе барои ҳабс гирифтани амволи Зиёев Ҷамшед пешниҳод намуд. Судяи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амволи пешниҳод намудаи Зиёев Ҷамшедро бо қарори муфаттиши Прокуратураи Генералӣ дар ҳабси худ гузошт, вале то ҳол бо сабабҳои ба мо номаълум амволи ҳабсшуда ба моликияти Тоҷпромбонк нагузашт, то ки амонатҳои пасандозгузоронро баргардонанд. Судя на мусодира кард амволи Зиёев Ҷамшедро, ки мебоист ба тавозуни Тоҷпромбонк мегузошт, на аз ҳабси худ озод кард”, – навиштаанд амонатгузороне, ки 6 сол боз пули худро аз “Тоҷпромбонк” пас гирифта наметавонанд,

Амонатгузорон мегӯянд, бо машваратҳои пайвастаи муфаттиши Додситонии кул ва додраси додгоҳи ноҳияи Сино бо даъвоҳои хусусӣ барои рӯёндани пули худ аз ҳисоби молу мулки Зиёев ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карданд, вале додраси ин додгоҳ низ натавонист масъаларо ҳал кунад ва аризаи даъвогии амонатгузорони Тоҷпромбонкро рад карда, имкон надод, ки онҳо дар парванда ҳамчун ҷабрдида эътироф шаванд.

Амонатгузорон дар номаи худ чанд мавридҳои ҳайратангези чӣ гуна ба тороҷ рафтани дороиҳои Тоҷпромбонкро низ овардаанд, ки аз мутолиааш кас ангушти ҳайрат мегазад.

“ТАҚДИМ”-И 2 МИЛЛИОН ЕВРО ҚАРЗ БА ШИРКАТИ ЯКРӮЗАЕ, КИ ҲАМА САРМОЯАШ 500 СОМОНӢ БУД

ҶДММ “Ҷаҳон Сайр” САНАИ 23 январи соли 2013 ба қайд гирифта шудааст, фонди оинномавиаш 500 сомониро ташкил медод. Суроғаи ин ширкат дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Маҳмадалӣ бинои №62 ҷойгир шуда, муассис ва директораш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯзи Ҳасан мебошад.

ҶДММ “Ҷаҳон Сайр” алакай баъди як рӯзи ба қайд гирифта шуданаш, яъне 24 январи соли 2013 ба ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” бо мактуб муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки барои харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймои тамғаи BOENG 737, AIRBUS A319 ва 230 бо кафолати ширкати ҳавопаймоии XL HAMBURG AIRWAYS EUROPEAN -и Ҷумҳурии Федеративии Олмон, директораш шаҳрванди Ҷумҳурии Федералии Олмон Сергей Феггер, ба ӯ қарзи кӯтоҳмуддат ба маблағи 2.000.000 (ду миллион!!!) ЕВРО дода шавад.

Аризаи ширкати номбурда худи ҳамон рӯз, яъне 24 январи соли 2013 бо кумитаи қарзии Тоҷпромбонк вогузор карда шуда, худи ҳамон рӯз ҷаласаи кумита гузаронида шуда, барои додани қарз розигӣ дода шудааст. Баъдан худи ҳамон рӯз, яъне 24 январи соли 2013 ҷаласаи Раёсати Бонк, бинобар маблағи калон будани қарзи додашаванда, гузаронида шуда, барои додани қарз розигӣ дода шуда, худи ҳамон рӯз шартномаи қарзи таҳти рақами 03-13 аз 24 январи соли 2013 байни ҶСП Тоҷпромбонк ва ҶДММ Ҷаҳон Сайр ба 2.000.000 (ду миллион) ЕВРО бо мӯҳлати 3 моҳ, яъне аз 24 январи соли 2013 то 24 апрели соли 2013 бо меъёри 24% солона баста шудааст. Дар натиҷа, алакай рӯзи 25 январи соли 2013 маблағи 2.000.000 (ду миллион) ЕВРО ба суратҳисоби асъорӣ хориҷӣ ҶДММ “ҶАҲОН САЙР” гузаронида шудааст.

