ВидеоМуҳоҷирон

ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН САЙЁРА ДУСАЕВА БАРОИ КУШТОРИ ОШПАЗИ ОШХОНАИ ГУРҶИИ “ТБИЛИСО” БА ШАШУНИМ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия дар куштори ҳамкораш дар ошхонаи “Хинкалная Тбилисо”  гунаҳкор шинохт ва ба 6 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Додситонии вилояти Маскав рӯзи 11 июли соли 2023 хабар дод, ки ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва тарафҳо метавонанд аз он ба додгоҳи болотар шикоят баранд.

Ба гуфтаи додситонӣ, “додгоҳ муайян кард, ки 4 январи соли 2023, Дусаева дар дохили қаҳвахонаи воқеъ дар ҳавзаи шаҳри Митиши бо ҳамкораш муноқиша карда, ба қисмати қафаси синаи ӯ на камтар аз ду зарбаи корд задааст. Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст”.

Хабарнигори НТВ аз толори додгоҳ хабар дод, ки Дусаева дар ҷараёни мурофиа аз коре, ки шуд, изҳори пушаймонӣ кард ва гуфт, дар ҳолати аффект қарор дошт ва ҳоло дуруст дар ёд надорад, ки он рӯз чӣ гузашт?

Сайёра Дусаева, ки дар як ошхонаи таомҳои гурҷӣ дар шаҳри Митиши дар канори Маскав кор мекард, рӯзи 4 январи соли 2023 бо иттиҳоми куштани ҳамкораш, ошпази ошхонаи “Хинкалная Тбилисо” ба ҳабс гирифта шуд. Боздошти ӯ мавҷи вокунишҳоро дар Тоҷикистон ба бор овард. Даҳҳо нафар аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки Сайёра Дусаеваро беҳимоят нагузоранд ва аз ӯ дифоъ кунанд, то ки ба маҳзи бесоҳибӣ дар Русия “говсуд” нашавад.

Ба дунбол, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва додситони кул Юсуф Раҳмон бо ирсоли дархостҳои расмӣ аз мақомоти Русия тафтиши одилонаи қазияи Сайёра Дусаевро талаб карданд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки Сайёра Дусаева дар посух ба таҳқиру латтукӯб ва паст задани шаъну эътибораш аз тарафи ошпази гурҷӣ ба даст корд гирифта, аз номуси худ ҳимоят кардааст.

Бино ба иттилои нашрияи “МК”, чопи Маскав,  куштор  дар қаҳвахонаи таомҳои гурҷӣ бо номи “Хинкальная Тбилисо” дар шаҳри Митишии вилояти Маскаврӯзи 4 январ, соати 16, вақте рух дод, ки ошпази 50-солаи гурҷӣ Нугзар (номаш иваз карда шудааст) дар ошпазхона қарор дошт.  Ӯ аз замони оғози кори “Тбилисо” дар тирамоҳи соли 2022 дар инҷо кор мекард. Ҷавонзани тоҷик, ки 3 ило 4 ҳафта боз дар инҷо барои шустани зарфҳо ба кор гирифта шуда буд, низ он лаҳза дар ошпазхона буд.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Сайёра модари танҳо буда, баъди фавти шавҳари аввалаш худаш ба танҳоӣ фарзанди ягонаашро тарбия мекард. Писари ӯ имсол ба синфи як рафта буд. Ба гуфтаи ҳамкорон, Сайёра зани хуб буд ва қаблан ягон бор бо касе ҷанҷол накарда буд. Дар рӯзҳои Соли нав Сайёра бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда буд ва ҳамон рӯзи куштор ҳамкорон ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.

Муноқишаи байни Сайёра ва ошпаз, ба гуфтаи шоҳидон, аз як шӯхии ноҷои ошпаз нисбат ба зани тоҷик сар шуд. Ба болои ин, Нугзар бо дастонаш Сайёраро аз як ҷои нармаш доштааст, ки ин дар фарҳанги мардуми мусалмон, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳамчун таҳқир қабул мешавад.

Сайёра дар пайи ин ошпазро дашномборон кардааст, ӯ ҳам бо лаҳни бад ҷавоб додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Нугзар сари қаҳр берун рафт, ки сигор бикашад, вале дар роҳ ба ёдаш расид, ки сигорашро бо худ нагирифтааст. Ӯ боз ба ошпазхона баргашт ва ҳарчанд ҳамкорон аз вай хостанд, ки то ором шудани Сайёра ба онҷо надарояд, вай даромад ва ҷанҷоли онҳо аз нав аланга гирифт ва ин дафъа ба мӯкашию латтукӯб печид.

Дар сабти видеокамераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” насбшуда, ки порае аз ин сабтро канали “112” дарёфт ва нашр кардааст, дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.

Баъди ин аз ошпазхона фарёд мекашанд, ки “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кунед. Сайёра бошад зуд либосашро пӯшида, қаҳвахонаро тарк кардааст.

Вақте “Ёрии таъҷилӣ” ба ҷои ҳодиса расид, Нугзар беҳуш дар рӯи фарш хобида буд. Вале талоши наҷоти ӯ натиҷа надод: у ба ҳуш наомада, ҷон бохт. Табибон дар бадани ӯ чанд захми кордро пайдо кардаанд. Азбаски шоҳидон зиёд буданд ва сабти видеокамераи назоратӣ низ ҷараёни ҳодисаро сабт карда буд, кормандони пулис  шахсияти қотилро зуд муайян карданд ва алакай баъди ягон соат Сайёра Дӯсаеваро дар ҳамон Митиши, дар назди даромадгоҳи хонае, ки иҷора менишаст, дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button