ВидеоҲуқуқи инсон

БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ БОЗ БА 10 СОЛИ ДИГАРИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат рӯзи 10 июли соли 2023 дар анҷоми мурофиаи навбатии адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, ки дар толори боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе гузашт, ӯро дар як мавриди нави “қаллобӣ” гунаҳкор шинохта, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.

Мақомот то кунун дар бораи анҷоми мурофиаи навбатии Бузургмеҳр Ёров хабаре нашр накардаанд. Вале Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ки дар Лаҳистон (Полша) ба сар мебарад ва дар инҷо созмони ҳомии ҳуқуқи инсонро бо номи “Бунёди Бузургмеҳр” таъсис додааст, ҳукми бародарашро “бераҳмона” номида, ба радиои “Озодӣ” гуфтааст: “Махфӣ баргузор кардани мурофиа як туҳмат ва бо зӯр таҳмил кардани ҷурме аст, ки Бузургмеҳр накардааст. Бузурмеҳр адвокат надошт ва азбаски мурофиа пӯшида гузашт, аз ҷузъиёти мурофиа хабар надорем. Хабаре, ки дастрас кардем ин аст, ки аз ин 10 соли зиндон 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 8 соли боқимондаро дар маҳбаси Ёвон адо хоҳад кард”.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, дар рӯзи эълони ҳукм наздикони онҳоро даъват накардаанд.

То имрӯз аз 28 сол ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров  бо ҳисоби 8 соли дар зиндон сипарикардааш ва чанд қонуни афв дар умум тақрибан 18 солаш кам шуда буд ва 10 солу 2 моҳ боқӣ монда буд. Бо иловаи ҳукми нав муҳлати ҷазои ин адвокати шинохта дигарбора аз 20 сол гузашт.

Ба зидди Бузургмеҳр Ёров бар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” парвандаи нав бо иттиҳоми қаллобӣ кушода буданд.  Ҳасан Ҳасанов, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 17 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар ҷараёни тафтишот ва дар мурофиаи додгоҳӣ пойфишорӣ кардааст, ки гӯё Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи мусоидат ба озодии пеш аз муҳлатаз маҳбас аз хешовандони ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда,  “тӯҳмат” номидааст.

Бузургмеҳр Ёров 9 июли соли 1971 дар оилаи адиби шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Бузургмеҳр Ёров дар гузашта дар чандин парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла ҳамчун вакили дифои саҳомдорони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар пайи маҳкум ба зиндон шудани раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов, ва ҳамчун намояндаи хонаводаи Бурҳон Абдуллоев дар баҳсаш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев бар асари бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ширкат кардааст.

Абрҳои сиёҳ болои сари Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 замоне ҷамъ шуд, ки ӯ ҳимояти роҳбарони боздоштшудаи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба ӯҳда гирифт ва бо ин мақсад Кумитаи ҳимоят аз наҳзатиҳои зиндониро таъсис дод. Дар поёни моҳи сентябри соли 2015 Бузургмеҳр Ёров боздошт ва тавассути чанд мурофиа дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Бузургмеҳр Ёров парвандаҳояшро сирф сиёсӣ ва таъқиб барои иҷрои вазифаи касбиаш мешуморад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Ҳуман Райтс Вотч, Афви байналмилалӣ, Фридом Нав ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ Бузургмеҳр Ёровро маҳбуси сиёсӣ унвон  карда, чандин бор аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бе қайду шарти ӯ ва дигар вакилони мудофеи зиндониро талаб кардаанд.

Созмони Милал низ соли 2018 ҳукми Ёровро беасос шуморида, аз ҳукумати Тоҷикистон озод кардани ӯро талаб карда буд. Аммо Душанбе ин талаби Созмони Милалро напазируфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Абдуғаффор Ҳасан Холмуҳаммадзода, Раиси ноҳияи Саъдӣ Шерозӣ гуяд:

    Говсуд ё самосуд? Добавка ё прибавка?
    Агар фардо адвокати Бузургмеҳр Ёровро ба хотири дифоъ аз зерҳимояаш ба 19-соли зиндон маҳкум кунанд, ҷойи тааҷҷуб нест ё баръакс адвокати Бузургмеҳр Ёров ба ҷойи талаби тахфифи ҳукм, 10-соли дигар изофа талаб кунад, боз ҳам мумкин аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button