Сипас ҶДММ ҶАҲОН САЙР бо мақсади иҷрои шартнома бо ширкати SOLUTION EXPRESS GmbH -и Ҷумҳурии Федеративӣ Олмон, ки директораш Юлия Фиггер, ҳамсари директори ширкати Олмонии XL HAMBURG AIRWAYS EUROPEAN – Сергей Феггер мебошад, барои харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо, масолеҳи ёрирасон, ашёи хоми истеҳсолӣ ва ғайра мувофиқи аризаи интиқоли ҷамъияти номбурда аз 25 январи соли 2013 таҳти рақами 1 дар асоси ду супоришномаи пулгузаронӣ таҳти рақами 5 аз 25 январи соли 2013 бо маблағи 1.000.000 (як миллион) ЕВРО ва таҳти рақами 5 аз 28 январи соли 2013 ба маблағи  боз 1.000.000 (як миллион ЕВРО) тавасути бонки муросилоти РУССЛАВБАНК- и Федератсияи Русия басуроғаи молтаъминкунанда ба суратҳисоби ширкати SOLUTION EXPRESS GMBH гузаронидааст.

Омӯзиши парвандаи қарзӣ нишон додааст, ки ширкати ҳавопаймоии олмонӣ XL HAMBURG AIRWAYS EUROPEAN, ки ба сифати кафил баромад кардааст, дар мактуби кафолати худ аз 23 январи соли 2013 дарҷ кардааст, ки барои додани қарзи кӯтоҳмуддат ба ҶДММ ҶАҲОН САЙР ба маблағи 2.000.000 ду миллион ЕВРО мувофиқи шартномаи қарзи аз 24 январи соли 2013 таҳти рақами 03-13 кафолат медиҳад.

Бар замми ин баъди он ки қарзи додашуда ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда, мизоҷ аз пардохти он саркашӣ намудааст, бонк ба ширкати олмонии ҳавопаймоии XL HAMBURG AIRWAYS EUROPEAN, ки кафили қарзи гирифтаи ҶДММ ҶАҲОН САЙР буд, санаи 27 марти соли 2013  бо мактуб барои гирифтани қарзи кӯтоҳмуддат ба маблағи 1.500 .000 (якуним миллион) ЕВРО ба таври ғайринақдӣ барои пур кардани воситаҳои гардон ва барои дар фасли тобистон тайёр намудани ҳавопаймоҳои ширкат ба ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК муроҷиат намудааст ва дар асоси шартномаи қарзӣ таҳти рақами 15-13 ВК аз 28 марти соли 2013 ба маблағи 1.500.000 (якуним миллион) ЕВРО қарз додааст.

Дар асоси фармоиши шӯъбаи қарзии Бонк маблағи 1.500.000 якуним миллион ЕВРО аз ҳисоби пасандозони шахсони воқеъии ба бонк гузошташуда ба ҳисоби ҷории дар бонк будаи ширкати XL HAMBURG AIRWAYS EUROPEAN  гузаронида шудааст. Дар натиҷа маблағи умумии ӯҳдадориҳо вобаста ба ин қарзҳо бо дарназардошти фоизҳои ҳисобшуда зиёда 6.000.000 (шаш миллион) ЕВРОро ташкил медиҳад.

Маблағи қарз, яъне 1.500.00 якуним миллион ЕВРО дар асоси супоришномаи пулгузаронӣ аз 2 апрели соли 2013 аз суратҳисоби дар ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК будаи ширкати XL HAMBURG AIRWAYS EUROPEAN тавассути бонки муросилоти КОМЕРСБОНКИ Ҷумҳурии Федералии Олмон ба фоидаи худи ширкати номбурда тариқи ғайринақдӣ барои пурра намудани суратҳисоби худ интиқол дода шудааст.

