ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУХТАРЧАИ ПАНҶСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “БМВ” ВА ДУЗДИИ ТӮРҲОИ ИНКУБАТОР АЗ ЯК ФЕРМАИ МУРҒ ДАР КӮШОНИЁН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 13.07.2023

Ба ҳалокат расидани духтарчаи хурдсол дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

80

12-уми июли соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «BMW-520/D», Насиров Худоёр Бобоҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Истаравшан-Хуҷанд», дар ҳудуди деҳаи Навкати шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хурдсол Аҳмадҷонзода Сабрина Аҳмадҷон, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Аҳмадҷонзода С.А ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Боздошти якчанд нафар ашхос бо ҷурми дуздӣ

134

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми июли соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба фермаи мурғпарвариаш даромада, аз он ҷо 36-адад тӯрҳои инкубаториро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 104 ва 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми июни соли 2023, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум ғайриқонунӣ аз бозори марказии ҷамоати шаҳраки ноҳияи Мастчоҳ 1-адад скутери тамғаи «Даймлер», ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст.
Номбурда, 25-уми июни соли 2023, аз қароргоҳи қатораҳо аз дохили контейнер, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, ки ба марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд тааллуқ дорад, автомашинаи тамғаи “БМВ Ф10”-ро дуздида, онро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст, ки дар натиҷа ба ҷабрдида 230 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

vzyatka

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 58-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 дар кӯчаи А.Синоии шаҳри Душанбе мардони 69 ва 43-солаи сокинони ноҳияи Рудакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи А.Синои шаҳри Душанберо гирифта, ба дигар шахс ба маблағи 33 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи Рашт ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2023, дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе, марди 34-солаи сокини шаҳри Бохтар бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар 2 марҳила аз ӯ 48 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ 1-адад автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман» гирифта медиҳад, аммо номбурда то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 57-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2022 «Тоҳиршо» ном шахс ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Балашихаи Федератсияи Россия қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар умум 4 миллион рубли русӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳангоми ҷабрдида маблағҳояшро талаб намудан «Тоҳиршо» ном шахс нисбаташ дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба рони пойи чапаш зада, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, содир намудааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 25-уми апрели соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 13 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 72 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button