ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ДАР БАДАХШОН. ИН ДАФЪА ДАР ПОИ ҚУЛЛАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

Шаби 13 июли соли 2023 дар шарқи Тоҷикистон, дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар наздикии марзи ин вилоят бо Қирғизистон заминларза рух додааст.

Бино ба иттилои Маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, заминларза дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дар наздикии қуллаи ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (собиқ қуллаи Ленин) дар умқи 176 километр рух дода, иқтидори ин офати табиӣ дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 4 баллро ташкил додааст.

Дар бораи кадом хисорот ё осеб дидани одамон аз ин офат то ин соат хабаре ба даст нарасидааст.

Қуллаи ба номи Абӯалӣ Ибни Сино то соли 1928 номи Кауфманро дошт ва баъдан ба номи асосгузори СССР Ленин гузошта шуд. Соли 2006 мақомоти Тоҷикистон ин қулларо ба номи Абӯалӣ Ибни Сино гардонданд. Ин табиб,  донишманд, мутафаккир ва шоири шуҳратёри тоҷик, ки дар охири асри 10 ва аввали асри 11 ба сар бурдааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза,  дар як моҳи охир 20 заминларза ва дар як соли охир 229 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар вилояти Бадахшон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button