Вобаста ба ҳарду ин қарзҳо, дар асоси мактуби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия ҷумҳурӣ Тоҷикистон санҷиш гузаронида шудааст, ки дар ҳолати дар боло зикршуда дар санад аз 23 майи соли 2017 дарҷ гардидаанд. Қобили зикр аст, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби шахсони мутасаддӣ ҳатто баёноти қарзгир, яъне роҳбари ҶДММ ҶАҲОН САЙР Беҳрӯз Ҳасан гирифта нашудааст.

Таҳлили гуфтаҳои боло ба он водор менамояд, ки ин ду қарз аз ҷониби шахсони мутасаддии Бонк ва тарафҳои дигар бо мақсади ба ҳар роҳу восита аз Ҷумҳурӣ берун бурдани маблағҳои пулӣ ба расмият дароварда шудаанд. Барои гирифтани маблағи қарзи ҶДММ ҶАҲОН САЙР кафил шудани ширкати олмонии XL HAMBURG AIRWAYS EUROPEAN дар шахсияти директори он Сергей Феггер ва ба сифати молтаъминкунанда баромад намудани ширкати дигари олмонии SOLUTION EXPRESS GMBH дар шахси директори он Юлия Фиггер, ки ҳамсари Сергей Феггер мебошад, тақвиятбахши мулоҳизаҳои боло мебошад.

Дар ии хусус ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия ҷумҳурӣ Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш карда будем, ки холати дар боло зикргардидаро баҳои хуқуқӣ дода, амалҳои роҳбарияти ширкати ҶАҲОН САЙР барои ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва шахсони мутасаддии Бонк барои ғайриқонунӣ додани қарз баҳогузорӣ карда шаванд. Аммо мутаассифона муроҷиатҳои пай дар пай мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Прокуратура натиҷа намедиҳанд.

Тафтиши ин парванда ба далелҳои номаълум боздошт шудааст.

ПАНҶ ЛАҲЗАИ ТАХАЛЛУФОТИ СОБИҚ ДИРЕКТОРИ ШИРКАТИ ЛИЗИНГИИ КОМЕРСЛИЗИНГИ ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК СОТИВОЛДИЕВ РАВШАН ШАРАФОВИЧ

ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК 10 октябри соли 2007 дар асоси протоколи маҷлиси умумии Саҳмдорони ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК ширкати мазкур шаҳрванд Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ таъин карда шуд.

Сармояи Оинномавии Ҷамъият 1.000.000. як миллион сомонӣ муаяйн карда шудааст, ки пурра аз ҷониби муассиси ҷамъият ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК санаи 14.11.2007. сол ба маблағи 500.000 панҷсад ҳазор сомони пардохт шудааст.

Ҳангоми омӯзиши амалиётҳои КОМЕРСЛИЗИНГ маълум шуд, ки 5 ноябри соли 2007, саҳмгузори ҶММ КОНКОРД  Додохонов О.Н. бо доллари ИМА хариди осиёби хурди ордистеҳсолкунӣ муроҷиат кардааст.

Директори генералии ҶДММ ширкати лизингӣ Комерслизинг Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ мувофиқи шартномаи иҷораи молиявӣ лизингӣ рақами 1 аз 24 декабри соли 2017 иҷорадиҳанда ширкати Комерслизинг ва иҷорагир ҶММ КОНКОРД Директораш Шоҳинов А.М. , ки ташкилкунанда ва саҳмдораш Додохонов О.Н мебошад осиёби хурди ордистеҳсолкунӣ тамағаи Р-6-АВМ-15 ро, ки ба худи Додохонов О.Н таълуқ дошт ва соли бароришаш 1998 мебошад, меъёри хурдашавияш дар як сол 20% ва дар мавриди 10 сол 200% хӯрда шуда ва бояд 5 сол пеш аз истифодабарӣ хориҷ карда бо нуқтаи қабули оҳанпора супорида мешуд, аммо Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ бо маслиҳати пешакӣ бо Додохонов О.Н дидаю дониста бар ҳилофи вазифаҳои хизматияш бо маблағи 150.000 $ доллари ИМА баробар ба 519.000 сомони харидорӣ намуда, минбаъд ба ҳамин ҷамъият бо шарти иҷорапулӣ 26% солона ба мӯҳлати 2 сол иҷора додааст.

