АфғонистонВидеоТаърих

СОЛГАРДИ 30-ЮМИ ҲАМЛАИ ХУНИН БА ДИДБОНГОҲИ 12-УМ. ҲАМЛАЕ, КИ МАВҚЕИ РУСИЯРО НИСБАТ БА ҶАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН ИВАЗ КАРД

Аз ҳамлаи муштараки нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва муҷоҳидони афғон ба марзбонони рус, ки дар застава ё дидбонгоҳи 12-уми отряди сарҳадии Москва дар мавзеи Сариғор марзи Тоҷикистону Афғонистонро ҳимоят мекарданд, 30 сол сипарӣ шуд. Ин яке аз хунинтарин ҳамлаҳо ба нирӯҳои Русия дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  дар солҳои 1992-1997 буд ва мавқеи Русияро нисбат ба ин ҷанги бародаркуш иваз кард.

Шаби 13 июли соли 1993, тақрибан соати 04:00, даҳҳо силоҳбадаст аз тарафи Афғонистон марзро убур карда, ба дидбонгоҳи Сариғор ҳамла оварданд. Дар он шаб дар ин дидбонгоҳ 48 нафар: 2 афсар ва 46 сарбоз қарор доштанд.

Набарди байни силоҳбадастон ва марзбонони рус дар Сариғор 11 соат давом кард. Талафоти ҷониби дигар маълум нест, вале аз тарафи марзбонони рус дар он набард 25 нафар: як афсар, 21 марзбон ва се сарбози ба ин дидбонгоҳ сафарбаршудаи дивизияи 201-уми артиши Русия кушта шуданд.

Алакай рӯзи 19  июли соли 2023, ҳамагӣ чанд рӯз баъди ин ҳамлаи хунин бо фармони президенти Русия Борис Елтсин таҳти № 1050 ба  6 марзбон барои корнамоӣ дар ин набард унвони Қаҳрамони Русия дода шуд. Аз ҷумла: лейтенант Андрей Мерзликин, сарбозони қаторӣ Сергей Борин ва Игор Филкин  (ҳарду пас аз марг), сержантҳо Сергей Евланов, Владимир ва Сергей Сушенко (дуи ахир пас аз марг) сазовори унвони қаҳрамонӣ шуданд. Ҳамчунин ба 29 марзбон ордени “Барои мардонагии шахсӣ” ва”ба 17 нафари дигар медали “Барои шуҷоат” дода шуд.

Ҳамла ба Сариғор яке аз ҳамлаҳои бузургтарин ва пурқурбонитарин алайҳи нирӯҳои Русия дар ҷараёни 5 соли ҷанги шаҳрвандии Русия ба шумор мерафт. Маҳз баъди ҳамин ҳамла дар дидгоҳи Кремл дар мавриди муносибаташ ба ҷанг дар Тоҷикистон ва тарафҳои зидахли он тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад ва Маскав, ки то он дам бидуни чуну чаро аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ мекард ва аз талабҳои ҷониби дигар чашм мепӯшид, бори аввал дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои тамос ва гуфтушунид бо Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик шуд.

Чанде баъди ин ҳодиса Евгений Примаков, раҳбари Хадамоти ҷосусии хориҷии Русия ба Афғонистон рафт ва бори аввал бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик вохӯрд. Моҳи апрели соли 1994 бошад дар Маскав нахустин даври музокироти сулҳи байни ҳукумат ва оппозитсияи тоҷик доир шуд ва моҳи июни соли 1997 боз ҳам дар Маскав ин музокираҳо билохира бо имзои Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ анҷом ёфт, ки ин ба ҷанги хунини бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузошт.

Дар бораи ҷанг дар дидбонгоҳи Сариғор чандин китобу шеъру достону тарона навишта шуда ва чандин филм ба навор гирифта шудааст, ки аз ҳама филми машҳуртаринаш филми соли 2011 рӯи навор овардаи коргарон Сергей Маховиков бо номи “Тихая застава” (“Дидбонгоҳи хомӯш”) аст.

Стояли до последнего: 13 июля исполняется 30 лет подвигу пограничников 12-й заставы

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button