Мувофиқи шартномаи хариду фуруши таҳти рақами 1 аз 24.12.2007. сол ҶДММ ШИРКАТИ ЛИЗИНГӢ КОМЕРСЛИЗИНГ ба ҶДММ КОНКОРД бо баҳисобгирии ҳама ҳараҷотҳо, ки маблағи 150.000 доллари ИМА ташкил медод, осиёби хурди ордистеҳсолкуниро пешниҳод ва харидорӣ намуданд. Дар асоси ҷадвали пардохти фоизи истифодабарии қарз дар муддати ду сол 149.614.52. яксаду чилу нӯҳ ҳазору шашсаду чордаҳ сомонию панҷоҳу ду дирам асъори миллӣ, ки мутаносибан 43,241,19 чилу се ҳазору дусадучилу як доллару нуздаҳ сент асъори ИМА ҳисоб карда шудааст. Мувофиқи ӯҳдадориҳои тарафайн дар шартномаи ба имзо расонидашуда ҶДММ КОНКОРД дар санаи 25 ҳар моҳ бояд фоизҳои истифодабари иҷораи лизингиро ба иҷорадиҳанда Ширкати лизингӣ Комерслизинг пардохт мекард ва ба санаи 24 декабри соли 2009 ба маблағи умумӣ 193,241,19 доллари ИМА аз ҷумла фоизи истифодабарӣ 43,241,19 доллари ИМА ва қарзи асосӣ 150,000 доллари ИМА ба пуррагӣ бояд пардохт мешуд ё ин ки ба ширкати лизингӣ Комерслизинг баргардонида мешуд.

Умуман ин осиёб қаблан хамчун амволи ба гарав гузошта шуда барои таъмини пардохти қарзи бонкии ҶДММ ШОҲИН LTD соли 2004 дар назди Тоҷпромбонк гузошта шуда буд, сардори ин ширкат Додохонов Нозимҳон бародари Додохонов Осимҳон мебошад, ки вай ба ҶДММ КОНКОРД алоқаманди дошт.

Ба ғайр аз ин Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ дар вазифаҳои Директори Генералии ширкати лизингӣ Комерслизинг кор карда истода аз вазифаҳои хизматии худ сӯистифода намуда такроран бо маслиҳати пешакӣ бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боз конунвайронкунии роҳ додааст.

Чунончи ҶДММ ЗИРОАТ, ки Роҳбараш Тешаев Шоҳин Холмирзоевич, соли таваллудаш 1976 сокини шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Фирдавсӣ хонаи 70 ҳуҷраи 38, ки бо мактуби худ аз 08.11.2007. сол ба ҶДММ Ширкати лизингӣ Комерслизинг барои гирифтани қарзи лизингӣ бо маблағи 125.000 $ доллари ИМА барои харидорӣ намудани шаш адад нақлиёти мусофиркаш автобус аз Ҷумҳурии халқии Чин муроҷиат намудааст.

Тибқи шартномаи иҷораи лизингӣ таҳти рақами 2 аз 25.01.2008. сол иҷорадиҳанда ҶДММ Ширкати лизингӣ Комерслизинг ва иҷорагир ҶДММ ЗИРОАТ бо розигии тарафайн бо истифодабарии иҷорапулӣ 26% фоизи солона бо мӯҳлати ду сол бо маблағи умумии 124,934,59 сомони асъори миллӣ 36,034,32 $ доллари ИМА имзо расонида шудааст. Мувофиқи мӯҳлати муайяншудаи шартнома то 25.01.2010.сол маблағи қарзи гирифташуда 125.000 $ доллари ИМА ва фоизҳои истифодабарии қарз 36,034,32 $ аъсори доллари ИМА ба маблағи умумӣ 161,034,32,$ пардохт карда мешуд.

ҶДММ ЗИРОАТ бар ҳилофи шартномаи лизинги бе пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои пардоҳтнашудаи мӯҳлати пардохташон гузашта аз беаҳамияти ва бе назорати роҳбарият ҶДММ Ширкати лизингӣ Комерслизинг Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ истифода намуда, дар нимаи дуввуми соли 2008 автобусҳои номбаршударо ба шахси сеюм фурӯҳтааст.

ҶДММ Ширкати лизингӣ Комерслизинг бояд шаҳодатномаҳои техникӣ нақлиёти мусофиркашро дар ширкати худ ба қайд мегирифт ва боваринома барои истифодабарӣ бе ҳуқуқи хариду фурӯш ва ба каси дигар додан ба қайди идораи нотариалӣ ба иҷорагиранда медод. Дар натиҷа ба таври бояду шояд иҷро накардани вазифаҳои хизматии худ Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ ба бонк зарари моддии маҳсусан калон расонид.

Баъдан Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ хамчун намояндаи Ширкати лизингӣ Комерслизинг-и ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК аввалҳои соли 2011 ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба ҷавобгарӣ ҶДММ ЗИРОАТ дар бораи рӯёнидани маблағи иҷораи молиявӣ ба маблағи 400.000 сомони аризаи даъвогии пешниҳод кардааст.

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои Ширкати лизингӣ Комерслизинг- ро 24.01.2011. сол дида баромада, аз ҳисоби Ширкати истеҳсоли аграрӣ дорои маъсулияташ маҳдуд ЗИРОАТ ба фойдаи Ширкати лизингӣ Комерслизинг 400.000 сомони маблаги қарзи асосӣ ва 800 сомони маблаги хароҷоти судӣ ҷаъм ба маблағи 408.000 сомонӣ мерӯёнад. Амволи ба гарав мондаи ҶДММ ЗИРОАТ хонаи истиқоматии панҷ ҳуҷрагӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Фирдавсӣ хонаи 70 ҳуҷраи 38-ро ба ивази маблағи 408.000 сомони ба манфиати Ширкати лизингӣ Комерслизинг-и ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК ҳал кард. Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ дар асоси шартномаи хариду фуруши квартира аз 30.03.2013. сол, ки дар идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти феҳристи 716 ба қайд гирифта шудааст, хонаи истиқоматии номбурдаро ба шаҳрванд Назаров Насимҷон Гадомадович соли таваллудаш 15.03.1979 сол истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сино хонаи 135/5 ҳуҷраи 31 бо маблағи 64.000 $ доллари ИМА фурӯҳта ин маблағро бо тариқи нақдӣ қабул намуда ба харидор  Назаров Н.Г ягон ҳуҷати даромади ҳазинавӣ то ин ҷониб надодааст. Ин маблағро Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ на ба Ширкати лизингӣ Комерслизинг ва на ба ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК даромад накарда, азони худ намуда ба манфиати шахсиаш истифода намудааст ( маводҳои тасдиқ кунанда мебошанд).

Тибқи тавозунм ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК то ба ин рӯз дар ҳисоби тавозуни 15137 Саҳмияҳои корхонаҳои Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дарозмуҳлат дар замимаи ҶДММ Ширкати лизингӣ Комерслизинг, ки аз аввали фаъолияти роҳбараш Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ маблағи 859,566 сомони бақия мондааст.

Боз Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ ҳангоми дар вазифаи Директори Генералии Ширкати лизингӣ Комерслизинг фаъолият кардаанаш, ки муассисаи он ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК мебошад ба чунин камбудиҳо роҳ дода аст . Чунончи қарзҳо аз рӯи воситаҳои асосӣ компютери тамағаи Ноутбук рақами инвентарии 4/439, ба маблағи 6,485,18, сомонӣ принтери тамғаи XP-1018 бо маблағи 696,54 сомони, ҷамъ бо маблағи 7,181,72 сомони ташкил медиҳад.

Мутасифона ҶДММ Ширкати лизингӣ Комерслизинг то ин ҷониб ҳисобот дар бораи вазъи молиявӣ, ба мудири маҳсуси ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК пешниҳод накардааст.

Мутобиқи талаботи банди 2-и модаи 50-и конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти махдуд аъзои шӯрои Директорон, мақомоти якка сардори иҷроияи ҷамъият ва ҳамчунин роҳбари ширкат дар назди ҷамъият барои зараре ки бо амали (бе амали) гунаҳкоронаи худ ба ҷамъият расонидаанд ҷавобгар мебошанд.

Мо дар ин муддат оиди баъзе харакатҳои ғайриқонунӣ собиқ Директори Генералии ширкати лизингӣ Комерслизинг-и ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ ба Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудем. Аммо муроҷиати аз Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Прокуратураи шаҳри Душанбе равона карда шудааст. Баъди гузашти муддате муроҷиати мазкур бо маводҳои дахлдор аз Прокуратураи шаҳри Душанбе ба Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе ирсол гардид.

Мутасифона оиди ин ҳолат ҳам аз тарафи прокуратураи нохияи Фирдавсии шахри Душанбе ягон Қарори конуни қабул нагардида маводҳо боз ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуда, аз он ҷо гуё аз рӯйи тобеият ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст дар он ҷо танҳо оиди як лаҳзаи ҷинояти содиркардаи Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ яъне оиди ҳолати азони худкунии маблағи 64.000 $ доллари ИМА аз тарафи шахси фавтида, ки гуё ин маблағро Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ ҳуҷати тасдиқкунандаи муҳосибӣ ба шахси дигар дода аст, парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 245 к 4 банди б, КҶ ҶТ санаи 05.05.2023 сол оғоз гардида такроран ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд аз рӯйи тобеият аз он ҷо боз ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргардонида шуда баъди гузаштани мӯҳлат тафтишоти пешаки бе гузоринидани ҳаракатҳои тафтишотӣ парвандаи ҷиноятии мазкурро ба ШВКД-1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фиристода шуд.

Хулоса чуноне ки маълум гардид ин маводҳо ва баъдан парвандаи ҷиноятӣ хамчун тупи футбол аз ин майдон ба он майдон ҳавола гардидааст.

Аз рӯйи баъзе маълумотҳо Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ дар дастгоҳои маркази макомоти прокуратураи генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон одами наздик доштааст ки эҳтимолан доимо аз ӯ пуштибонӣ менамояд.

Дар асл мо муроҷиатҳои худ чандин маротиба ҳамаи ҳуҷатҳои тасдиқкунадаро оиди фаъолияти ғайриқонунӣ Сотиволдиев Равшан Шарафовиҷ ба мақомотҳои номбурда пешниҳод намудем, ки далели раднашавандаи ҳолатҳои ҷой доштани ҷиноят мебошад, аммо мутаассифона санҷиш ба таври дахлдор гузаронида намешавад.

Бо мақсади волояти конун ва баҳри баргардонидани қарзҳо дар назди давлат ва пасандоздорони ҶСП БСТТИСТ ТОҶПРОМБОНК ва ба ин васила паст намудани шиддати иҷтимои аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам,ки расонави барои гузаронидани санҷиш холисона ва баркарор намудани зарарҳои маҳсусан калон моддии ба мо расида кӯмаки амалӣ худро расонед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button